https://sputnik.tj/20220424/maqomoti-khujand-mahsulot-qannodi-talabot-sanitariu-gigieni-1047908133.html
Мақомоти Хуҷанд: Зимни фурӯши маҳсулоти қаннодӣ талаботи санитарию гигиениро риоя кунед
Мақомоти Хуҷанд: Зимни фурӯши маҳсулоти қаннодӣ талаботи санитарию гигиениро риоя кунед
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хуҷанд аз роҳбарони бозорҳо ва марказҳои савдои хӯрока талаб намуданд, ки зимни фурўши маҳсулоти қаннодӣ ба талаботи санитарию гигиенӣ риоя намоянд
2022-04-24T13:35+0500
2022-04-24T13:35+0500
2022-04-25T13:24+0500
дар тоҷикистон
санитарӣ
хуҷанд
мақомот
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102990/54/1029905406_0:315:2997:2000_1920x0_80_0_0_e1fec070f90c4b938ff4158dfec3557d.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ба хотири ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои бузурги савдо мулоқот баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуотии мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст.Тибқи иттилои манбаъ, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд Тахмина Усмонова эълон кард, ки қарорҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологии Тоҷикистон ва сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят “Дар бораи манъ намудани фурӯши маҳсулоти хӯроквории тезвайроншаванда, хӯришҳои консервашудаи дар шароити хона тайёршуда, истеҳсол ва фурӯши яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан ва ҷойҳои ғайримуқаррарӣ”, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз маҳсулотҳои хӯроквории зикршуда ба тасвиб расидааст.Аз ҷумла вай афзуд, ки бархе ин маҳсулот аз ҷониби соҳибкорон бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулот, нишондодҳои реквизитӣ ба савдо пешниҳод гардида, дар ҷойҳои хидматрасонӣ мавҷуд набудани шароити шустушӯ ва безараргардонии зарфҳои истфодагардида, набудани шароити нигоҳдорӣ мешаванд.“Воситаҳои техникӣ, бевосита дар зери нури офтоб ҷой доштани онҳо ва риоя накардани оддитарин талаботи санитарию гигиенӣ, эҳтимолияти пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемориҳои шадиди меъдаю рӯда, заҳролудшавӣ ва бемориҳои сироятии оммавии бо ғизо ва ба об алоқамандро дар байни аҳолии вилоят зиёд мегардонад”, - илова кардаааст манбаъ.Дар ҳамин ҳол Тахмина Усмонова аз роҳбарони бозорҳо ва марказҳои савдои хӯрока қатъиян талаб намуд, ки зимни фурӯши маҳсулоти қаннодӣ талаботи санитарию гигиениро риоя ва шароити нигоҳдории онҳоро тибқи муқарарот роҳандозӣ намоянд.“Ҳангоми интиқоли чунин маҳсулот аз нақлиёти махсусгардонидашуда, ки дорои шаҳодатномаии санитарӣ мебошанд, истифода намоед”, - гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20220330/peshnihodi-grant-zanhoi-hunarmandu-ejodkor-khujand-1047194662.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102990/54/1029905406_159:0:2826:2000_1920x0_80_0_0_6324a107add283daa86d63ecbeda156c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, маҳсулоти қаннодӣ, санитарӣ, гигиенӣ, талабот, риоя
тоҷикистон, хуҷанд, маҳсулоти қаннодӣ, санитарӣ, гигиенӣ, талабот, риоя
Мақомоти Хуҷанд: Зимни фурӯши маҳсулоти қаннодӣ талаботи санитарию гигиениро риоя кунед
13:35 24.04.2022 (Навсозишуда: 13:24 25.04.2022) Мақомоти Хуҷанд аз роҳбарони бозорҳо ва марказҳои савдои хӯрока талаб намуданд, ки зимни фурӯши маҳсулоти қаннодӣ талаботи санитарию гигиениро риоя намоянд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ба хотири ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои бузурги савдо мулоқот баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуотии мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд Тахмина Усмонова эълон кард, ки қарорҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологии Тоҷикистон ва сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят “Дар бораи манъ намудани фурӯши маҳсулоти хӯроквории тезвайроншаванда, хӯришҳои консервашудаи дар шароити хона тайёршуда, истеҳсол ва фурӯши яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан ва ҷойҳои ғайримуқаррарӣ”, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз маҳсулотҳои хӯроквории зикршуда ба тасвиб расидааст.
Аз ҷумла вай афзуд, ки бархе ин маҳсулот аз ҷониби соҳибкорон бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулот, нишондодҳои реквизитӣ ба савдо пешниҳод гардида, дар ҷойҳои хидматрасонӣ мавҷуд набудани шароити шустушӯ ва безараргардонии зарфҳои истфодагардида, набудани шароити нигоҳдорӣ мешаванд.
“Воситаҳои техникӣ, бевосита дар зери нури офтоб ҷой доштани онҳо ва риоя накардани оддитарин талаботи санитарию гигиенӣ, эҳтимолияти пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемориҳои шадиди меъдаю рӯда, заҳролудшавӣ ва бемориҳои сироятии оммавии бо ғизо ва ба об алоқамандро дар байни аҳолии вилоят зиёд мегардонад”, - илова кардаааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол Тахмина Усмонова аз роҳбарони бозорҳо ва марказҳои савдои хӯрока қатъиян талаб намуд, ки зимни фурӯши маҳсулоти қаннодӣ талаботи санитарию гигиениро риоя ва шароити нигоҳдории онҳоро тибқи муқарарот роҳандозӣ намоянд.
“Ҳангоми интиқоли чунин маҳсулот аз нақлиёти махсусгардонидашуда, ки дорои шаҳодатномаии санитарӣ мебошанд, истифода намоед”, - гуфт ӯ.