https://sputnik.tj/20220401/pisar-oripov-ukraina-darguzasht-1047280332.html
Андрей Бабитский - писари Марат Орипов дар Украина даргузашт
Андрей Бабитский - писари Марат Орипов дар Украина даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигор Андрей Бабитский дар Донетск даргузашт
2022-04-01T18:56+0500
2022-04-01T18:56+0500
2022-04-01T19:38+0500
даргузашт
иҷтимоъ
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102395/63/1023956386_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_659b3999105a1e2bbe2b9480a715c869.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Рӯзноманигор Андрей Бабитский - писари ҳунарманди машҳур Марат Орипов дар синни 58-солагӣ дар Донетски Украина даргузашт, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба "Украина.ру".Андрей Маратович Бабитский 26 сентябри соли 1964 дар Маскав таваллуд шудааст. Ӯ писари ҳунарманди кинои тоҷик Марат Орипов ва сенарист Зоя Зиновевна Бабитская мебошад. Мавсуф хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Маскав буд.Солҳои 1987-1989 дар маҷаллаи "Гласность"-и Сергей Григорянтс кор кардааст. Аммо КГБ-и шӯравӣ ба далели мамнуияти фаъолиятҳои сиёсӣ ва доштани нашрияи хусусӣ, ки онро зиддишӯравӣ медонист, ӯро ҳабси маъмурӣ карда буд. Ӯ аз соли 1989 хабарнигори Радиои "Озодӣ"* буд. Дар вақти табаддулоти моҳи августи соли 1991 аз Қасри сафеди Маскав гузориш дода буд. Баъдан хабарнигори парлумонии "Свобода" шуд. Моҳи сентябр-октябри соли 1993 ӯ низ дар Кохи Сафед буд ва пас аз ҳамла, бо нишони медали "Ҳимоятгари Русияи озод" қадрдонӣ шуд.Ӯ дар нуқтаҳои доғи Тоҷикистон, дар Қафқози Шимолӣ, дар замони Ҷанги Якуми Чеченистон, дар минтақаи амалиёти низомӣ кор кардааст. Пас аз шурӯи ҷанги дуюми Чеченистон ӯ хабарнигори вижаи радиои "Озодӣ"* дар Грозний буд. Гузоришҳои ӯ аз Грознийи муҳосирашуда, ки шадидан аз мақомот ва артиши Русия интиқод карда буданд, ки боиси хашми шадиди мақомоти федералии Русия, раҳбарияти артиш ва хадамоти вижа алайҳи ӯ шуд. Дар соли 2014, пас аз муттаҳид шудани Қрим бо Русия рӯзноманигор аз нимҷазира ва ҳамчунин ҷумҳуриҳои Донбасс ҳимоят карда буд. Аз соли 2016 ӯ саҳими доимии нашрияи интернетии "Украина.ру" буд. Вай инчунин шореҳи рӯзномаи "Взгляд" ва портали иттилоотии "Life" низ буд. *-Ин радио дар Русия ҳамчун агенти хориҷӣ эътироф шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102395/63/1023956386_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a11113eb5e6d84aa594ad9186074b76e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марат орипов, украина, даргузашт
марат орипов, украина, даргузашт
Андрей Бабитский - писари Марат Орипов дар Украина даргузашт
18:56 01.04.2022 (Навсозишуда: 19:38 01.04.2022) Писари ҳунарманди маъруф Марат Орипов дар Донетск даргузашт
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Рӯзноманигор Андрей Бабитский - писари ҳунарманди машҳур Марат Орипов дар синни 58-солагӣ дар Донетски Украина даргузашт, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба "Украина.ру".
Андрей Маратович Бабитский 26 сентябри соли 1964 дар Маскав таваллуд шудааст.
Ӯ писари ҳунарманди кинои тоҷик Марат Орипов ва сенарист Зоя Зиновевна Бабитская мебошад. Мавсуф хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Маскав буд.
Солҳои 1987-1989 дар маҷаллаи "Гласность"-и Сергей Григорянтс кор кардааст. Аммо КГБ-и шӯравӣ ба далели мамнуияти фаъолиятҳои сиёсӣ ва доштани нашрияи хусусӣ, ки онро зиддишӯравӣ медонист, ӯро ҳабси маъмурӣ карда буд.
Ӯ аз соли 1989 хабарнигори Радиои "Озодӣ"* буд.
Дар вақти табаддулоти моҳи августи соли 1991 аз Қасри сафеди Маскав гузориш дода буд. Баъдан хабарнигори парлумонии "Свобода" шуд.
Моҳи сентябр-октябри соли 1993 ӯ низ дар Кохи Сафед буд ва пас аз ҳамла, бо нишони медали "Ҳимоятгари Русияи озод" қадрдонӣ шуд.
Ӯ дар нуқтаҳои доғи Тоҷикистон, дар Қафқози Шимолӣ, дар замони Ҷанги Якуми Чеченистон, дар минтақаи амалиёти низомӣ кор кардааст.
Пас аз шурӯи ҷанги дуюми Чеченистон ӯ хабарнигори вижаи радиои "Озодӣ"* дар Грозний буд.
Гузоришҳои ӯ аз Грознийи муҳосирашуда, ки шадидан аз мақомот ва артиши Русия интиқод карда буданд, ки боиси хашми шадиди мақомоти федералии Русия, раҳбарияти артиш ва хадамоти вижа алайҳи ӯ шуд.
Дар соли 2014, пас аз муттаҳид шудани Қрим бо Русия рӯзноманигор аз нимҷазира ва ҳамчунин ҷумҳуриҳои Донбасс ҳимоят карда буд.
Аз соли 2016 ӯ саҳими доимии нашрияи интернетии "Украина.ру" буд. Вай инчунин шореҳи рӯзномаи "Взгляд" ва портали иттилоотии "Life" низ буд.
*-Ин радио дар Русия ҳамчун агенти хориҷӣ эътироф шудааст.