https://sputnik.tj/20220421/shinosoi-sughd-bozsozi-qala-khujand-1047834757.html
Шиносоии раиси Суғд бо бозсозии Қалъаи Хуҷанд
Шиносоии раиси Суғд бо бозсозии Қалъаи Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Қалъаи Хуҷанд яке аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии халқии тоҷик буда, мақомоти тоҷик бо ҷалби устоҳои чирадасти дохилию хориҷӣ барои бозсозии он иқдом кардаанд
2022-04-21T16:30+0500
2022-04-21T16:30+0500
2022-04-21T20:51+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
"қалъаи хуҷанд"
бозсозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/15/1047833308_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_4075e5eec3c6fa4fa49d782db7ebdb02.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо корҳои таъмиру барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд шинос шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд, бозсозии Қалъаи Хуҷанд бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон роҳандозӣ шудаст. Манбаъ таъкид кардааст, ки дижи мазкур таърихи беш аз 3-ҳазорсола дошта, рамзи қаҳрамонию далерии халқи тоҷик мебошад. Зикр мешавад, ки маҳз дар ин ҷо қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик алайҳи лашкари Чингиз истодагарӣ карда, шаҳри Хуҷандро аз ҳимояи лашкари аҷнабӣ ҳимоя кардааст. Ҳукумати Суғд мегӯяд, ба корҳои навсозии иншооти қадимӣ гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, олимону бостоншиносон ҷалб гардидаанд. Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиж, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хидматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.Ҳукумати Суғд мегӯяд, ба корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, то ҳол аксари корҳо ба итмом расонида шудаанд.Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ин иншоот муҳим хондааст, ки асосу унсурҳои таърихӣ дар вақти барқарорсозӣ ҳифз карда шаванд. Ӯ ҳамчунин барои иҷрои корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд дастур дода, зарур хондааст, ки шумораи бинокорон зиёд карда шавад. Зикр шудааст, ки Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, ҳамасола ҳазорҳо сайёҳи дохилию хориҷӣ аз он боздид мекунанд.
https://sputnik.tj/20220324/tojikiston-dahgona-makonho-istirohati-1047036133.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/15/1047833308_129:0:1266:853_1920x0_80_0_0_13c56e687ffbfff5a92c44bc4d610fec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қалъа, хуҷанд, бозсозӣ
Шиносоии раиси Суғд бо бозсозии Қалъаи Хуҷанд
16:30 21.04.2022 (Навсозишуда: 20:51 21.04.2022) Қалъаи Хуҷанд яке аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии халқии тоҷик буда, мақомоти тоҷик бо ҷалби устоҳои чирадасти дохилию хориҷӣ барои бозсозии он иқдом кардаанд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо корҳои таъмиру барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд шинос шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд, бозсозии Қалъаи Хуҷанд бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон роҳандозӣ шудаст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дижи мазкур таърихи беш аз 3-ҳазорсола дошта, рамзи қаҳрамонию далерии халқи тоҷик мебошад. Зикр мешавад, ки маҳз дар ин ҷо қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик алайҳи лашкари Чингиз истодагарӣ карда, шаҳри Хуҷандро аз ҳимояи лашкари аҷнабӣ ҳимоя кардааст.
Ҳукумати Суғд мегӯяд, ба корҳои навсозии иншооти қадимӣ гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, олимону бостоншиносон ҷалб гардидаанд.
Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиж, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хидматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.
Ҳукумати Суғд мегӯяд, ба корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, то ҳол аксари корҳо ба итмом расонида шудаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ин иншоот муҳим хондааст, ки асосу унсурҳои таърихӣ дар вақти барқарорсозӣ ҳифз карда шаванд.
Ӯ ҳамчунин барои иҷрои корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд дастур дода, зарур хондааст, ки шумораи бинокорон зиёд карда шавад.
Зикр шудааст, ки Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, ҳамасола ҳазорҳо сайёҳи дохилию хориҷӣ аз он боздид мекунанд.