https://sputnik.tj/20220422/sholts-tahrim-gazi-rusiya-ukraina-sulh-1047868081.html
Шолтс: Таҳрими судури гази Русия ба Украина сулҳ намеорад
Шолтс: Таҳрими судури гази Русия ба Украина сулҳ намеорад
Sputnik Тоҷикистон
Садри аъзами Олмон ахиран ба рӯзномаи олмонӣ гуфтааст, ки таҳрими судури нафту гази Русия ба қатъи низоъ дар Украина мусоидат намекунад
2022-04-22T16:45+0500
2022-04-22T16:45+0500
2023-10-02T17:11+0500
олаф шолтс
дар русия
аврупо
газ
нафт
ҷанг
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047619557_0:0:2216:1247_1920x0_80_0_0_9b72fa5f0e3b0bb950c16f4484da2ab5.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Иҷрои хоҳишҳои Киев дар бораи манъи фаврии воридоти газ аз Русия ғайриқобили қабул аст ва ин метавонад барои бархе аз кишварҳо пайомадҳои ногуворе дошта бошад, гуфт дар мусоҳиба бо маҷаллаи "Spiegel" Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон.Ба гуфтаи вай, чунин иқдом ба қатъи низоъ дар Украина мусоидат намекунад.Вай ҳамчунин аз изҳороте, ки гӯё Берлин бо идомаи харидани гази Русия амалиёти вижаи низомии Маскав дар Украинаро "маблағгузорӣ" мекунад, интиқод кард."Гап дар он аст, ки мо мехоҳем аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, аз даст додани миллионҳо ҷойҳои кор ва корхонаҳое, ки дигар ҳеҷ гоҳ боз нахоҳанд шуд, худдорӣ кунем. Ин барои кишвари мо, барои тамоми Аврупо оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад дошт ва инчунин таъсири ҷиддӣ мерасонад. Инчунин ин иқдом ба маблағгузории эҳёи Украина таъсир мерасонад. Ба ҳамин хотир ман инро бояд қайд кунам: мо наметавонем ба ин роҳ диҳем”, - афзуд Шолтс.Қаблан намояндаи роҳбари Девони Вазирони Фаронса Габриэл Аттал аз эҳтимоли таҳрими воридоти газу нафти Русия ба Иттиҳодияи Аврупо изҳори назар карда буд.Ба гуфтаи вай, Брюссел омодааст, то ҳадде ки имкон аст, таҳрим ҷорӣ кунад.Дар ҳамин ҳол, Аврупо аллакай бо болоравии қимати маводи сӯхт ва таварруми баланд, рӯ ба рӯ шудааст, ки боиси норозигии шаҳрвандон гаштааст. Таваррум дар 19 кишвари ҳавзаи евро дар моҳи март ба 7,4 дарсад расида буд.
https://sputnik.tj/20220415/novak-avrupo-naft-rusiya-ivaz-1047679484.html
аврупо
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047619557_97:0:2061:1473_1920x0_80_0_0_60c1940b0a9472b00dbf4ce342a6ba3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садри аъзам, таҳрим, газ, нафт, сулҳ, украина, содирот, олаф шолтс
садри аъзам, таҳрим, газ, нафт, сулҳ, украина, содирот, олаф шолтс
Шолтс: Таҳрими судури гази Русия ба Украина сулҳ намеорад
16:45 22.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Садри аъзами Олмон ахиран ба рӯзномаи олмоние гуфтааст, таҳрими нафту гази Русия ба қатъи низоъ дар Украина мусоидат намекунад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Иҷрои хоҳишҳои Киев дар бораи манъи фаврии воридоти газ аз Русия ғайриқобили қабул аст ва ин метавонад барои бархе аз кишварҳо пайомадҳои ногуворе дошта бошад, гуфт дар мусоҳиба бо маҷаллаи "Spiegel" Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон.
Ба гуфтаи вай, чунин иқдом ба қатъи низоъ дар Украина мусоидат намекунад.
Вай ҳамчунин аз изҳороте, ки гӯё Берлин бо идомаи харидани гази Русия амалиёти вижаи низомии Маскав дар Украинаро "маблағгузорӣ" мекунад, интиқод кард.
"Гап дар он аст, ки мо мехоҳем аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, аз даст додани миллионҳо ҷойҳои кор ва корхонаҳое, ки дигар ҳеҷ гоҳ боз нахоҳанд шуд, худдорӣ кунем. Ин барои кишвари мо, барои тамоми Аврупо оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад дошт ва инчунин таъсири ҷиддӣ мерасонад. Инчунин ин иқдом ба маблағгузории эҳёи Украина таъсир мерасонад. Ба ҳамин хотир ман инро бояд қайд кунам: мо наметавонем ба ин роҳ диҳем”, - афзуд Шолтс.
Қаблан намояндаи роҳбари Девони Вазирони Фаронса Габриэл Аттал аз эҳтимоли таҳрими воридоти газу нафти Русия ба Иттиҳодияи Аврупо изҳори назар карда буд.
Ба гуфтаи вай, Брюссел омодааст, то ҳадде ки имкон аст, таҳрим ҷорӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол, Аврупо аллакай бо болоравии қимати маводи сӯхт ва таварруми баланд, рӯ ба рӯ шудааст, ки боиси норозигии шаҳрвандон гаштааст. Таваррум дар 19 кишвари ҳавзаи евро дар моҳи март ба 7,4 дарсад расида буд.