https://sputnik.tj/20220425/nota-rusiya-amriko-intiqol-siloh-kievro-bas-1047924867.html
Нотаи Русия ба Амрико: Интиқоли силоҳ ба Киевро бас кунед
Нотаи Русия ба Амрико: Интиқоли силоҳ ба Киевро бас кунед
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико гуфт, Вашингтон қасд дорад ба Киев ба маблағи 800 миллион доллар аслиҳа интиқол диҳад
2022-04-25T12:50+0500
2022-04-25T12:50+0500
2022-04-25T16:15+0500
дар русия
амрико
сиёсат
нота
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032447795_340:0:2000:934_1920x0_80_0_0_89b0976fa72eac82ee27a41af5771a57.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Русия ба Иёлоти Муттаҳида нота фиристода талаб кард, ки интиқоли силоҳ ба Украинаро қатъ кунад. Дар ин бора сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 24" изҳор дошт.Дар идома ӯ зикр намуд, ки Русия бинобар ихтисос додани кумаки навбатии молӣ ба Вашингтон нота ирсол кард ва талаб намуд, ки ба ин амали худ хотима диҳанд.Қаблан сафири Русия дар Амрико гуфта буд, ба кори сафорати Русия дар ИМА аз ҷониби мақомоти Вашингтон монеъагузорӣ мешавад."Дарвоқеъ, сафоратхона аз ҷониби ниҳодҳои давлатии ИМА муҳосира шудааст, суратҳисоби ду консулгарии генералии мо дар Ҳюстон ва Ню Йорк аз ҷониби "Bank of America" баста шудааст. Мо ҳам тавассути телефон таҳдидҳо мегирем ва ҳам мактубҳо меоянд. Як вақтҳо ҳатто баромад аз сафорат баста шуд”, - гуфта буд ӯ.Илова бар ин Антонов дар мусоҳиба бо "Politico" гуфта буд, ки Русия ва ИМА дигар шарик нестанд.Ба гуфтаи вай, худи мақомоти Амрико бояд тасмим бигиранд, ки Русия барои онҳо кист – шарик, рақиб, мухолиф ё душман.Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина Ғарб фишори таҳримотӣ алайҳи Маскавро афзоиш дод. Тадбирҳои маҳдудкунанда пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва пешниҳоди маҳсулоти олӣ нигаронида шудаанд.
https://sputnik.tj/20220424/antonov-vashington-kor-saforat-rusiya-amriko-mamnu-1047911853.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032447795_665:0:1910:934_1920x0_80_0_0_e41fbcea838e179cdca4e5fef4d3d4f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия амрико нота киев силоҳ
русия амрико нота киев силоҳ
Нотаи Русия ба Амрико: Интиқоли силоҳ ба Киевро бас кунед
12:50 25.04.2022 (Навсозишуда: 16:15 25.04.2022) Сафири Русия дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико гуфт, Вашингтон қасд дорад, ба Киев ба маблағи 800 миллион доллар аслиҳа интиқол диҳад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Русия ба Иёлоти Муттаҳида нота фиристода талаб кард, ки интиқоли силоҳ ба Украинаро қатъ кунад.
Дар ин бора сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 24" изҳор дошт.
"Ҳаштсад миллион доллар маблағест, ки муоидили он Вашингтон ба Киев силоҳ медиҳад. Ин рақами бузург аст, он барои ҷустуҷӯи роҳи дипломатии вазъ мусоидат намекунад", - тавзеҳ дод дипломати рус.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки Русия бинобар ихтисос додани кумаки навбатии молӣ ба Вашингтон нота ирсол кард ва талаб намуд, ки ба ин амали худ хотима диҳанд.
Қаблан сафири Русия дар Амрико гуфта буд, ба кори сафорати Русия дар ИМА аз ҷониби мақомоти Вашингтон монеъагузорӣ мешавад.
"Дарвоқеъ, сафоратхона аз ҷониби ниҳодҳои давлатии ИМА муҳосира шудааст, суратҳисоби ду консулгарии генералии мо дар Ҳюстон ва Ню Йорк аз ҷониби "Bank of America" баста шудааст. Мо ҳам тавассути телефон таҳдидҳо мегирем ва ҳам мактубҳо меоянд. Як вақтҳо ҳатто баромад аз сафорат баста шуд”, - гуфта буд ӯ.
Илова бар ин Антонов дар мусоҳиба бо "Politico" гуфта буд, ки Русия ва ИМА дигар шарик нестанд.
Ба гуфтаи вай, худи мақомоти Амрико бояд тасмим бигиранд, ки Русия барои онҳо кист – шарик, рақиб, мухолиф ё душман.
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина Ғарб фишори таҳримотӣ алайҳи Маскавро афзоиш дод. Тадбирҳои маҳдудкунанда пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва пешниҳоди маҳсулоти олӣ нигаронида шудаанд.