Ҳалокати чор нафар ва захмӣ шудани ҳафт тани дигар дар пайи ду садамаи мудҳиш

© КЧС ТаджикистанаДТП 17 марта на участке трассы Душанбе - Худжанд в Шахристанском районе
ДТП 17 марта на участке трассы Душанбе - Худжанд в Шахристанском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Дар пайи ду сонеҳаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб чаҳор тан ҳалок шудааст, ки ду нафарашон бародарон будаанд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Давоми як рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон зимни ду сонеҳаи нақлиётӣ чаҳор тан ҳалок гардидаву ҳафт тани дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд, хабар медиҳад КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нахуст 21-уми апрели соли 2022, соати 09:20 дар шоҳроҳи Ваҳдат - Файзобод, дар наздикии шаҳри Ваҳдат рух додааст.
Мошини тамғаи "Хундай", таҳти идораи марди 30-солаи сокини шаҳри Ваҳдат суръатро баланд карда, идораро аз даст дода, ба хатти муқобил баромадааст.
Дар натиҷа мошини ӯ ба худрави тамғаи "Опел-Вектра", ки ронандаи марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат буд, бархӯрдааст.
На автотрассе Бишкек — Ош, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Садамаи маргбор дар масири “Душанбе - Хуҷанд”: ноболиғи 17-cола ҳалок шуд
Бар асари ин бархӯрд мусофир ва ронанда мошини "Опел Вектра" дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳафт нафари дигар дар ин садама бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони шаҳри Ваҳдат мунтақил шудаанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз садамаи мудҳиши дигаре дар километри 22-юми шоҳроҳи Душанбе - Варзоб рух додааст.
Ба иттилои мақомот, мошини тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи марди 32-солаи сокини Душанбе ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Варзоб ба самти Душанбе ба мошини боркаши "Дулан" бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама ронандаи мошини "Опел-Астра" ва мусофири 34-солаи ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ҳар ду ҳалокшудаҳо бародар будаанд.
Лентаи хабарҳо
0