ДОИШ* масъулияти таркиш дар масҷиди Мазори Шарифро бар дӯш гирифт

© AP / Sherin ZadaВооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
ДОИШ* масъулияти таркиши масҷиди Мазори Шарифро бар дӯш гирифт. Дар пайи ин инфиҷор 30 нафар ҷон доду беш аз 80 тан захмдор шуд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* масъулияти таркиш дар масҷиди шаҳри Мазори Шарифи Афғонистонро бар уҳда гирифт.
Дар ин бора оҷонсии Франс Пресс бо истинод ба изҳороти ин созмон хабар медиҳад.

"Гурӯҳи "Давлати исломӣ* масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаҳо дар рӯзи панҷшанберо бар уҳда гирифт", - омадааст дар хабар.

Рӯзи панҷшанбе дар масҷиди Мазори Шарифи Афғонистон ҳангоми адои намоз таркиш рух дод.
Ҳодиса дар як минтақаи серодами шаҳр ба вуқуъ пайваст.
Ба гузориши хабаргузории афғонии "Khaama Press", шумори қурбониёни таркиш ба 30 нафар ва теъдоди захмиён ба 80 нафар расидааст.
Верующие-мусульмане совершают первую вечернюю молитву перед началом поста в первую ночь священного месяца поста Рамадан в северо-западной сирийской провинции Идлиб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Таркиш дар масҷиди Афғонистон 30 кушта бар ҷой гузошт
Бояд гуфт, пас аз иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта таркишҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Ҳамин тавр тирамоҳи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷруҳ шуданд.
Инфиҷори шадид дар мактаби Кобул чанд нафарро кушт
Ахиран дар пайи таркишҳо дар назди мактабе дар Кобул дастикам 25 нафар кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0