https://sputnik.tj/20220425/jang-naqb-azovstal-tuloni-nakhohad-bud-1047927266.html
Ҷанг дар дохили нақби "Азовстал" тӯлонӣ нахоҳад буд
Ҷанг дар дохили нақби "Азовстал" тӯлонӣ нахоҳад буд
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои Русия амалиёти ҳамларо дар Донбасс идома медиҳанд. Мариупол аз қисмҳои ҚМУ, ГМУ ва ХАУ озод карда шуд
2022-04-25T13:26+0500
2022-04-25T13:26+0500
2022-04-25T16:39+0500
дар русия
украина
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047876100_0:0:3104:1747_1920x0_80_0_0_68d2820436da9fff64c63b2688c35fa1.jpg
Сарбозони зиндамондаи украинӣ дар таҳхонаҳои заводи “Азовстал” пинҳон шудаанд ва наметавонанд ба ҳамлаи ҷавобӣ гузаранд. Даромадгоҳҳо аз "катакомба"-ҳо баста шудаанд, умедҳо барои марги "қаҳрамонона" ҳангоми ҳамла номувофиқанд, аз ин рӯ бояд таслим шаванд.Рӯзи 21 апрел вазири дифоъ Сергей Шойгу ба сарфармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳи Русия Владимир Путин дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ ва озод кардани Мариупол аз фашистон гузориш дод. Шаҳр ба ҳаёти осоишта бармегардад.Дар мавриди ҷангҷӯёни дастаҳои мусаллаҳи фашистӣ ва зархаридони хориҷӣ, ки дар корхонаи “Азовстал” муҳосира шудаанд, Владимир Путин амр дод, ки ба лабиринтҳои зеризаминӣ ҳамла накунанд (тоза кардани он 3-4 рӯз лозим аст), ҷони низомиёни русро наҷот бояд дод ва ба душман пешниҳоди таслимшавӣ намоянд.Ба иттилои Вазорати дифои Русия, шумори умумии нерӯҳои украинӣ дар Мариупол рӯзи 11 март аз 8100 нафар гузашт. Дар вақти озод кардани шаҳр чор ҳазор нафари онҳо несту нобуд шуда, яку ним ҳазор нафарашон таслим шуданд. Дар ҳудуди комбинати металлургӣ зиёда аз 2000 нафар ҷанговарон пинҳон шудаанд. Барои пурра тоза кардани таҳхонаҳои "Азовстал" 3—4 рӯз лозим аст, вале ҳамаи баромадҳо, шахтаҳои вентилятсионӣ бастааст.Қаблан тӯли чанд рӯз Русия барои хуруҷи мардуми осоишта, ки метавонистанд дар ин нерӯгоҳ бошанд, долонҳои башардӯстона боз кард. Аз таҳхонаҳои "Азовстал" касе набаромад. Эҳтимол дар аввал дар он ҷо ғайринизомиён набуданд. Зархаридони хориҷӣ низ бояд таслим шаванд. Дар "Азовстал" ҷанговарони полки "Азов"*, ГМУ, намояндагони Бригадаи 36-уми пиёдагарди баҳрии ҚМУ, сарҳадчиён ва милиса ҳастанд, ки онҳоро шиори фашистии "Украина аз ҳама болотар аст" муттаҳид мекунад.Таҳхонаҳои коргоҳро барои ҳамла пешакӣ омода ва минакорӣ карда буданд. Захираи аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, об ва ғизо имкон медиҳад, ки дар зери замин то як муддат қарор гиранд, вале 40 дарсади сарбозони наҷотёфта захмӣ мебошанд.Нерӯҳои иттифоқчии Федератсияи Русия ва ҶМД оксигени таҳхонаро маҳкам мекунанд ва ба таслимшудагон ҳаёту ба захмиён ёрии тиббӣ кафолат дода мешавад.Пашша пар намезанадКомилан нест кардани душман дар заводи "Азовстал" -и Мариупол кори душвор нест. Ва аммо барои муваффақияти амалиёти ҳамла ба як ҳимоятгар аз се то чор ҳамлагар лозим аст.Яъне ду бригадаи пурҳунари нерӯҳои мусаллаҳи Русия бояд ба ду ҳазор ҷангҷӯи украинӣ дар рӯёрӯӣ гузошта шаванд. Лабиринтҳои зеризаминии "Азовстал" объекти мураккаби ҳамла мебошанд, талафот ногузира аст. Аз тарафи дигар душман дар вазъияти ноумедкунанда қарор дорад, ки пас аз чанд вақт воҳидҳои фашистӣ маҷбур мешаванд, ки таслим шаванд ё дар "коридорҳои ғайриинсонӣ" ҳадаф қарор гиранд, зеро аксари баромадгоҳҳо тарконда мешаванд.