https://sputnik.tj/20220425/rustam-nabiev-pisari-sobiq-prezidenti-tojikiston-darguzasht-1047950538.html
Рустам Набиев, писари собиқ президенти Тоҷикистон даргузашт
Рустам Набиев, писари собиқ президенти Тоҷикистон даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Марҳум раёсати ширкати маҳалии “Z-Gas”, як ширкати интиқолдиҳандаи газ ба кишварро ба уҳда дошт. Ӯ бо ширкати "Газпромнефт"-и Русия ҳамкорӣ мекард.
2022-04-25T20:34+0500
2022-04-25T20:34+0500
2022-04-26T12:38+0500
дар тоҷикистон
даргузашт
раҳмон набиев
писар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_a87040d9ad4dbbee9a1d7a6609b3d152.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Рустам Набиев, писари аввалин раисҷумҳури мунтахаби Тоҷикистон дар синни 53-солагӣ ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Дар таъйиди ин хабар пайвандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, Набиев баъд аз зуҳри имрӯз дар шаҳри Душанбе даргузаштааст. Сабаби марги вай бемории тӯлонӣ гуфта мешавад. “Маросими дафни марҳум соати 11-и фардо дар қабристони “Гунбази Қошуқ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, дар зодгоҳи падариаш баргузор мешавад”, – гуфт яке аз наздикони марҳум. Падари ӯ, Раҳмон Набиев аз соли 1991 то 1992 раисҷумҳури Тоҷикистон буд.Дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ӯ бо интиқоди ҷомеа рӯ ба рӯ шуда буд. Баъдан, 7 сентябри соли 1992 ҳангоми кӯшиши парвоз аз фурудгоҳи Душанбе ба Хуҷанд раисҷумҳури нахустини Тоҷикистонро теъдоди кӯчаке аз мухолифин дар фурудгоҳ маҷбур ба истеъфо карданд. Бори дувум ӯ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ истеъфо дод. Набиев 11 апрели соли 1993 дар манзилаш дар Хуҷанд даргузашт. Сабабҳои марги ӯ то ҳол дақиқ маълум нестанд. Тибқи маълумоти расмӣ, ӯ аз сактаи қалб даргузашт.
https://sputnik.tj/20220401/pisar-oripov-ukraina-darguzasht-1047280332.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_143:0:1920:1333_1920x0_80_0_0_d8d95b3c0d34d94f58fbba70f5b2cf79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, писар, раисҷумҳур, даргузашт, ҳамкорӣ
тоҷикистон, писар, раисҷумҳур, даргузашт, ҳамкорӣ
Рустам Набиев, писари собиқ президенти Тоҷикистон даргузашт
20:34 25.04.2022 (Навсозишуда: 12:38 26.04.2022) Марҳум раёсати ширкати маҳалии “Z-Gas”, як ширкати интиқолдиҳандаи газ ба кишварро ба уҳда дошт. Ӯ бо ширкати "Газпромнефт"-и Русия ҳамкорӣ мекард
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Рустам Набиев, писари аввалин раисҷумҳури мунтахаби Тоҷикистон дар синни 53-солагӣ ба таври ногаҳонӣ даргузашт.
Дар таъйиди ин хабар пайвандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, Набиев баъд аз зуҳри имрӯз дар шаҳри Душанбе даргузаштааст. Сабаби марги вай бемории тӯлонӣ гуфта мешавад.
“Маросими дафни марҳум соати 11-и фардо дар қабристони “Гунбази Қошуқ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, дар зодгоҳи падариаш баргузор мешавад”, – гуфт яке аз наздикони марҳум.
Падари ӯ, Раҳмон Набиев аз соли 1991 то 1992 раисҷумҳури Тоҷикистон буд.
Дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ӯ бо интиқоди ҷомеа рӯ ба рӯ шуда буд.
Баъдан, 7 сентябри соли 1992 ҳангоми кӯшиши парвоз аз фурудгоҳи Душанбе ба Хуҷанд раисҷумҳури нахустини Тоҷикистонро теъдоди кӯчаке аз мухолифин дар фурудгоҳ маҷбур ба истеъфо карданд. Бори дувум ӯ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ истеъфо дод.
Набиев 11 апрели соли 1993 дар манзилаш дар Хуҷанд даргузашт. Сабабҳои марги ӯ то ҳол дақиқ маълум нестанд. Тибқи маълумоти расмӣ, ӯ аз сактаи қалб даргузашт.