Консулгарӣ дар Рамазон аз ҳоли тоҷикони боздоштгоҳи Сахарова боздид кард

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкПалаточный лагерь для нелегальных мигрантов в Москве
Палаточный лагерь для нелегальных мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2022
Обуна шудан
Зимни боздид аз ҳолу аҳволи муҳоҷирон зикр гардид, ки масъалаи ҳарчи зудтар фиристодани онҳо ба Ватан баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон кормандони Хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Русия ба хабаргирии муҳоҷирони тоҷикистонӣ рафтанд, ки феълан дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Маскав қарор доранд.
Ба иттилои ин ниҳод, кормандони хадамот аз шарту шароити нигаҳдории муҳоҷирон дар боздоштгоҳи Сахарова шинос гардиданд.
Манбаъ меафзояд, намояндагони консулгарӣ зимни боздид аз ин муассиса бо муовини сардори боздоштгоҳи Сахарова Полежаев Сергей Евгеневия суҳбат намуда, масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳарчи зудтар ба Ватан фиристодани муҳоҷиронро баррасӣ намуданд.
"Кормандони масъули сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Ин ниҳод зикр накардааст, ки алъон чанд нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар ин муассиса қарор доранд. Танҳо қайд гардид, ки ба боздоштшудаҳо доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, барои минбаъд такрор нашудани чунин ҳолатҳо тавсияҳо дода шуданд.
Гуфта мешавад, зимни ин боздид ба шаҳрвандон як миқдор маводи хӯрока низ ба онҳо тақдим гардид.
Муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии Тула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Дар боздоштгоҳи муваққатии Тула 6 муҳоҷири тоҷик бар сар мебарад
Қаблан бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз вилояти Тулаи Русия шаш муҳоҷири тоҷикистонӣ ба Ватан фиристода шуд буданд.
Ин муҳоҷирон низ ба далели нақзи қавонини Русия дастгир ва чанд муддат дар Боздоштгоҳи муваққатии Тула нигаҳдорӣ мешуданд.
Лентаи хабарҳо
0