https://sputnik.tj/20220406/putin-qahti-kishvarho-faqir-1047386583.html
Путин дар кишварҳои фақир қаҳтӣ пешгӯӣ кард
Путин дар кишварҳои фақир қаҳтӣ пешгӯӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Президент Путин мушкил шудани вазъи ғизо дар кишварҳои фақирро истисно накард
2022-04-06T09:00+0500
2022-04-06T09:00+0500
2022-04-06T12:35+0500
владимир путин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046186135_0:0:3036:1708_1920x0_80_0_0_3a31be4416ffb92e5c803ffcb9171898.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Баъзе кишварҳо кӯшиш хоҳанд кард, ғизо бихаранд, ки ин вазъ дар кишварҳои фақирро душвортар мекунад.Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин гуфт.Ӯ афзуд, ки бо ин амалашон кишварҳои мутараққӣ мавҷҳои нави муҳоҷиратро бармеангезанд ва дар маҷмуъ нархи боз ҳам баландтари ҷаҳонии озуқаро ба вуҷуд меоранд.Ҳамчунин Путин гуфт, Ғарб мекӯшад, хатоҳои сиёсати иқтисодиро бар дӯши Русия вогузорад.Ӯ қайд кард, ки дар ду соли охир вазъ дар бозори ҷаҳонии озуқаворӣ бадтар шудааст."Маҳз дар ду соли ахир иштибоҳҳо дар сиёсатҳои иқтисодӣ, энержӣ ва ғизоии кишварҳои пешрафта боиси якбора боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон шуд. Ва вазъ танҳо дар ҳафтаҳои ахир бадтар гардид", - таъкид кард Путин.Вай қайд кард, ки дар пасманзари ҳадди ақалли таъминоти ғизоӣ дар ҷаҳон таҳримҳои нав ҷорӣ мешаванд: кори корхонаҳо ва таъминоти логистикии интиқоли нуриҳо аз Русия ва Беларус манъ шуда, истеҳсоли нуриҳои дохилӣ аз сабаби гаронии нархи гази табиӣ коҳиш меёбад.Ин ҳам натиҷаи амали кишварҳои ғарбӣ буд, афзуд раҳбари Русия.
https://sputnik.tj/20220405/putin-gharb-ishtiboh-rusiya-1047379686.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046186135_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_f77416cf3bd5790d14e53d29477c57af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯӣ, путин, мушкили вазъи ғизо
пешгӯӣ, путин, мушкили вазъи ғизо
Путин дар кишварҳои фақир қаҳтӣ пешгӯӣ кард
09:00 06.04.2022 (Навсозишуда: 12:35 06.04.2022) Президент Путин мушкил шудани вазъи дастрасӣ ба ғизо дар кишварҳои фақирро истисно накард
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Баъзе кишварҳо кӯшиш хоҳанд кард, ғизо бихаранд, ки ин вазъ дар кишварҳои фақирро душвортар мекунад.
Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин гуфт.
"Кишварҳои мутараққӣ кӯшиш мекунанд, ки беш озуқа харидорӣ кунанд, ба худ кашанд ва ба ин васила, албатта, онҳо ногузир камбуди ғизоро дар фақиртарин минтақаҳои ҷаҳон афзоиш медиҳанд", - гуфт Путин дар ҷаласаи дастгирии кишоварзӣ.
Ӯ афзуд, ки бо ин амалашон кишварҳои мутараққӣ мавҷҳои нави муҳоҷиратро бармеангезанд ва дар маҷмуъ нархи боз ҳам баландтари ҷаҳонии озуқаро ба вуҷуд меоранд.
Ҳамчунин Путин гуфт, Ғарб мекӯшад, хатоҳои сиёсати иқтисодиро бар дӯши Русия вогузорад.
Ӯ қайд кард, ки дар ду соли охир вазъ дар бозори ҷаҳонии озуқаворӣ бадтар шудааст.
"Маҳз дар ду соли ахир иштибоҳҳо дар сиёсатҳои иқтисодӣ, энержӣ ва ғизоии кишварҳои пешрафта боиси якбора боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон шуд. Ва вазъ танҳо дар ҳафтаҳои ахир бадтар гардид", - таъкид кард Путин.
Вай қайд кард, ки дар пасманзари ҳадди ақалли таъминоти ғизоӣ дар ҷаҳон таҳримҳои нав ҷорӣ мешаванд: кори корхонаҳо ва таъминоти логистикии интиқоли нуриҳо аз Русия ва Беларус манъ шуда, истеҳсоли нуриҳои дохилӣ аз сабаби гаронии нархи гази табиӣ коҳиш меёбад.
Ин ҳам натиҷаи амали кишварҳои ғарбӣ буд, афзуд раҳбари Русия.