https://sputnik.tj/20220425/ojonsi-kormand-jamoat-pora-bozdosht-1047922252.html
Оҷонсӣ ду корманди як ҷамоатро баъди гирифтани пора боздошт кард
Оҷонсӣ ду корманди як ҷамоатро баъди гирифтани пора боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот алайҳи ду корманди ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд
2022-04-25T11:33+0500
2022-04-25T11:33+0500
2022-04-25T14:00+0500
оҷонсии зидди фасод
боздошт
қаллобӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_036d1b44fc3090273a4de57add31c159.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр– Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонӣ Ҳ.Ф. ва муовини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Г. З-ро боздошт кардааст.Ин ду мақомдор дар қаллобӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатияшон муттаҳам мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуотии оҷонсӣ.Ба иттилои манбаъ, мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонӣ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муовини раиси ҷамоати мазкур аз корафтодае 13 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Гуфта мешавад, онҳо маблағро барои омода карда додани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаи замин талаб намудаанд.Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Г. З. ва С. Ҳ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.Маврид ба зикр аст, ки ин моддаи қонун аз 22 то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазоро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220228/bozdosht-rais-jamoat-ojonsi-zaminfurushi-1046323979.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_40153fc7b0df186129e02b031e9e6365.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оҷонсӣ корманд ҷамоат пора боздошт
оҷонсӣ корманд ҷамоат пора боздошт
Оҷонсӣ ду корманди як ҷамоатро баъди гирифтани пора боздошт кард
11:33 25.04.2022 (Навсозишуда: 14:00 25.04.2022) Мақомот алайҳи ду корманди ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 апр– Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонӣ Ҳ.Ф. ва муовини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Г. З-ро боздошт кардааст.
Ин ду мақомдор дар қаллобӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатияшон муттаҳам мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуотии оҷонсӣ.
Ба иттилои манбаъ, мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонӣ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муовини раиси ҷамоати мазкур аз корафтодае 13 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Гуфта мешавад, онҳо маблағро барои омода карда додани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаи замин талаб намудаанд.
"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ С. Ҳ. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 13000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд", - афзудааст манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Г. З. ва С. Ҳ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин моддаи қонун аз 22 то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазоро пешбинӣ мекунад.