Аз борону раъду барқ то хатари сел: пешгӯии обуҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Анатолий Устиненко / Гузариш ба медиабонкПоследствия схода селевого потока
Последствия схода селевого потока  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Шабонарӯзи наздик дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон сар омадани сел пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда ва дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борошоти боронро пешгӯӣ мекунад. Дар минтақаҳои алоҳидаи шарқии вилоят бориши борон ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Последствия схода сели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Барои осебдидагони сел дар Тоҷикистон қитъаи замин ҷудо мешавад
Хатлонро низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, шабона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Рӯзона асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.
Гармо дар водиҳо шабона 11+16 рӯзона 22+27 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона ба 15+20 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбеборони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0