https://sputnik.tj/20220421/rozigi-ozoda-rahmon-javonon-sughd-khatlon-1047839354.html
Бо розигии Озода Раҳмон ҷавонони Суғду Хатлону Бадахшон меҳмони хонаи ҳам мешаванд
Бо розигии Озода Раҳмон ҷавонони Суғду Хатлону Бадахшон меҳмони хонаи ҳам мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Нақшаи ташкили меҳмонии ҷавонон ба хонаи ҳамдигарро Кумитаи кор бо ҷавонон бар асоси розигии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳия кардаст
2022-04-21T17:30+0500
2022-04-21T17:30+0500
2022-04-21T20:57+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
меҳмонӣ
хона
вмкб
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103077/65/1030776532_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_a0e4208eae43069b7f661971091649c0.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Аввалин меҳмонии муташаккили ҷавонони навоҳии гуногуни Тоҷикистон ба хонаи ҳамдигар то 24 апрел давом хоҳад дошт, хабар дод "Ховар" аз қавли Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҶТ. Манбаъ мегӯяд, дар доираи ин чорабинӣ, ки таҳти унвони "Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир" баргузор мешавад, нахуст беш аз 100 ҷавони фаъоли тоҷик аз Дарвоз, Восеъ ва Кӯлоб боздид мекунанд. Ба иттилои хабаргузории "Ховар", ин иқдом аз сӯйи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ бар асоси розигии Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ мешавад. "Зимни боздид ҷавонон бо маконҳои диданибоб ва ёдгориҳои таърихии минтақа шинос гардида, бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму русуми меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони ин ноҳияҳо ҷойгир карда мешаванд", - омадааст дар хабари манбаъ. Таъкид шудаст, ки аз ҷумла 50 нафар ҷавони фаъоли вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз сӯйи Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба меҳмонии ҳамсолонашон ба Хатлон аллакай фиристода шудаанд. Ҳукумати шаҳри Хоруғ низ аллакай 50 ҷавони фаъоли ВМКБ-ро ба меҳмонии ҳамсолонашон дар навоҳии дигар сафарбар кардааст. Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмуъ, бар асоси нақша, 9 мавриди меҳмонии ҷавонон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
https://sputnik.tj/20220329/general-nazarzoda-badakhshon-sarmoyai-zehni-1047154937.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103077/65/1030776532_77:0:2744:2000_1920x0_80_0_0_235f9aa2b67fac92539a25e41d1711de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷавонон, суғд, хатлон, вмкб, меҳмон
ҷавонон, суғд, хатлон, вмкб, меҳмон
Бо розигии Озода Раҳмон ҷавонони Суғду Хатлону Бадахшон меҳмони хонаи ҳам мешаванд
17:30 21.04.2022 (Навсозишуда: 20:57 21.04.2022) Нақшаи ташкили меҳмонии ҷавонон ба хонаи ҳамдигарро Кумитаи кор бо ҷавонон бар асоси розигии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон таҳия кардааст
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Аввалин меҳмонии муташаккили ҷавонони навоҳии гуногуни Тоҷикистон ба хонаи ҳамдигар то 24 апрел давом хоҳад дошт, хабар дод "Ховар" аз қавли Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҶТ.
Манбаъ мегӯяд, дар доираи ин чорабинӣ, ки таҳти унвони "Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир" баргузор мешавад, нахуст беш аз 100 ҷавони фаъоли тоҷик аз Дарвоз, Восеъ ва Кӯлоб боздид мекунанд.
Ба иттилои хабаргузории "Ховар", ин иқдом аз сӯйи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ бар асоси розигии Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ мешавад.
"Зимни боздид ҷавонон бо маконҳои диданибоб ва ёдгориҳои таърихии минтақа шинос гардида, бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму русуми меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони ин ноҳияҳо ҷойгир карда мешаванд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Таъкид шудаст, ки аз ҷумла 50 нафар ҷавони фаъоли вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз сӯйи Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба меҳмонии ҳамсолонашон ба Хатлон аллакай фиристода шудаанд.
Ҳукумати шаҳри Хоруғ низ аллакай 50 ҷавони фаъоли ВМКБ-ро ба меҳмонии ҳамсолонашон дар навоҳии дигар сафарбар кардааст.
Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмуъ, бар асоси нақша, 9 мавриди меҳмонии ҷавонон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор мегардад.