https://sputnik.tj/20220413/imzoi-sozishnoma-hamkori-sugd-lipetski-rusiya-1047606333.html
Имзои 17 созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Суғду вилояти Липетски Русия
Имзои 17 созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Суғду вилояти Липетски Русия
Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои бузурги вилояти Суғд ба бозори Липетски Русия роҳ ёфтанд. Миёни ширкатҳои вилояти Суғд ва Липетски Русия ахиран 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
2022-04-13T13:55+0500
2022-04-13T13:55+0500
2022-04-13T13:55+0500
дар тоҷикистон
суғд
липетск
ҳамкорӣ
созишнома
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047606026_0:103:1280:823_1920x0_80_0_0_4fe492123cb722967640184cf401e4d8.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Ахиран дар вилояти Липетски Русия маросими баимзорасонии созишномаҳои ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғди Тоҷикистону Липетски баргузор гардидааст.Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд, дар маҷмуъ 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.Иттилоъ дода шудааст, ки маросими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо ҳузури муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов барпо гардид.Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар бораи содироти меваю сабзавот ва хушкмева, ташкили сафари аҳли фарҳангу маданияти вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ба роҳ мондани саёҳати сокинони вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ташкили “Хонаи савдо”-и вилояти Суғд дар вилояти Липетск ва ҳамкорӣ дар бахши таҳсилоти олӣ ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.Ҳамзамон миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск, ширкатҳои “Нуртекс” ва Маркази содиротии вилояти Липетск, “Оби Зулол” ва Маркази содиротии вилояти Липетск, “Само” ва “Интер Эко Технологии”, Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва “Липетск Комплекс Строй”, “Липетск Комплекс Строй” ва “Хорои Хуҷанд”, “Липетск Комплекс Строй” ва “Нуртекс”, “Липетск Комплекс Строй” ва “Силкоат Бойя”, “Евро Агро” ва филиали “Хантана Канада Инк” дар вилояти Суғд, “Евро Агро” ва “Сомон кристалл” созишномаҳои ҳамкорӣ имзо гардидаанд.
https://sputnik.tj/20220412/savdo-khoriji-sughd-rekord-afzoish-1047568126.html
суғд
липетск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047606026_146:0:1243:823_1920x0_80_0_0_66c19987e80cb811fee77894347f4a54.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, созишнома, ҳамкорӣ, суғд, липетск, русия, тиҷорат
тоҷикистон, созишнома, ҳамкорӣ, суғд, липетск, русия, тиҷорат
Имзои 17 созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Суғду вилояти Липетски Русия
Ширкатҳои бузурги вилояти Суғд ба бозори Липетски Русия роҳ ёфтанд. Миёни ширкатҳои вилояти Суғд ва Липетски Русия ахиран 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Ахиран дар вилояти Липетски Русия маросими баимзорасонии созишномаҳои ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғди Тоҷикистону Липетски баргузор гардидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд, дар маҷмуъ 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки маросими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо ҳузури муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов барпо гардид.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар бораи содироти меваю сабзавот ва хушкмева, ташкили сафари аҳли фарҳангу маданияти вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ба роҳ мондани саёҳати сокинони вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ташкили “Хонаи савдо”-и вилояти Суғд дар вилояти Липетск ва ҳамкорӣ дар бахши таҳсилоти олӣ ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ҳамзамон миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск, ширкатҳои “Нуртекс” ва Маркази содиротии вилояти Липетск, “Оби Зулол” ва Маркази содиротии вилояти Липетск, “Само” ва “Интер Эко Технологии”, Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва “Липетск Комплекс Строй”, “Липетск Комплекс Строй” ва “Хорои Хуҷанд”, “Липетск Комплекс Строй” ва “Нуртекс”, “Липетск Комплекс Строй” ва “Силкоат Бойя”, “Евро Агро” ва филиали “Хантана Канада Инк” дар вилояти Суғд, “Евро Агро” ва “Сомон кристалл” созишномаҳои ҳамкорӣ имзо гардидаанд.