Садамаи маргбор дар масири “Душанбе - Хуҷанд”: ноболиғи 17-cола ҳалок шуд

© © Sputnik / Табылды КадырбековНа автотрассе Бишкек — Ош, архивное фото
На автотрассе Бишкек — Ош, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Обуна шудан
Сабаби сар задани садама аз уҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадани ронандаи тамғаи "Опел-Астра" гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дар шоҳроҳи “Душанбе - Хуҷанд” садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохт.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ронандаи Розиқзода Имрони 34-солаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", ки сокини ноҳияи Истаравшан буд, аз уҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, дар самти рости роҳ чаппа шудааст.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи чаппашавии мошини сабукрав Султонов Бахтиёри 28-сола ва ноболиғ Муродов Исфандиёри 17-сола, сокинони шаҳри Истаравшан ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

"Мутаассифона, ноболиғ Муродов Исфандиёр дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - афзудааст манбаъ.
Феълан кормандони умури дохилӣ ҳолати рухдодаро таҳқиқ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан низ дар роҳи Душанбе - Чаноқ зимни бархӯрди ду мошин се нафар ҷон доданд, ки яке аз фавтидагон ноболиғи 14-сола буд.
Лентаи хабарҳо
0