https://sputnik.tj/20220419/sukhangu-mirziyoev-khabar-tirboron-tirmiz-afghoniston-sharh-1047766502.html
Ӯзбекистон хабари тирборон шудани Тирмиз аз сӯйи Афғонистонро рад кард
Ӯзбекистон хабари тирборон шудани Тирмиз аз сӯйи Афғонистонро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъе паҳн шудааст, ки гӯё ҷангиёни ДОИШ* аз афғонистон ба сӯйи иншооти низомии Тирмиз бо мушак ҳамла кардаанд
2022-04-19T13:30+0500
2022-04-19T13:30+0500
2022-04-19T13:30+0500
осиёи марказӣ
ӯзбекистон
афғонистон
марз
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/13/1047766449_0:482:1501:1326_1920x0_80_0_0_0b761c7ade3d46a9ff035f7c1aadb704.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Маълумот дар бораи партоби мушак аз қаламрави Афғонистон дуруст нест, гуфт котиби матбуотии президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов.Овозаҳо дар бораи ҳамлаи мушакӣ ба зерсохтҳои низомӣ дар Тирмиз қаблан дар як қатор каналҳои "Telegram" паҳн шуда буданд. Дар ҳамин ҳол Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба Вазорати мудофиаи ин кишвар хабар медиҳад, ки вазъият дар марзи Ӯзбекистону Афғонистон муътадил аст."Фаъолияти ҳарбӣ мушоҳида намешавад", - омадааст дар хабари Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон.Зимнан сухангӯи роҳбари Ӯзбекистон аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ба ин иғво бовар накунанд.Қаблан Ӯзбекистон хабар дода буд, ки роҳи Хайратон - Мазори Шарифро пурра дар ихтиёри Афғонистон вогузор мекунад. Ба таъкиди директори "Роҳи оҳан" -и Афғонистон Бахтурраҳмон Шарофат сар аз 10 апрел идораи роҳи оҳани Хайратон - Мазори Шариф комилан ба ҷониби Афғонистон мегузарад.Тибқи созишномаи нав, ки бо дархости мақомоти Афғонистон имзо шудааст, аз аввали моҳи май тамоми масъулияти нигоҳдории роҳи оҳан, аз ҷумла нигоҳдорӣ, идора ва ҷамъоварии даромад ба ихтиёри Роҳи оҳани Афғонистон вогузор шудааст.
https://sputnik.tj/20220417/uzbekiston-roh-khayraton-mazori-sharif-afghoniston-1047717535.html
ӯзбекистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/13/1047766449_0:341:1501:1467_1920x0_80_0_0_43888c53cf9de896d531c53f6a33a174.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғзбекистон тирмиз афғонистон тирборон
ғзбекистон тирмиз афғонистон тирборон
Ӯзбекистон хабари тирборон шудани Тирмиз аз сӯйи Афғонистонро рад кард
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъе паҳн шудааст, ки гӯё ҷангиёни ДОИШ* аз Афғонистон ба сӯйи иншооти низомии Тирмиз бо мушак ҳамла кардаанд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Маълумот дар бораи партоби мушак аз қаламрави Афғонистон дуруст нест, гуфт котиби матбуотии президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов.
Овозаҳо дар бораи ҳамлаи мушакӣ ба зерсохтҳои низомӣ дар Тирмиз қаблан дар як қатор каналҳои "Telegram" паҳн шуда буданд.
"Маълумоти аз тариқи баъзе каналҳои "Telegram" паҳншуда дар бораи ҳамлаи мушакӣ аз қаламрави Афғонистон ба воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон дар Тирмиз комилан нодуруст аст", - навиштааст Асадов дар канали худ.
Дар ҳамин ҳол Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба Вазорати мудофиаи ин кишвар хабар медиҳад, ки вазъият дар марзи Ӯзбекистону Афғонистон муътадил аст.
"Фаъолияти ҳарбӣ мушоҳида намешавад", - омадааст дар хабари Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон.
Зимнан сухангӯи роҳбари Ӯзбекистон аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ба ин иғво бовар накунанд.
Қаблан Ӯзбекистон хабар дода буд, ки роҳи Хайратон - Мазори Шарифро пурра дар ихтиёри Афғонистон вогузор мекунад. Ба таъкиди директори "Роҳи оҳан" -и Афғонистон Бахтурраҳмон Шарофат сар аз 10 апрел идораи роҳи оҳани Хайратон - Мазори Шариф комилан ба ҷониби Афғонистон мегузарад.
Тибқи созишномаи нав, ки бо дархости мақомоти Афғонистон имзо шудааст, аз аввали моҳи май тамоми масъулияти нигоҳдории роҳи оҳан, аз ҷумла нигоҳдорӣ, идора ва ҷамъоварии даромад ба ихтиёри Роҳи оҳани Афғонистон вогузор шудааст.