https://sputnik.tj/20220422/abdulloh-namozguzoron-khilofi-usulu-arzishho-dini-insoni-1047866472.html
Абдуллоҳ: Ҳамла ба намозгузорон хилофи тамоми усулу арзишҳои динию инсонӣ аст
Абдуллоҳ: Ҳамла ба намозгузорон хилофи тамоми усулу арзишҳои динию инсонӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ таъкид кард, ки ҳамла бар намозгузорон, донишомӯзон ҷинояти зиддибашарӣ ва хилофи тамоми усул ва арзишҳои динӣ ва инсонӣ аст
2022-04-22T16:10+0500
2022-04-22T16:10+0500
2022-04-22T19:56+0500
афғонистон
абдуллоҳ абдуллоҳ
инфиҷор
намозгузорон
ҳамлаи террористӣ
мазори шариф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0b/1042197927_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_946c051d312231d18235d8d95e407a44.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ҳамла ба намозгузорон, донишҷӯён, маконҳои мазҳабӣ ва ниҳодҳои омӯзишӣ ҷиноят алайҳи башарият ва бар зидди ҳама усулу арзишҳои динию инсонӣ аст.Раҳбари собиқи Шӯрои олии оштии миллӣ ҳамлаи Мазори Шарифро маҳкум карда афзуд, ки аҳли тасаннун ва ташайюъ бахши ҷудоинопазири ин миллат аст.Ёдрас менамоем, ки рӯзи панҷшанбе дар масҷиди Мазори Шарифи Афғонистон ҳангоми адои намоз таркиш рух дод.Ҳодиса дар як минтақаи серодами шаҳр ба вуқуъ пайваст.Ба гузориши хабаргузории афғонии "Khaama Press", шумори қурбониёни таркиш ба 30 нафар ва теъдоди захмиён ба 80 нафар расидааст.Бояд қайд, ки гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* масъулияти таркиш дар масҷиди шаҳри Мазори Шарифи Афғонистонро бар уҳда гирифт.Дар ин бора оҷонсии Франс Пресс бо истинод ба изҳороти ин созмон хабар додааст."Гурӯҳи "Давлати исломӣ"* масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаҳо дар рӯзи панҷшанберо бар уҳда гирифт", - омадааст дар хабар.Пас табдили ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта таркишҳову куштор ба қайд гирифта мешаванд.Ҳамин тавр тирамоҳи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷруҳ шуданд.Ахиран дар пайи таркишҳо дар назди мактабе дар Кобул дастикам 25 нафар кушта шуданд.* - гурӯҳи терррористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20220421/doish-tarkish-mazor-shari-dush-1047844712.html
афғонистон
мазори шариф
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0b/1042197927_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_24233c1951d463904986773c512f8ae7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
абдуллоҳ абдуллоҳ, намозгузорон, ҳала, террористӣ, арзишҳои диннӣ, мазори шариф
абдуллоҳ абдуллоҳ, намозгузорон, ҳала, террористӣ, арзишҳои диннӣ, мазори шариф
Абдуллоҳ: Ҳамла ба намозгузорон хилофи тамоми усулу арзишҳои динию инсонӣ аст
16:10 22.04.2022 (Навсозишуда: 19:56 22.04.2022) Раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ таъкид кард, ки ҳамла бар намозгузорон, донишомӯзон ҷинояти зиддибашарӣ ва хилофи тамоми усул ва арзишҳои динию инсонӣ аст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ҳамла ба намозгузорон, донишҷӯён, маконҳои мазҳабӣ ва ниҳодҳои омӯзишӣ ҷиноят алайҳи башарият ва бар зидди ҳама усулу арзишҳои динию инсонӣ аст.
Раҳбари собиқи Шӯрои олии оштии миллӣ ҳамлаи Мазори Шарифро маҳкум карда афзуд, ки аҳли тасаннун ва ташайюъ бахши ҷудоинопазири ин миллат аст.
Ёдрас менамоем, ки рӯзи панҷшанбе дар масҷиди Мазори Шарифи Афғонистон ҳангоми адои намоз таркиш рух дод.
Ҳодиса дар як минтақаи серодами шаҳр ба вуқуъ пайваст.
Ба гузориши хабаргузории афғонии "Khaama Press", шумори қурбониёни таркиш ба 30 нафар ва теъдоди захмиён ба 80 нафар расидааст.
Бояд қайд, ки гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* масъулияти таркиш дар масҷиди шаҳри Мазори Шарифи Афғонистонро бар уҳда гирифт.
Дар ин бора оҷонсии Франс Пресс бо истинод ба изҳороти ин созмон хабар додааст.
"Гурӯҳи "Давлати исломӣ"* масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаҳо дар рӯзи панҷшанберо бар уҳда гирифт", - омадааст дар хабар.
Пас табдили ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта таркишҳову куштор ба қайд гирифта мешаванд.
Ҳамин тавр тирамоҳи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷруҳ шуданд.
Ахиран дар пайи таркишҳо дар назди мактабе дар Кобул дастикам 25 нафар кушта шуданд.
* - гурӯҳи терррористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон