https://sputnik.tj/20220426/lavrov-shart-etirof-tolibon-1047987511.html
"Тоҷикону ӯзбекҳо дар ҳукумат ҳастанд": Лавров шарти дигари эътирофи толибонро гуфт
"Тоҷикону ӯзбекҳо дар ҳукумат ҳастанд": Лавров шарти дигари эътирофи толибонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари вазорати умури хориҷии Русия дар музокирот бо СММ қайд кард, ки Русия омода аст Толибонро дар шароити муайян ҳукумати Афғонистон эътироф кунад
2022-04-26T21:50+0500
2022-04-26T21:50+0500
2022-04-26T21:59+0500
дар русия
сиёсат
афғонистон
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043198533_0:57:3026:1759_1920x0_80_0_0_27bdf671f39d80b8890a11967abae520.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Русия бо як шарт ба эътирофи комили ҳукумати толибон дар Афғонистон саҳм мегузорад. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар нишасти матбуотӣ дар пайи музокирот бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш иттилоъ дод. Дар баробари ин ҳамаи онҳо аз ҷиҳати сиёсӣ толиб ҳастанд, ёдовар шуд Лавров. Вай бар ин назар аст, ки маҳз фарогирии сиёсӣ бояд қадамҳои навбатии Русияро муайян кунад, бахусус бо назардошти он ки худи толибон чунин ҳадафро эълон кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, Русия воқеан, як дипломатеро, ки мақомоти нави Афғонистон барои кор дар сафорати Маскав фиристодаанд, сабти ном кардааст. Аммо ин маънои эътирофи расмии онҳоро надорад, гуфт сиёсатмадор. Қаблан Лавров гуфта буд, ки вазъи мушкил дар Афғонистон ба амнияти тамоми минтақа таъсир мерасонад. Ин масъала дар мулоқоти ҷониби Русия бо Мухтор Тлеубердӣ, вазири умури хориҷии Қазоқистон баррасӣ шуд. Ёдовар мешавем, рӯзи 21 апрел дар вилояти Кундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, як таркиш рух дод. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дастикам 4 нафар кушта ва 18 тани дигар дар пайи ин таркиш маҷруҳ шудаанд. Чанд соат пештар аз ин ҳодиса дар шимоли Афғонистон, дар яке аз масҷидҳо низ таркиши шадид рух дод. Ҳодиса дар Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, шимоли Афғонистон ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи ин ҳодиса 5 нафар ба ҳалокат расида, 65 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.Гуттериш: Толибон мадорисро барои ҳама донишомӯзон боз кунандҚобили зикр аст, ки баъди иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта ҳодисаҳои террористӣ ба қайд гирифта мешаванд. Танҳо тирамоҳи соли гузашта дар ҳамлаҳои террористӣ ба масоҷид беш аз 250 нафар кушта ва садҳо нафари дигар маҷруҳ шуданд.
https://sputnik.tj/20220318/rusiya-etirofi-tolibon-smm-rad-kard-1046907262.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043198533_293:0:3022:2047_1920x0_80_0_0_2766b5c5c5e92424a4d6123b5546d679.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, толибон, эътироф,
маскав, толибон, эътироф,
"Тоҷикону ӯзбекҳо дар ҳукумат ҳастанд": Лавров шарти дигари эътирофи толибонро гуфт
21:50 26.04.2022 (Навсозишуда: 21:59 26.04.2022) Вазири умури хориҷии Русия дар музокирот бо СММ қайд кард, ки Русия омодааст, толибонро бо шарти муайян ҳамчун Ҳукумати Афғонистон эътироф кунад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Русия бо як шарт ба эътирофи комили ҳукумати толибон дар Афғонистон саҳм мегузорад.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар нишасти матбуотӣ дар пайи музокирот бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш иттилоъ дод.
"Мо мехоҳем, дар роҳи эътирофи пурраи дипломатии мақомоти нав дар Афғонистон кор кунем, агар онҳо ба ваъдаи худ вафо кунанд ва ҳукумати фарогир на танҳо аз нуқтаи назари этноконфессионалӣ таъсис диҳанд, зеро ҳоло дар ҳукумат ӯзбекҳо, тоҷикон ва ҳазораҳо ҳам ҳастанд", - гуфт ӯ.
Дар баробари ин ҳамаи онҳо аз ҷиҳати сиёсӣ толиб ҳастанд, ёдовар шуд Лавров.
Вай бар ин назар аст, ки маҳз фарогирии сиёсӣ бояд қадамҳои навбатии Русияро муайян кунад, бахусус бо назардошти он ки худи толибон чунин ҳадафро эълон кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, Русия воқеан, як дипломатеро, ки мақомоти нави Афғонистон барои кор дар сафорати Маскав фиристодаанд, сабти ном кардааст. Аммо ин маънои эътирофи расмии онҳоро надорад, гуфт сиёсатмадор.
Қаблан Лавров гуфта буд, ки вазъи мушкил дар Афғонистон ба амнияти тамоми минтақа таъсир мерасонад. Ин масъала дар мулоқоти ҷониби Русия бо Мухтор Тлеубердӣ, вазири умури хориҷии Қазоқистон баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 21 апрел дар вилояти Кундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, як таркиш рух дод. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дастикам 4 нафар кушта ва 18 тани дигар дар пайи ин таркиш маҷруҳ шудаанд.
Чанд соат пештар аз ин ҳодиса дар шимоли Афғонистон, дар яке аз масҷидҳо низ таркиши шадид рух дод. Ҳодиса дар Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, шимоли Афғонистон ба вуқуъ пайваст.
Дар натиҷаи ин ҳодиса 5 нафар ба ҳалокат расида, 65 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Қобили зикр аст, ки баъди иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта ҳодисаҳои террористӣ ба қайд гирифта мешаванд. Танҳо тирамоҳи соли гузашта дар ҳамлаҳои террористӣ ба масоҷид беш аз 250 нафар кушта ва садҳо нафари дигар маҷруҳ шуданд.