Тоҷикистон парвозҳо бо ду кишварро аз сар мегирад

© Foto / Агния Клевко/Хадамоти матбуоти ширкати Сомон-ЭйрСамолёт компании "Сомон Эйр"
Самолёт компании Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои нақлиётиро бо кишварҳои Эрон ва Ҳиндустон, ки бинобар пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, аз сар мегирад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Тоҷикистон парвозҳо бо Ҳиндустон ва Эронро аз сар мегирад. Дар ин бора ба РИА "Новости" Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои кишварҳо пас аз танаффуси дусолаи марбут ба пандемия аз коронавирус ба парвоз шуруъ мекунанд.

"Тоҷикистон парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе - Деҳлӣ - Душанбе, Душанбе - Нурсултон - Душанбе ва Душанбе - Теҳрон - Душанберо аз сар мегирад. Ҳар як парвоз ҳафтае ду бор анҷом хоҳад шуд", - афзуд манбаъ.

Ин ниҳод афзуд, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр" аллакай интиқоли мусофирон ба Деҳлӣ ва бозгашт аз он ҷоро оғоз кардааст. Парвозҳо ба Теҳрон тавассути ширкати "Iran Air" сурат мегирад. Санаи дақиқи парвози нахустин мушаххас нашудааст.
Мусофирон, ки ба Тоҷикистон меоянд, бояд шаҳодатномаи (санҷиши PCR) мавҷуд набудани коронавирус дар вуҷуди онҳоро пешниҳод кунанд. Ин ҳуҷҷат барои 72 соат эътибор дорад. Барои кӯдакони то 3-сола шаҳодатнома лозим нест.
Оҷонсӣ афзуд, дар ояндаи наздик Тоҷикистон теъдоди парвозҳои мунтазам ба Алмаато, Дубай, Истанбул, Тошканд ва шаҳрҳои мухталифи Русияро афзоиш хоҳад дод.
Пассажирский самолет в небе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Теъдоди парвозҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон афзоиш меёбад
Қарор аст, теъдоди парвозҳо ба Қазоқистон аз 1 май то аввали июн афзоиш ёбад. Гуфта мешавад, ки то поёни тобистон шумори парвозҳо миёни Душанбе ва Алмаато бояд дар ҳафта ба шашто бирасад.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи марти соли 2020 дар пайи пандемияи COVID-19 Тоҷикистон парвозҳои байналмилалиро бо аксари кишварҳо мутаваққиф кард.
Дар натиҷа бисёре аз шаҳрвандон дар хориҷ банд монданд. Барои ба Ватан баргаштани онҳо парвозҳои чартерӣ ташкил шуд.
Беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ имкон дод, ки маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда тадриҷан бардошта шаванд.
Лентаи хабарҳо
0