Русия эътирофи ҳукумати толибон аз сӯйи СММ-ро рад кард

© Sputnik / Алексей МайшевЗдание МИД РФ
Здание МИД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Обуна шудан
Вазорати хориҷаи Русия раъйдиҳӣ дар Шӯрои амнияти СММ дар бораи вазъи Афғонистон ва вокуниши толибон ба натоиҷи онро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Як манбаъ дар Вазорати умури хориҷии Русия ба Sputnik Афғонистон гуфт, СММ то ҳол ҳукумати толибон дар Афғонистонро расман эътироф накардааст.
ВУХ таъкид кардааст, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид сухан танҳо дар бораи роҳандозии ҳамкорӣ бо толибон роҷеъ ба ҷилавгирӣ аз буҳрон дар Афғонистон буд, на дар бораи эътирофи режими сиёсӣ.
"Русия худдорӣ кард (ҳангоми овоздиҳӣ), зеро расман ҷонибдори ҳукумати фарогир аст, на ҳукумати иборат танҳо аз толибон", - таъкид кард ҳамсуҳбати мо.
Дети играют возле своего дома в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Ҳушдори СММ дар бораи буҳрони гуруснагӣ дар Афғонистон
Ёдовар мешавем, рӯзи 17 март ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ баргузор шуд, ки тайи он гузориш дар бораи Афғонистон, ки ба сулҳу амнияти байналмилалӣ таъсир дорад, ироа шуд.
Дар ин ҷаласа 14 узви Шӯрои амнияти СММ ба ҷонибдории тамдиди миссияи сиёсӣ дар Афғонистон раъй доданд, Русия бетарафӣ кард. Ин масъала бори аввал пас аз ба қудрат расидани толибон матраҳ шуд.
Баъдан намояндагони ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳоеро пахш намуданд, ки гӯё СММ тасмим гирифтааст, ки Иморати Исломии Афғонистонро ба унвони як қудрати расмӣ эътироф ва ба ҳайати он ворид кунад.
Ҳамчунин онҳо навиштанд, СММ тасмим дорад, равобити расмӣ бо Кобулро барқарор кунад. Ин иттилоъро бархе аз расонаҳои хориҷӣ мунташир кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0