Тавсифи генерал Назарзода аз ҷавонони Бадахшон: Дорои сармояи бузурги зеҳниянд

© Пресс служба президента РТГенерал-майор милиции Шариф Назарзода
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Сардори навтаъйини мақомоти умури дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷавонони ин вилоят дар шаҳри Хоруғ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо милиса аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии ВМКБ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ буд.
Дар ин бора бо нашри як иттилоия Раёсати умури дохилии ВМКБ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Назарзода таҳкими ҳамкории мақомоти милисаи вилоят бо аҳолиро дар ҳоле ки равандҳои хатарзо дар минтақаю ҷаҳон ҷой доранд, муҳим хондаст.
Ҳамчунин генерал дар мавриди роҳҳои пешгирии аъмоли номатлуб, мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани ашхоси ҷинояткор ва таъмини адолати иҷтимоӣ, доғдор накардани ояндаи ҷавонон изҳори назар кардаст.
Иҷрои қонун дар бораи масъулияти падару модар, аз байн бурдани маҳалгароӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот будаанд.
Призывники в армию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Ҷавонон дар Шуғнон ба нуқтаи даъват омадаанд, ки ба аскарӣ раванд
Сардори Раёсати умури дохилии ВМКБ таъкид намудаст, ки ҷавонони вилоят дорои сармояи бузурги зеҳнӣ мебошанд. Вай муҳим хондаст, ки ин зарфият барои ободию хештаншиносӣ ва ҳифзи марзу бум равона карда шавад.
Инчунин дар мулоқот ба донишҷӯёне, ки интизоми намунавӣ доранду дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузоранд, сипоснома ва туҳфаҳо тақдим шудаанд.
Қобили зикр аст, ки 24-уми феврал дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, сардори раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардид. Таъйиноти ӯ дар пасманзари нооромиҳо ва ҳамоишҳои эътирозии моҳи ноябр дар Хоруғ сурат гирифт.
Назарзода дар мулоқотҳояш бо сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳор дошт, ки дар фаъолияташ такя ба мардум мекунад.
Лентаи хабарҳо
0