Шолтс гуфт, кай Олмон аз харидории гази Русия даст мекашад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкКанцлер ФРГ Олаф Шольц
Канцлер ФРГ Олаф Шольц - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Садри аъзами Олмон ахиран эълон кардааст, ки талош хоҳад кард, то кишвараш дигар аз Русия газ нахарад
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон шарҳ дод, ки чаро Олмон то ҳол ба Русия барои интиқоли газу нафт ​​миллионҳо евро пардохт мекунад ва кай метавонад аз ин кор даст кашад.
“Мо ҳама кори аз дастамон омадаро анҷом медиҳем. Мо дар ин самт кори бисёре кардаем. Ман фикр мекунам, ки мо як қарори хеле муҳим қабул кардаем. Мо аз сӯзишвории истихроҷшаванда даст мекашем, сармоягузорӣ мекунем ва мехоҳем ба як кишваре табдил шавем, ки дар он танҳо манобеи барқароршавандаи энержӣ истифода шавад”, - гуфт раҳбари Олмон ба рӯзноманигорон дар Лондон.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Олмон бояд барои иваз кардани интиқоли газу нафт ​​аз Русия омодагӣ гирад, инфрасохтори заруриро эҷод кунад, масалан, терминалҳо барои қабули гази моеъ бунёд кунад, ки метавонад ҷойгузини гази табиии Русия шавад.
Мариуполь после отступления ВСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар Мариупол зархаридони аврупоӣ меҷанганд
“Дар давраи гузариш мо бояд сӯзишвории истихроҷшавандаро аз дигар кишварҳо ворид кунем, на аз Русия. Аз ин рӯ мо бояд ба ин, аз ҷумла интиқоли ангишт ва нафт омодагӣ бигирем”, - гуфт Шолтс.
Вай афзуд, Олмон аз хариди нафту ангишти Русия то охири соли равон даст мекашад.
Ба гуфтаи садри аъзами Олмон, барои "мустақил" шудан аз таъминоти Русия "сармоягузории зиёд" талаб мекунад ва Берлин дар ин кор "муваффақ" хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0