Азми Тоҷикистону Беларус барои таъсиси корхонаи қолинбарорӣ

© Sputnik / Александр Поготов / Гузариш ба медиабонкПроизводство ковров. Архивное фото
Производство ковров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Беларус ният доранд, аз тариқи таъсиси корхонаҳои бештари муштарак ҳамкориро дар бахши истеҳсолот густариш диҳанд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Таъсиси корхонаи муштараки қолинбарорӣ ва содироти меваю сабзавот аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ва Виктор Денисенко, сафири Беларус дар Душанбе буд.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҷонибҳо ният доранд, корхонаи муштараки истеҳсоли қолинҳоро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" таъсис диҳанд.
Инчунин изҳори ният кардаанд, ки содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот ба Беларус афзоиш дода шавад.
Ин дар ҳолест, ки солҳои охир Тоҷикистону Беларус талош доранд, ҳамкориро дар самти роҳандозии истеҳсолот густариш диҳанд.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Фармони президент: ба ҳукумат 6 моҳ муҳлат дод, ки нақшаи 5 соли ояндаро таҳия кунад
Аз ҷумла нимаи моҳи равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи "Хуҷанд-Могилёвлифтмаш" оғоз бахшид, ки аз ҷониби раиси "Хуҷандторгмаш" дар ҳамкорӣ бо корхонаи "Могилёвлифтмаш"-и Беларус таъсис дода шудааст.
Ин корхона дар масоҳати 1,8 гектар бо харҷи 2,9 млн. сомонӣ бунёд шудаст, ки аз он 2,1 миллион сомонӣ барои насби таҷҳизот равона гардидаст. Таъкид шудааст, ки дастгоҳу таҷҳизот аз Беларус ворид карда шудааст.
Дар доираи ин ҳамкорӣ лифтҳои нимтайёр аз “Могилёвлифтмаш” ворид карда шуда, бо истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии боқимонда дар корхонаи нави шаҳри Хуҷанд лифт пурра барои истифода омода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ҳадафи стратегии чорумашро саноатикунонии босуръати кишвар эълон карда, ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди ин бахш таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Лентаи хабарҳо
0