Новак гуфт, Аврупо наметавонад дар панҷ соли оянда нафту гази Русияро иваз кунад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДобыча нефти в Татарстане
Добыча нефти в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Муовини сарвазири Русия мегӯяд, Иттиҳодияи Аврупо наметавонад дар панҷ то даҳ соли оянда нафту гази Русияро пурра иваз кунад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ба гумон аст, ки Иттиҳодияи Аврупо тайи 5-10 соли оянда тавонад нафту гази Русияро пурра иваз кунад, бозигарони калидии саноат ба ин ақида мувофиқанд, гуфт муовини сарвазир Александр Новак.
ИМА манобеи энержии Русия (ба истиснои уран) таҳрим кард. Баъдан Бритониё эълон кард, ки то охири соли 2022 воридоти нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Федератсияи Русияро қатъ мекунад.
Лаҳистон ҳамчунин мехоҳад, то охири сол интиқоли нафт аз Русияро қатъ кунад. Дар маҷмуъ Иттиҳодияи Аврупо то ҳол аз таҳрими дастаҷамъӣ барои воридоти нафту газ аз Федератсияи Русия худдорӣ кардааст.

"Бо вуҷуди ин бозигарони калидии саноат бар ин назаранд, ки ба гумон аст, дар 5-10 соли оянда комилан иваз кардани нафту гази Русия имконпазир бошад", - навиштааст Новак дар нашрияи "Энергетическая политика".

Дар пайи талошҳои Ғарб барои дасткашӣ аз манобеи энержии Русия Владимир Путин ба бахши саноати нафту гази давлаташ дастур дод, ки кишвар бояд иҷрои тарҳҳои зерсохтиро барои интиқоли манобеи нафту газ аз Ғарб ба бозорҳои ояндадор - ба Ҷанубу Шарқ суръат бахшад.
Президенти Русия гуфт, кишварҳои аврупоӣ дар бораи даст кашидан аз манобеи энержии Русия ҳарф зада, бозорро ноором мекунанд ва нархҳоро бо дастони худ боло мебаранд.
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Тағйири масири нафту гази Русия аз Ғарб ба Ҷануб ва Шарқ
"Кишварҳои аврупоӣ пайваста дар бораи даст кашидан аз интиқоли манобеи энержии Русия ҳарф мезананду ба ин васила бозорро боз ҳам ноором мекунанд ва худ нархҳоро боло мебаранд. Пеш аз ҳама барои шаҳрвандони худ", - гуфт Путин.
Ба гуфта ӯ, аврупоиҳо метавонанд аз манобеи энержии Русия даст кашанд, аммо ҳоло ин барояшон имконнопазир аст ва медонанд, ки бидуни нафту гази Русия наметавонанд умурашонро пеш баранд.
"Бале, имконпазир аст, аммо ҳоло замони иҷрои ин қарор нест. Ҳама инро мефаҳманд, ки ҳоло дар бозор ҳаҷми озод вуҷуд надорад ва маводе, ки аз дигар кишварҳо, пеш аз ҳама Иёлоти Муттаҳида метавонад ба Аврупо фиристода шавад, ба истеъмолкунандагон чанд баробар гаронтар арзиш дорад ва ба сатҳи зиндагии мардуму рақобатпазирии иқтисоди Аврупо таъсир мерасонад", - гуфт Путин.
Дар ҳамин ҳол шабакаи телевизионии CNBC дар такя ба коршиносон изҳор доштааст, ки Ғарб дар сурати дасткашӣ аз манобеи энержии Русия ба таварруми рекордӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0