Теъдоди парвозҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон афзоиш меёбад

© Sputnik / Нина ЗотинаПассажирский самолет в небе
Пассажирский самолет в небе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Тоҷикистону Қазоқистон азм доранд, ки то тобистони соли равон теъдоди парвозҳои ҳавопаймо байни ду кишварро дар як ҳафта ба 6 адад расонанд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Имкони сафар миёни Тоҷикистону Қазоқистон аз тариқи ҳавопаймо бештар мешавад.
Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Қазоқистон изҳор доштааст, ки шумораи парвозҳо ба Тоҷикистон то ба 6 адад дар як ҳафта расонда мешавад.
Аз ҷумла зикр шудааст, ки ширкати ҳавопаймоии "Somon Air" тасмим гирифтааст, аз 25-уми апрел шумори парвозҳои байналмилалиро аз Душанбе ба Алмаато то ба 2 адад дар як ҳафта расонад. Интизор меравад, ки ин парвозҳо аз тариқи ҳавопаймои навъи B737 сурат гиранд.
Ҳамзамон ширкати "Air Astana" низ барои афзоиши парвозҳо ба Тоҷикистон иқдом кардааст. Интизор меравад, ки аз 1 май ин ширкат ҳафтае се парвоз байни Душанбе ва Алмааторо анҷом диҳад.
Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Тоҷикистону Туркия дар талоши афзоиши шумораи хатти парвозҳо миёни шаҳрҳои ду кишвар
Теъдоди парвозҳои ширкати қазоқистонӣ дар масири Алмаато - Душанбе аз 1 июн то 4 адад дар як ҳафта дар назар аст. Дар ин масир аз ҳавопаймоҳои навъи А320 истифода хоҳанд шуд.
Ҳамин тариқ интизор меравад, ки шумораи умумии парвозҳо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар як ҳафта ба 6 адад расонда шавад. Ҷониби Қазоқистон таъкид намудааст, ки парвозҳо бо риояи қатъии талаботи санитарию эпидемиологӣ анҷом дода мешаванд.
Маврид ба зикр аст, дар моҳи январ парвозҳо миёни Душанбеву Алмаато ба далели нооромиҳое, ки дар авоили сол дар Қазоқистон рух доданд, мутаваққиф шуданд. Аммо рӯзи 19 январ нахустин парвози ширкати "Сомон эйр" ба ин шаҳр баъди як танаффуси кӯтоҳ амалӣ гардид.
Қаблан корафтодагон аз гаронии нархи билети ҳавопаймо барои сафар миёни Тоҷикистону Қазоқистон хабар дода буданд, ки моҳи феврал то ба 5 ҳазор сомонӣ расида буд. Масъулин далели афзоиши нархро ба зиёд будани талабот рабт доданд.
Лентаи хабарҳо
0