Барои муҳофизат кардани "периметр" ва ҷудо кардани асирон як гурӯҳи тактикии баталон кифоя аст. Нерӯҳои Русия, ки Мариуполро озод кардаанд, алакай ба дигар манотиқи муҳимтар дар Донбасс интиқол дода шудаанд ва омодаанд, ки ба самти ғарбӣ бештар ҳаракат кунанд.Заминро посбонҳо дар мошинҳои зиреҳпӯш ва блокҳои статсионарӣ назорат мекунанд. Масалан, истгоҳи радарии "Фара-ВР" аскарони пиёдагардро дар масофаи то 4 километр муайян карда, барои пулемётҳои вазнин ё гранатомётҳо маълумот медиҳад.Радари ягонаи "Кредо-1E" қодир аст, ки як ҷангандаро дар масофаи 15 километр муайян ва ҳамзамон 20 ҳадафро пайгирӣ кунад.Системаҳои разведкаи роботӣ имкон медиҳанд, ки гӯшаҳои ниҳонтарини иншооти зеризаминиро назорат намоянд. Имрӯз тахриби анбори зеризаминии таъминоти моддӣ ва ғизои ҷангҷӯёни "Азов" дар корхонаи металлургӣ маълум шуд. Гуруснагӣ, ташнагӣ ва шароити антисанитарӣ дар таҳхонаҳо фашистонро маҷбур мекунад, ки зуд байни марги нангин ва асорати хоркунанда интихоб кунанд. Ҷанг дар дохили нақб тӯлонӣ нахоҳад шуд.Ҷангҷӯёни украинӣ, ки банд монданд, оянда надоранд. Садҳо зархаридони хориҷӣ (мушовири ҳарбӣ)-и асиршуда дар Мариупол барои Ғарб як мушкили ҷудогона хоҳанд шуд, ки онро пинҳон кардан мумкин нест.*-созмони террористии мамнуъ дар РусияБа канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар Telegram обуна шавед.
https://sputnik.tj/20220405/hamla-rusiya-azov-mariupol-video-1047383376.html
https://sputnik.tj/20220421/putin-azovstal-hamla-1047828608.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047876100_375:0:3104:2047_1920x0_80_0_0_38d22acc5c4477abad831a718f07abb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
азовстал украина ҷанг русия
азовстал украина ҷанг русия
Ҷанг дар дохили нақби "Азовстал" тӯлонӣ нахоҳад буд
13:26 25.04.2022 (Навсозишуда: 16:39 25.04.2022) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Нерӯҳои Русия амалиёти ҳамларо дар Донбасс идома медиҳанд. Мариупол аз қисмҳои ҚМУ, ГМУ ва ХАУ озод карда шуд
Сарбозони зиндамондаи украинӣ дар таҳхонаҳои заводи “Азовстал” пинҳон шудаанд ва наметавонанд ба ҳамлаи ҷавобӣ гузаранд. Даромадгоҳҳо аз "катакомба"-ҳо баста шудаанд, умедҳо барои марги "қаҳрамонона" ҳангоми ҳамла номувофиқанд, аз ин рӯ бояд таслим шаванд.
Рӯзи 21 апрел вазири дифоъ Сергей Шойгу ба сарфармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳи Русия Владимир Путин дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ ва озод кардани Мариупол аз фашистон гузориш дод. Шаҳр ба ҳаёти осоишта бармегардад.
Дар мавриди ҷангҷӯёни дастаҳои мусаллаҳи фашистӣ ва зархаридони хориҷӣ, ки дар корхонаи “Азовстал” муҳосира шудаанд, Владимир Путин амр дод, ки ба лабиринтҳои зеризаминӣ ҳамла накунанд (тоза кардани он 3-4 рӯз лозим аст), ҷони низомиёни русро наҷот бояд дод ва ба душман пешниҳоди таслимшавӣ намоянд.
"Ин минтақаи саноатиро маҳкам кунед, то пашша аз он ҷо нагузарад. Бори дигар ба ҳар касе, ки силоҳи худро нагузоштааст, пешниҳоди таслимшавӣ намоед".
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, шумори умумии нерӯҳои украинӣ дар Мариупол рӯзи 11 март аз 8100 нафар гузашт.
