https://sputnik.tj/20220106/farmoni-prezident-hukumat-muhlat-naqsha-1044621351.html
Фармони президент: ба ҳукумат 6 моҳ муҳлат дод, ки нақшаи 5 соли ояндаро таҳия кунад
Фармони президент: ба ҳукумат 6 моҳ муҳлат дод, ки нақшаи 5 соли ояндаро таҳия кунад
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон ба ҳукумат шаш моҳ муҳлат дод, ки нақшаи саноатикунонии кишварро дар 5 соли оянда таҳия намояд
2022-01-06T11:17+0500
2022-01-06T11:17+0500
2022-01-06T11:31+0500
президент
эмомалӣ раҳмон
саноат
фармон
истеҳсолот
муҳлат
нақша
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044513703_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_71c0a8d8d18d29ebb6c87bb66d91c0f4.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" эълон карда шаванд, омадааст дар фармони ҷадиди раисҷумҳур. Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ҳадаф аз фармон таъмини саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. "Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд", - омадааст дар санад. Раҳмон масъалаи саноатикунонӣ дар панҷ соли ояндаро дар паёми охираш ба парлумон ба миён гузошта, бархе дастуротро ироа намуд. Аз ҷумла таъкид намуд, ки дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сари ҳар сокин бояд то 2 баробар зиёд гардад. Раҳмон афзуд, ки дар ин муддат зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода шаванду ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонда шавад. Инчунин супориш дода шуд, ки содироти молҳои саноатӣ ду баробар афзоиш дода шавад.Раисҷумҳур гуфт, ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар бояд ба 26 фоиз расонида шаваду гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин гардад. Аз таъкидоти дигари Раҳмон ду баробар зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ дар панҷ соли оянда ва фароҳам сохтани беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20220105/vazir-daromad-aholi-miyonahol-1044606654.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044513703_59:0:1874:1361_1920x0_80_0_0_9c7b0c06db4a61090afa6bc900bba0c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, сол, оянда, рушди саноат, эълон
эмомалӣ раҳмон, сол, оянда, рушди саноат, эълон
Фармони президент: ба ҳукумат 6 моҳ муҳлат дод, ки нақшаи 5 соли ояндаро таҳия кунад
11:17 06.01.2022 (Навсозишуда: 11:31 06.01.2022) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон ба ҳукумат шаш моҳ муҳлат дод, ки нақшаи саноатикунонии кишварро дар 5 соли оянда таҳия намояд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" эълон карда шаванд, омадааст дар фармони ҷадиди раисҷумҳур.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ҳадаф аз фармон таъмини саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
"Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд", - омадааст дар санад.
Раҳмон масъалаи саноатикунонӣ дар панҷ соли ояндаро дар паёми охираш ба парлумон ба миён гузошта, бархе дастуротро ироа намуд. Аз ҷумла таъкид намуд, ки дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сари ҳар сокин бояд то 2 баробар зиёд гардад.
Раҳмон афзуд, ки дар ин муддат зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода шаванду ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонда шавад. Инчунин супориш дода шуд, ки содироти молҳои саноатӣ ду баробар афзоиш дода шавад.
Раисҷумҳур гуфт, ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар бояд ба 26 фоиз расонида шаваду гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин гардад. Аз таъкидоти дигари Раҳмон ду баробар зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ дар панҷ соли оянда ва фароҳам сохтани беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мебошанд.