Фанои "дедовшина" ва фиристодани раисзодаҳо. Узви парлумон давои артишгурезиро гуфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВоенный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Узви парлумони Тоҷикистон хост, зуҳуроти "дедовшина" дар артиши кишвар решакан карда шаваду ҳар ҳолати ин падидаи манфӣ таҳқиқ гардад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Волидон бояд фарзандонашонро барои анҷоми хидмати ҳарбӣ дилгарм намоянд, на онҳоро гурезонанду пинҳон кунанд, изҳор дошт Мурод Шукурзода, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон.
Шукурзода бо нашри як матлаб дар бораи сабабҳои хидматгурезии бархе ҷавонони Тоҷикистон дар нашрияи "Садои мардум", волидон, мактаб, роҳбарони маҳал ва комиссариатҳои ҳарбиро муқассир донистаст.
"Ҳолатҳои пинҳон кардани писарони синни даъватӣ, гурезонидани онҳо дар маъракаи даъват аз ҷониби падарону модарон низ ба назар мерасанд", - изҳор дошт ӯ.
Вай дар зимн таъкид кардааст, ки фарзандони мансабдорон низ аз хидмат саркашӣ мекунанд.
"Мутаассифона, дар баъзе аз ҳолатҳо писарони баъзе аз мансабдорон бо сабабу баҳонаҳои гуногун аз хидмати ҳарбӣ сар мепечанд. Масалан, қисмати зиёди онҳо чаро баъди хатми мактаби олӣ довталабона ба хидмати ҳарбӣ намераванд? Чунин мисолҳо ҳам ҳастанд, вале камшуморанд", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи узви Маҷлиси миллӣ, тарғиботи хидмати ҳарбӣ дар дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ суст ба роҳ монда шудааст.
Сабаби дигарро ба фаъолияти сусти комиссариатҳои ҳарбӣ рабт додааст, ки афроди синни даъватиро дуруст ба қайд намегиранду таҳлил намекунанд.
"Вақте ки ба хонаи нафари дар аскарибуда ё фавтида ё синнаш аз даъват гузашта ё соҳиби ду- се фарзанд хабарномаи даъват меравад ва ин ҳолатҳоро борҳо ба мушоҳида ҳам гирифтаем, баёнгари кори онҳо бо даъватшавандаҳост", - изҳор дошт Шукурзода.
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Ҷазои хунукназарҳо: дастури Шералӣ Мирзо барои ислоҳи камбудиҳои даъвати наваскарон
Ӯ таъкид намудааст, ки бо даъватшавандаҳо тамоми сол бояд кор кард, на дар мавсими даъват ба артиш ва хостори фаъолтар шудани роҳбарони ҷамоату деҳот дар ин масъала шудааст.
Масъалаи дигаре, ки ба гуфтаи узви парлумони Тоҷикистон, масъулин бояд ба он диққат диҳанд, таъмини тартибот тибқи оинномаҳои ҳарбӣ мебошад.
"Дедовшина", ки мерос аз артиши шӯравист, бояд комилан аз байн бурда, ҳар ҳодисаи фавт ё бемории ғайритабиии ҳар сарбоз аз ҷониби прокуратураи ҳарбӣ таҳқиқ шуда, натиҷаи он ошкоро ба мардум расонида шавад, меафзояд Шакурзода.
Вай ҳамчунин иҷрои нақшаи даъватро аз ҳисоби омӯзгорону табибон, аспирантон ва магистрҳо бар зарари илм дар Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон давом дорад. Мавсими даъват аввали моҳи апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0