Замони баргузории Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" маълум шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономическая выставка-ярмарка СУГД-2019
Экономическая выставка-ярмарка СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Интизор меравад, ки дар ин ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон бозорҳои нав дарёфт ва бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ имзо кунанд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар Муассисаи давлатии "Қасри варзиш"-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" баргузор мешавад.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бино ба гузориши манбаъ, Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" рӯзҳои 17-18 июн гузаронида хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" бо мақсади дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани зарфияти содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик ташкил карда мешавад.
Ҳамчунин мақсад аз баргузории ин ярмарка ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ гуфта мешавад.
Подписание соглашений между Согдийской области Таджикистана и Липецкой области РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Имзои 17 созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Суғду вилояти Липетски Русия
Ногуфта намонад, ин соли ҳаштум аст, ки Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил карда мешавад.
Дар доираи ин ярмаркаи сатҳи минтақаӣ ҳамзамон гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Интизор меравад, ки дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
Афзоиши рекордии гардиши савдои хориҷӣ дар вилояти Суғд
Ёдрас менамоем, ки соли гузашта дар доираи Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" соҳибкорони Русия ва Ӯзбекистон бо ҳамтоёни тоҷики худ беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ имзо карда буданд.
Вале соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус форуми иқтисодии "Суғд-2020" баргузор нашуд.
Лентаи хабарҳо
0