Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Володин таҳримҳо алайҳи Русияро ғайриқонунӣ номид

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Раиси Думаи давлатии Русия изҳор доштааст, ки кишварҳои аврупоӣ бояд зарари аз таҳримҳо расидаро ҷуброн кунанд. Ба боварии ӯ, ин таҳримҳо ғайриқонӣ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Таҳримҳо алайҳи Русия ғайриқонунӣ буда, Маскав то ҳол хисороти воридшуда ба иқтисоди Русияро баррасӣ мекунад, гуфт Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки кишварҳои аврупоӣ бояд дар ҳар сурате ки набошад, ин хисоротро ҷуброн кунанд.
Вакили парлумон дар шабакаи "Telegram"-и худ қайд кард, ки як қатор кишварҳои аврупоӣ дар мавриди харидани гази Русия ба рубли русӣ фикр мекунанд.

"Касе ба Иттиҳодияи Аврупо ишора мекунад: агар онҳо инро саркашӣ аз таҳримҳо медонанд, мо пардохт намекунем, агар баръакс гӯянд, мо медиҳем", - гуфт ӯ.

Дар идома ӯ гуфт, кишварҳои Аврупо бояд як чизро дарк кунанд, ки таҳримҳо алайҳи Русия ғайриқонунӣ ҳастанд.
ЦБ сделал заявление на введение санкций - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Дар Русия низоми нави пардохт пайдо шуд
"Мо ба ин мавзуъ бармегардем ва зарареро, ки шумо ба иқтисоди мо расонидаед, баррасӣ хоҳем кард. Ба ҳар ҳол шумо бояд онро ҷуброн кунед. Кай ва чӣ тавр, баъдан маълум мешавад", - тавзеҳ дод Володин.
Ёдовар мешавем, ки пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд. Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Даъватҳо барои коҳиш додани вобастагӣ аз манобеи энержии Русия дар Аврупо бештар шудаанд. Бисёре аз брендҳои ҷаҳонӣ аз хуруҷи худ дар Русия хабар доданд.
Сарвазири Лаҳистон эътироф кард, ки таҳримҳо алайҳи Русия кор намекунанд
Ба гуфтаи президент Владимир Путин, чунин амалҳои Ғарб дар асл ба бадтар кардани зиндагии миллион одамон равона шудаанд. Ӯ афзуд, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо воқеан дар иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Русия дефолт эълон карда, захираҳои асъории онро мунҷамид кардаанд, ки рӯйдодҳои имрӯза ба бартарияти ҷаҳонии Ғарб ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод хатти батлон мекашад.
Фишори таҳримӣ алайҳи Маскав аллакай ба мушкилоти иқтисодӣ барои ИМА ва Аврупо табдил ёфта, боиси афзоиши ҷиддии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0