Қирғизистон вазири собиқи корҳои хориҷияшро дар Тоҷикистон сафир таъйин кард

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкВстреча глав МИД РФ и Киргизии С. Лаврова и Э. Абдылдаева
Встреча глав МИД РФ и Киргизии С. Лаврова и Э. Абдылдаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Сафири навтаъйин аз соли 2012 то 2018 вазири умури хориҷии Қирғизистон буд. Ӯ дар ин симмат Ҷаниш Рустамбековро иваз кард
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷии собиқи Қирғизистон Эрлан Абдилдаев сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуд, хабар медиҳад котиботи президенти он кишвар.
Манбаъ меафзояд, фармони мазкурро Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон ба тасвиб расонд.
Абдилдаев дар ин вазифа Ҷаниш Рустамбековро иваз намуд, ки ӯ рӯзи 2 феврали соли ҷорӣ бо фармони Ҷабборов аз вазифаи сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон канор рафт.
Маврид ба зикр аст, ки сафири навтаъйин аз солҳои 2012 то 2018 вазири умури хориҷии ин кишвар буд. Зимнан пас аз барканор шуданаш ба вазифаи сафири Қирғизистон дар Олмон таъйин гардид.
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи вилояти Бодканд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Дидори намояндагони тоҷику қирғиз дар марз: аз ҳамсоядорӣ ва пешгирии муноқишаҳо гуфтанд
Феълан дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабари таъйин шудани сафири нави Қирғизистон нашр нашудааст. Ин ниҳод рӯзи 10 феврали соли равон аз вохӯрии хайрбодии вазири тоҷик Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷаниш Рустенбеков хабар дода буд.
Зикр гардид, ки дар рафти мулоқоти ахир ҷонибҳо зарурати рушди пай дар пайи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро бар асоси рукнҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъкид намуданд.
Лентаи хабарҳо
0