https://sputnik.tj/20220420/tolibon-hamla-doish-tirmiz-uzbekiston-rad-1047794162.html
Толибон низ ҳамлаи ДОИШ* ба Тирмизи Ӯзбекистонро рад кард
Толибон низ ҳамлаи ДОИШ* ба Тирмизи Ӯзбекистонро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Толибон сарусадоҳо дар бораи ҳамлаҳои террористӣ аз Афғонистон ба объектҳои низомии Ӯзбекистон дар Тирмизро шарҳ доданд
2022-04-20T13:10+0500
2022-04-20T13:10+0500
2022-04-20T13:10+0500
осиёи марказӣ
ӯзбекистон
афғонистон
толибон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102857/28/1028572822_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_5e5328c93875adf6933febda330f1982.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Намояндагони ҷунбиши толибон хабарҳо дар бораи тирборон шудани Тирмизи Ӯзбекистон аз сӯйи ДОИШ* -ро сарусадоҳои беасос номиданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.Толибон худро “ҳукумати масъуле меноманд, ки ба касе иҷоза намедиҳанд, амнияти сарҳадро зери хатар гузорад”.Маълумот дар бораи ҳамлаи ҷангҷӯёни ДОИШ* ба иншооти низомии Тирмиз аз қаламрави Афғонистон чанд рӯз пеш паҳн шуд. Рӯзи душанбе ин хабарро Шерзод Асадов, котиби матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон рад кард. "Маълумоти аз тариқи баъзе каналҳои "Telegram" паҳншуда дар бораи ҳамлаи мушакӣ аз қаламрави Афғонистон ба воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон дар Тирмиз комилан нодуруст аст", - навиштааст Асадов дар канали худ.Вай бо истинод ба маълумоти Вазорати дифоъ ва Қӯшунҳои сарҳадии ин ҷумҳурӣ итминон дод, ки вазъ дар марзи Ӯзбекистону Афғонистон муътадил буда, дар он ҷо ягон амалиёти низомӣ мушоҳида намешавад.Шерзод Асадов аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ба ин иғво бовар накунанд.Қаблан Ӯзбекистон хабар дода буд, ки роҳи Хайратон - Мазори Шарифро пурра ба Афғонистон вогузор мекунад. Ба таъкиди директори "Роҳи оҳан"-и Афғонистон Бахтурраҳмон Шарофат, аз 10 апрел идораи роҳи оҳани Хайратон - Мазори Шариф комилан ба ҷониби Афғонистон мегузарад.Ӯзбекистон роҳи Ҳайратон - Мазори Шарифро дар ихтиёри Афғонистон мегузорадТибқи созишномаи нав, ки бо дархости мақомоти Афғонистон имзо шудааст, аз аввали моҳи май тамоми масъулияти нигоҳдории роҳи оҳан, аз ҷумла нигоҳдорӣ, идора ва ҷамъоварии даромад ба ихтиёри Роҳи оҳани Афғонистон вогузор шудааст.* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20220419/sukhangu-mirziyoev-khabar-tirboron-tirmiz-afghoniston-sharh-1047766502.html
ӯзбекистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102857/28/1028572822_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_f00260debfd847e4b4c043f7ec7e1e15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон тирмиз ӯзбекистон ҳамла
толибон тирмиз ӯзбекистон ҳамла
Толибон низ ҳамлаи ДОИШ* ба Тирмизи Ӯзбекистонро рад кард
Толибон сарусадоҳо дар бораи ҳамлаҳои террористӣ аз Афғонистон ба объектҳои низомии Ӯзбекистон дар Тирмизро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Намояндагони ҷунбиши толибон хабарҳо дар бораи тирборон шудани Тирмизи Ӯзбекистон аз сӯйи ДОИШ* -ро сарусадоҳои беасос номиданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
"Тирборон шудани шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон аз қаламрави Афғонистон ба ҷуз овоза чизе нест. Ҷое барои хавотир шуданро намебинем", - гуфт намояндаи Вазорати умури хориҷии толибон Абдулқаҳор Балхӣ.
Толибон худро “ҳукумати масъуле меноманд, ки ба касе иҷоза намедиҳанд, амнияти сарҳадро зери хатар гузорад”.
Маълумот дар бораи ҳамлаи ҷангҷӯёни ДОИШ* ба иншооти низомии Тирмиз аз қаламрави Афғонистон чанд рӯз пеш паҳн шуд. Рӯзи душанбе ин хабарро Шерзод Асадов, котиби матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон рад кард.
"Маълумоти аз тариқи баъзе каналҳои "Telegram" паҳншуда дар бораи ҳамлаи мушакӣ аз қаламрави Афғонистон ба воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон дар Тирмиз комилан нодуруст аст", - навиштааст Асадов дар канали худ.
Вай бо истинод ба маълумоти Вазорати дифоъ ва Қӯшунҳои сарҳадии ин ҷумҳурӣ итминон дод, ки вазъ дар марзи Ӯзбекистону Афғонистон муътадил буда, дар он ҷо ягон амалиёти низомӣ мушоҳида намешавад.
Шерзод Асадов аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ба ин иғво бовар накунанд.
Қаблан Ӯзбекистон хабар дода буд, ки роҳи Хайратон - Мазори Шарифро пурра ба Афғонистон вогузор мекунад. Ба таъкиди директори "Роҳи оҳан"-и Афғонистон Бахтурраҳмон Шарофат, аз 10 апрел идораи роҳи оҳани Хайратон - Мазори Шариф комилан ба ҷониби Афғонистон мегузарад.
Тибқи созишномаи нав, ки бо дархости мақомоти Афғонистон имзо шудааст, аз аввали моҳи май тамоми масъулияти нигоҳдории роҳи оҳан, аз ҷумла нигоҳдорӣ, идора ва ҷамъоварии даромад ба ихтиёри Роҳи оҳани Афғонистон вогузор шудааст.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия