Лепехин: Амрико метавонад муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистонро шадидтар кунад

© Sputnik / Asatur YesayantsВладимир Лепехин, архивное фото
Владимир Лепехин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Директори генералии Пажуҳишгоҳи ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё сафари муовини котиби давлатии Амрико ба Қирғизистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Владимир Лепехин, мудири Пажуҳишгоҳи ҳамкориҳои Авруосиё бар ин назар аст, ки Амрико метавонад муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро шиддат бахшад. Ӯ ин нуктаро дар мусоҳиба бо радиои Sputnik Қирғизистон баён доштааст.
Ба гуфтаи Лепехин, Ғарб ин корро ба хотири ҷилавгирӣ аз муваффақияти амалиёти вижаи низомӣ дар Украина анҷом медиҳад.
"Маълум аст, ки ҳадафи аслии сафари ин мақоми амрикоӣ ба Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ноором кардани субот аст", - мегӯяд дипломати рус.
Лепехин аз чанд сенарияи амрикоӣ зикр кард. Якум тезутунд шудани низоъ миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва дувумӣ пиёда кардани табаддулот дар Тоҷикистон зери парчами исломӣ.
"Ҳар ду сенария аз ҳар роҳ бо усули мухталифи пинҳонӣ роҳандозӣ мешавад”, - гуфт сиёсатшинос.
Вай ҳамлаи толибон ба Осиёи Марказиро низ рад накард, вале гуфт, ин кор ба эҳтимоли зиёд сурат намегирад.
Встреча глав МИД РФ и Киргизии С. Лаврова и Э. Абдылдаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Қирғизистон вазири собиқи корҳои хориҷияшро дар Тоҷикистон сафир таъйин кард
Вай таъкид кард, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон мавқеи бетарафро ишғол мекунад ва сиёсати босаводонаро пеш гирифтааст.
"Тошканд аллакай таҷрибаи муайяни ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида дорад. Масалан, пас аз ба қудрат расидани толибон Ӯзбекистон дарҳол кӯшиш кард, ки бо раҳбарияти нави Афғонистон тамос бигирад, то як навъ равобит барқарор ва худро ҳифз кунад. Аз сӯйи дигар онҳо ҳам дарҳол мутахассисони низомии Русияро ба худ ҷалб карданд".
Ёдовар мешавем, ки ҳудудҳои тақсимнашудаи байни Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи низоъ табдил меёбанд. Сабаби асосӣ ин қитъаҳои ҷудонашуда мебошад, ки дар он ҷо муайян кардани чигунагии сарҳад ғайриимкон аст.
Чанд километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷудо шудааст: посухи Ҷабборов
Ҳанӯз моҳи моҳи апрели соли 2021 дар мавзеи тақисими оби мавсум ба "Головной" муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад. Муноқиша байни сокинони маҳаллӣ бо задухӯрди низомӣ анҷом ёфт. Дар натиҷа даҳҳо одам ҳалок гардид.
Рӯзи 27 январ дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло як муқовимати дигари мусаллаҳона сурат гирифт. Ин даргирӣ бо ҳалокати ду нафар ва захмӣ шудани 17 тани дигар поён ёфт.
Илова бар ин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаҳои истифодаи силоҳ бештар рух медиҳанд. Охирин ҳодиса 12 апрел рух дода буд.
Лентаи хабарҳо
0