https://sputnik.tj/20220425/jilavgiri-kushtor-solovyov-maskav-1047938841.html
Ҷилавгирӣ аз куштори Соловёв дар Маскав
Ҷилавгирӣ аз куштори Соловёв дар Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Таъкид мешавад, ки сӯиқасди куштори рӯзноманигор бо дастури Хадамоти амнияти Украина тарҳрезӣ шудааст, аммо мақомоти Русия онро пешгигрӣ кардаанд
2022-04-25T17:35+0500
2022-04-25T17:35+0500
2022-04-25T17:39+0500
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
куштор
сӯиқасд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103042/08/1030420860_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_37e9d452fd2d10bbf61cef28ef5ea608.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Аз суиқасд ба ҷони рӯзноманигори шинохта Владимир Соловёв пешгирӣ карда шуд, хабар дод дафтари равобит бо ҷомеаи Хадамоти федералии амният, ФСБ-и Русия. Таъкид шудааст, ки суиқасд дар пайи амалиёти муштараки кормандони мақомоти федералии амният ва Кумитаи тафтишотии Русия ошкор шудааст. "Гурӯҳи аъзои созмони террористии миллатгарои мамнуъ дар Русия "National Socialism/White Power"* - "Cотсиализми миллӣ/Нерӯи сафед"* ният доштаанд, фаъоли ҷамъиятӣ, рӯзноманигори шинохта Владимир Соловёвро кушанд", - омадааст дар иттилоия. Ба иттилои манбаъ, ин ҷиноят бо дастури Хадамоти амнияти миллии Украина тарҳрезӣ шудааст. Манбаъ афзуд, зимни бозҷӯӣ аз боздоштушдаҳо чор дастгоҳи таркандаи монанд ба "коктейли Молотов", 6 таппончаи ПМ, норинҷаки дастии навъи РГД-5, беш аз ҳазор тири қутрашон гуногун, шиносномаҳои тақаллубии украинӣ, адабиёти миллатгароёна мусодира шуд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки боздоштшудаҳо шаҳрвандони Русия буда, аллакай шоҳидӣ дода истодаанд. Онҳо эътироф кардаанд, ки ният доштанд, Владимир Соловёвро кушта, дар хориҷи кишвар паноҳ баранд. Аз рӯи ин ҳолат Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, ҷамъоварии далел идома дорад. *-созмони террористии мамнуъ дар Русия
https://sputnik.tj/20220424/antonov-vashington-kor-saforat-rusiya-amriko-mamnu-1047911853.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103042/08/1030420860_19:0:1440:1066_1920x0_80_0_0_8645c4aacc55bf673ffd9d0e950bd5cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фсб, фармоишгар, сӯиқасд, соловёв
фсб, фармоишгар, сӯиқасд, соловёв
Ҷилавгирӣ аз куштори Соловёв дар Маскав
17:35 25.04.2022 (Навсозишуда: 17:39 25.04.2022) Таъкид мешавад, ки суиқасди рӯзноманигор бо дастури Хадамоти амнияти Украина тарҳрезӣ шудааст, аммо мақомоти Русия онро пешгигрӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Аз суиқасд ба ҷони рӯзноманигори шинохта Владимир Соловёв пешгирӣ карда шуд, хабар дод дафтари равобит бо ҷомеаи Хадамоти федералии амният, ФСБ-и Русия.
Таъкид шудааст, ки суиқасд дар пайи амалиёти муштараки кормандони мақомоти федералии амният ва Кумитаи тафтишотии Русия ошкор шудааст.
"Гурӯҳи аъзои созмони террористии миллатгарои мамнуъ дар Русия "National Socialism/White Power"* - "Cотсиализми миллӣ/Нерӯи сафед"* ният доштаанд, фаъоли ҷамъиятӣ, рӯзноманигори шинохта Владимир Соловёвро кушанд", - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷиноят бо дастури Хадамоти амнияти миллии Украина тарҳрезӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, зимни бозҷӯӣ аз боздоштушдаҳо чор дастгоҳи таркандаи монанд ба "коктейли Молотов", 6 таппончаи ПМ, норинҷаки дастии навъи РГД-5, беш аз ҳазор тири қутрашон гуногун, шиносномаҳои тақаллубии украинӣ, адабиёти миллатгароёна мусодира шуд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки боздоштшудаҳо шаҳрвандони Русия буда, аллакай шоҳидӣ дода истодаанд.
Онҳо эътироф кардаанд, ки ният доштанд, Владимир Соловёвро кушта, дар хориҷи кишвар паноҳ баранд.
Аз рӯи ин ҳолат Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, ҷамъоварии далел идома дорад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Русия