Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин маконҳои истироҳатӣ ворид шуд

CC BY 2.0 / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, TajikistanТуристы в городе Гиссар в Таджикистане
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Маълум шуд, ки аз 14 март ба ин сӯ исми кадом кишварҳо дар феҳристи ҷустуҷӯҳои русҳо барои рафтан ба тафреҳ қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Тӯли 10 рӯзи ахир русҳо бештар дар ҷустуҷӯи чиптаҳои ҳавопаймо ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон буданд. Чунин маълумотро хадамоти банақшагирии сафар "OneTwoTrip" мунташир кардааст.
Дар рӯйхати кишварҳои дорои мавзеъҳои истироҳатӣ Тоҷикистон дар ҷои 7-ум аст. Туркия дар даҳ кишвари беҳтарини сайёҳӣ пешсаф аст, Ӯзбекистон дар ҷои дуюм ва Арманистон дар зинаи сеюм қарор гирифтааст.
Таҳлили маълумоти коршиносон дархостҳои ҷустуҷӯии муштариёнро аз нимаи моҳи март дар бар мегирад.
Коршиносон гуфтанд, ки ҳафтаи гузашта шумораи бештари ширкатҳои ҳавопаймоии Русия пас аз маҳдудияти муваққатӣ, аз 8 март дубора парвозро оғоз карданд.

"Ба ҷуз аз се кишвари аввалӣ русҳо нақша доранд, ки ба Қирғизистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Гурҷистон ва Исроил низ парвоз кунанд", - омадааст дар иттилоия ин ширкат.

Ба ин кишварҳо ба истиснои Гурҷистон тавассути хатсайрҳои мустақим аз шаҳрҳои бузурги Русия, аз ҷумла бо ширкатҳои ватанӣ метавон сафар кард, гуфта мешавад дар иттилоия.
Ҳамин тариқ ба Ереван на танҳо ҳавопаймоҳои Арманистон, балки ҳавопаймоҳои нави "Аэрофлот" ҳам парвоз мекунанд.
Ба Гурҷистон метавон танҳо аз тариқи кишвари сеюм - Истамбул, Минск ё Ереван рафт, иттилоъ додааст "OneTwoTrip".
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Коршинос рушди сайёҳӣ дар ИДМ-ро пешгӯӣ кард
Таҳлили арзиши чиптаҳои ҳавопаймо, ки аз ҷониби коршиносон анҷом дода шудааст, нишон дод, дар байни кишварҳои маъмултарин барои русҳо дар моҳҳои март-апрел сафар ба Арманистон дастрастар хоҳад буд.
Нархи чиптаи яктарафа аз Маскав ба Ереван ба ҳисоби миёна 19 000 рубл аст. Ба Душанбе бо нархи 22,2 ҳазор ва ба Истамбул бо 39,8 ҳазор рубл парвоз кардан мумкин аст.
Содатарин қоидаҳои вуруд барои русҳо дар Туркия, Арманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Гурҷистон аст.
Ширкат илова кардааст, ки ба ҳамаи ин кишварҳо метавон бо санҷиши манфии коронавирус ё шаҳодатномаи эмшуда сафар кард.
Лентаи хабарҳо
0