Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти мурғ афзуд: нархаш низ боло рафтааст

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрилавок с мясом птицы, архивное фото
Прилавок с мясом птицы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Ба далели афзоиши шумори корхонаҳои мурғпарварӣ дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ тавлиди гӯшт низ тақрибан 44% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Аз оғози соли 2022 истеҳсолкунандагони гӯшти мурғ дар Тоҷикистон ҳаҷми тавлидотро беш аз 44% афзоиш доданд, хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба Вазорати кишоварзии кишвар.
Ҳамин тариқ тайи моҳҳои январ-март дар ҷумҳурӣ ҳудуди 10,8 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 44,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари ин истеҳсоли гӯшти чорвои калону хурд низ 3,5 фоиз афзуда, ҳаҷми умумии он ба 36,7 ҳазор тонна мерасад.
Курицы на прогулке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Афзоиши истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон
Тибқи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, афзоиши истеҳсоли гӯшт солана то 278,1 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.
То чӣ андоза таъмин кардани ин нишондиҳандаи истеҳсолӣ мушаххас нест. Илова бар ин дар пешгӯӣ маълумот дар бораи талаботи солонаи кишвар ба гӯшт низ мавҷуд нест.
Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир арзиши 1 кг гӯшти гов дар бозорҳои Тоҷикистон 65 - 67 сомониро ташкил медиҳад.
Соли ҷорӣ ҷумҳурӣ нақша дорад, ки ба хориҷ қариб 30 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ фурӯшад.
Қаблан маълум шуд, ки ҷаҳиши истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар ду моҳи аввали соли 2022 қариб 50%-ро ташкил додааст.
Вазири кишоварзии собиқи Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода изҳор дошта буд, ки дар тӯли 3 сол теъдоди корхонаҳои мурғпарварӣ дар кишвар 116 адад афзоиш ёфтааст.
Куриное мясо на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Парлумон аз Раҳмон хост, аз вуруди дорую ғизои пастсифат пешгирӣ кунад
Афзоиши истеҳсоли гӯшти мурғ дор ҳолест, ки нархи он низ баробари истеҳсолаш боло меравад.
Ҳоло арзиши як кило гӯшти мурғи истеҳсоли ватанӣ дар бозор аз 35 то 45 сомонӣ арзиш дорад, ки ин нишондиҳанда як сол қабл 25-35 сомонӣ буд.
Се сол қабл бошад, як кило гӯшти мурғ 15-25 сомонӣ буд, ки он низ бештар аз хориҷ ворид карда мешуд.
Ҳарчанд ҳукумат барои ин бахш сабукиҳои назаррасро низ пиёда кардааст, аммо нархи маҳсулоти истеҳсолӣ ҳамасола боло меравад.
Лентаи хабарҳо
0