Дар вақти озод кардани шаҳр чор ҳазор нафари онҳо несту нобуд шуда, яку ним ҳазор нафарашон таслим шуданд. Дар ҳудуди комбинати металлургӣ зиёда аз 2000 нафар ҷанговарон пинҳон шудаанд.
Барои пурра тоза кардани таҳхонаҳои "Азовстал" 3—4 рӯз лозим аст, вале ҳамаи баромадҳо, шахтаҳои вентилятсионӣ бастааст.
Қаблан тӯли чанд рӯз Русия барои хуруҷи мардуми осоишта, ки метавонистанд дар ин нерӯгоҳ бошанд, долонҳои башардӯстона боз кард. Аз таҳхонаҳои "Азовстал" касе набаромад.
Эҳтимол дар аввал дар он ҷо ғайринизомиён набуданд. Зархаридони хориҷӣ низ бояд таслим шаванд.
Дар "Азовстал" ҷанговарони полки "Азов"*, ГМУ, намояндагони Бригадаи 36-уми пиёдагарди баҳрии ҚМУ, сарҳадчиён ва милиса ҳастанд, ки онҳоро шиори фашистии "Украина аз ҳама болотар аст" муттаҳид мекунад.
Таҳхонаҳои коргоҳро барои ҳамла пешакӣ омода ва минакорӣ карда буданд. Захираи аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, об ва ғизо имкон медиҳад, ки дар зери замин то як муддат қарор гиранд, вале 40 дарсади сарбозони наҷотёфта захмӣ мебошанд.
Нерӯҳои иттифоқчии Федератсияи Русия ва ҶМД оксигени таҳхонаро маҳкам мекунанд ва ба таслимшудагон ҳаёту ба захмиён ёрии тиббӣ кафолат дода мешавад.
Комилан нест кардани душман дар заводи "Азовстал" -и Мариупол кори душвор нест. Ва аммо барои муваффақияти амалиёти ҳамла ба як ҳимоятгар аз се то чор ҳамлагар лозим аст.
Яъне ду бригадаи пурҳунари нерӯҳои мусаллаҳи Русия бояд ба ду ҳазор ҷангҷӯи украинӣ дар рӯёрӯӣ гузошта шаванд. Лабиринтҳои зеризаминии "Азовстал" объекти мураккаби ҳамла мебошанд, талафот ногузира аст.
Аз тарафи дигар душман дар вазъияти ноумедкунанда қарор дорад, ки пас аз чанд вақт воҳидҳои фашистӣ маҷбур мешаванд, ки таслим шаванд ё дар "коридорҳои ғайриинсонӣ" ҳадаф қарор гиранд, зеро аксари баромадгоҳҳо тарконда мешаванд.
Барои муҳофизат кардани "периметр" ва ҷудо кардани асирон як гурӯҳи тактикии баталон кифоя аст. Нерӯҳои Русия, ки Мариуполро озод кардаанд, алакай ба дигар манотиқи муҳимтар дар Донбасс интиқол дода шудаанд ва омодаанд, ки ба самти ғарбӣ бештар ҳаракат кунанд.
Заминро посбонҳо дар мошинҳои зиреҳпӯш ва блокҳои статсионарӣ назорат мекунанд. Масалан, истгоҳи радарии "Фара-ВР" аскарони пиёдагардро дар масофаи то 4 километр муайян карда, барои пулемётҳои вазнин ё гранатомётҳо маълумот медиҳад.
Радари ягонаи "Кредо-1E" қодир аст, ки як ҷангандаро дар масофаи 15 километр муайян ва ҳамзамон 20 ҳадафро пайгирӣ кунад.
Системаҳои разведкаи роботӣ имкон медиҳанд, ки гӯшаҳои ниҳонтарини иншооти зеризаминиро назорат намоянд.
Имрӯз тахриби анбори зеризаминии таъминоти моддӣ ва ғизои ҷангҷӯёни "Азов" дар корхонаи металлургӣ маълум шуд.
Гуруснагӣ, ташнагӣ ва шароити антисанитарӣ дар таҳхонаҳо фашистонро маҷбур мекунад, ки зуд байни марги нангин ва асорати хоркунанда интихоб кунанд. Ҷанг дар дохили нақб тӯлонӣ нахоҳад шуд.
Ҷангҷӯёни украинӣ, ки банд монданд, оянда надоранд. Садҳо зархаридони хориҷӣ (мушовири ҳарбӣ)-и асиршуда дар Мариупол барои Ғарб як мушкили ҷудогона хоҳанд шуд, ки онро пинҳон кардан мумкин нест.
*-созмони террористии мамнуъ дар Русия
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар
Telegram обуна шавед.