https://sputnik.tj/20220422/anjom-nizo-ukraina-jahon-taghyir-1047871289.html
Боррел: Анҷоми низоъ дар Украина ҷаҳонро ба таври куллӣ тағйир медиҳад
Боррел: Анҷоми низоъ дар Украина ҷаҳонро ба таври куллӣ тағйир медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз анҷоми низоъ дар Украина, ҷаҳон ба таври куллӣ тағйир меёбад ва ба ду қутб тақсим мешавад - яке аз онҳо иттифоқи Русия ва Чин хоҳад буд
2022-04-22T18:20+0500
2022-04-22T18:20+0500
2022-04-22T20:22+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
украина
иттиҳодияи урупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047364305_0:0:3037:1708_1920x0_80_0_0_010331e97a58b124dbcd7f65fc358a3b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Хотимаи амалиёт дар қаламрави Украина ба ҷаҳониён ихтилофи боз ҳам бештар меорад, гуфт намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷа Ҷозеп Боррелл дар мусоҳиба бо расонаҳои аврупоӣ. Ба андешаи ӯ, яке аз ин захираҳо ғалла хоҳад буд, ки бештари он дар Русия аст. Боррел аз имкони эҷоди як панорамаи нави сиёсӣ бо Русияву Чин аз як тараф ва Ғарб аз ҷониби дигар ёдовар шуд. Дар баробари ин як қатор мамлакатҳои тараққиёбанда вобаста ба шароит ба ин ё он тараф майл мекунанд. "Дар хотир доред, ки чӣ гуна дар замони "ҷанги сард" мо дар бораи кишварҳои ҳамроҳнашуда суҳбат мекардем? Ҳоло мо шоҳиди пайдоиши як падидаи мушобеҳ ҳастем", - таъкид кард ин сиёсатмадори аврупоӣ. Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Вазорати дифои Русия аввалин гурезаҳоро аз Изюми вилояти Харков берун овардБарои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220406/putin-qahti-kishvarho-faqir-1047386583.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047364305_12:0:2743:2048_1920x0_80_0_0_392a70efe665ab1cf58b13ce2bac42b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
анҷоми низоъ, украина, ҷаҳон
анҷоми низоъ, украина, ҷаҳон
Боррел: Анҷоми низоъ дар Украина ҷаҳонро ба таври куллӣ тағйир медиҳад
18:20 22.04.2022 (Навсозишуда: 20:22 22.04.2022) Пас аз анҷоми низоъ дар Украина ҷаҳон ба таври куллӣ тағйир меёбад ва ба ду қутб тақсим мешавад - яке аз онҳо иттифоқи Русия ва Чин хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Хотимаи амалиёт дар қаламрави Украина ба ҷаҳониён ихтилофи боз ҳам бештар меорад, гуфт намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷа Ҷозеп Боррелл дар мусоҳиба бо расонаҳои аврупоӣ.
"Ҷаҳон хеле парокандатар мешавад ва ин боиси таконҳои иқтисодӣ хоҳад шуд. Аз ҷумла навъҳои гуногуни ашёи хом ҳамчун силоҳ истифода мешавад", - гуфт Боррел.
Ба андешаи ӯ, яке аз ин захираҳо ғалла хоҳад буд, ки бештари он дар Русия аст.
Боррел аз имкони эҷоди як панорамаи нави сиёсӣ бо Русияву Чин аз як тараф ва Ғарб аз ҷониби дигар ёдовар шуд. Дар баробари ин як қатор мамлакатҳои тараққиёбанда вобаста ба шароит ба ин ё он тараф майл мекунанд.
"Дар хотир доред, ки чӣ гуна дар замони "ҷанги сард" мо дар бораи кишварҳои ҳамроҳнашуда суҳбат мекардем? Ҳоло мо шоҳиди пайдоиши як падидаи мушобеҳ ҳастем", - таъкид кард ин сиёсатмадори аврупоӣ.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.