https://sputnik.tj/20220424/unisef-kudak-afghoniston-kushta-1047909100.html
ЮНИСЕФ: Беш аз 50 кӯдак тайи ҳафтаи гузашта дар Афғонистон кушта шудааст
ЮНИСЕФ: Беш аз 50 кӯдак тайи ҳафтаи гузашта дар Афғонистон кушта шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Масъули ЮНИСЕФ бо ишора ба ҳамалоти ахир дар Афғонистон гуфт, ки тайи як ҳафтаи гузашта дар ин рӯйдодҳо беш аз 50 кӯдак кушта шудаанд
2022-04-24T14:20+0500
2022-04-24T14:20+0500
2022-04-25T12:57+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
кӯдак
кушта
захмӣ
юнисеф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1b/1043130934_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_5829d5a557262cccd0afc7c72fcbe15b.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ҷорҷ Лариа Идаҷи, мудири минтақавии ЮНИСЕФ ахиран дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки дар як ҳафтаи ахир дар Афғонистон беш аз 50 писару духтар кушта шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ҳамчунин вай таъкид кардааст, дар ин кишвар вазъи бархе кӯдаконе, ки захмӣ шудаанд, вахим арзёбӣ мешавад.Ба гуфтаи ӯ, бар асари таркиш дар масҷиди Мавлавии Искандари вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз дастикам чаҳор кӯдак кушта ва бисёре аз кӯдакони дигар захмии вазнин шудаанд.Мудири минтақаии ЮНИСЕФ ҳамлаҳои террористии ахирро шадидан маҳкум кард ва гуфт: “Зӯроварӣ алайҳи кӯдакон дар ҳама шаклҳо бояд фавран хотима ёбад”.Қобили зикр аст, ки чанд таркиш дар як ҳафтаи ахир дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон ба қайд гирифта шудааст.Бино ба гузоришҳо, дар пайи як силсила таркишҳои ахир дар Кобул, Балх ва Кундуз даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд.Ба иттилои бархе аз расонаҳо, ин амалҳои террористиро гурӯҳи “Давлати Исломӣ”* бар уҳда гирифтааст.* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1b/1043130934_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_b864c35e195d4e0daed3017fe851653a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, кӯдак, кушта, юнисеф, ҳамла
афғонистон, кӯдак, кушта, юнисеф, ҳамла
ЮНИСЕФ: Беш аз 50 кӯдак тайи ҳафтаи гузашта дар Афғонистон кушта шудааст
14:20 24.04.2022 (Навсозишуда: 12:57 25.04.2022) Масъули ЮНИСЕФ бо ишора ба ҳамалоти ахир дар Афғонистон гуфт, ки тайи як ҳафтаи гузашта дар ин рӯйдодҳо беш аз 50 кӯдак кушта шудааст
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ҷорҷ Лариа Идаҷи, мудири минтақавии ЮНИСЕФ ахиран дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки дар як ҳафтаи ахир дар Афғонистон беш аз 50 писару духтар кушта шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ҳамчунин вай таъкид кардааст, дар ин кишвар вазъи бархе кӯдаконе, ки захмӣ шудаанд, вахим арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, бар асари таркиш дар масҷиди Мавлавии Искандари вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз дастикам чаҳор кӯдак кушта ва бисёре аз кӯдакони дигар захмии вазнин шудаанд.
Мудири минтақаии ЮНИСЕФ ҳамлаҳои террористии ахирро шадидан маҳкум кард ва гуфт: “Зӯроварӣ алайҳи кӯдакон дар ҳама шаклҳо бояд фавран хотима ёбад”.
Қобили зикр аст, ки чанд таркиш дар як ҳафтаи ахир дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба гузоришҳо, дар пайи як силсила таркишҳои ахир дар Кобул, Балх ва Кундуз даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Ба иттилои бархе аз расонаҳо, ин амалҳои террористиро гурӯҳи “Давлати Исломӣ”* бар уҳда гирифтааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон