Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Афзоиши теъдоди гурезаҳо аз Украина ва Донбасс дар Русия

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузариш ба медиабонкСитуация на КПП "Матвеев Курган" в Ростовской области
Ситуация на КПП Матвеев Курган в Ростовской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Танҳо дар як шабонарӯзи охир наздики 13 ҳазор аз сокинони ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ва Украина дар қаламрави Русия паноҳ бурдаанд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Теъдоди умумии гурезаҳо аз Донбасс ва Украина дар Русия ҳудуди 990 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хабар дод РИА "Новости" аз қавли манбаъ дар хадамоти изтирорӣ.

"Аз ҷумла 986,8 ҳазор нафар аз оғози ташаннуҷи вазъ марзи давлатии Русияро убур кардаанд, ки аз ин 179,9 ҳазор нафарашон кӯдак мебошанд", - хабар додаст манбаъ.

Теъдоди онҳое, ки тайи шабонарӯзи охир ба Русия паноҳ бурдаанд, беш аз 12,7 ҳазор нафар арзёбӣ шудааст.
Ахиран комиссари олии паноҳандагони СММ иттилоъ дод, ки аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ҳудуди 5,2 млн украинӣ ин кишварро тарк кардаанд. Ҳамчунин СММ эълом кардааст, ки беш аз 7,7 миллион украинӣ дар дохили ин кишвар овора шудаанд.
Жители Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
СММ: Беш аз 5 миллион украинӣ ба кишварҳои дигар паноҳ бурданд
Интиқоли васеи шаҳрвандон аз Донбасс нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ оғоз гардид. Баъдан Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0