https://sputnik.tj/20220420/tojikiston-zaminlarza-qavi-takon-dod-1047789852.html
Тоҷикистонро заминларзаи қавӣ такон дод
Тоҷикистонро заминларзаи қавӣ такон дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон заминларзаи 5,1-дараҷаӣ сабт шудааст, ки қавӣ арзёбӣ мегардад. Зилзилашиносон мегӯянд, он дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос шуд
2022-04-20T10:08+0500
2022-04-20T10:08+0500
2022-04-20T12:33+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминларза
офат
табиӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102439/83/1024398311_0:40:3000:1728_1920x0_80_0_0_4399650247127e7207166c991d00399c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Заминларза дар шарқи Тоҷикистон тақрибан соати 03:44 дақиқа бо вақти маҳаллӣ сабт гардидааст. Дар ин бора Маркази зилзилашиносии Аврупо ва баҳри Миёназамин хабар дод. Ба иттилои манбаъ, маркази заминҷунбӣ дар маҳаллаи Сангвори минтақаи Рашти Тоҷикистон будааст, ки дар 170-километрии шимолу шарқи Душанбе ва 172-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад. Таъкид шудааст, ки такони ин офати табииро дар баробари сокинони минтақаи Рашт метавонистанд инчунин сокинони қисмати марказии Тоҷикистон, шимоли Афғонистон, ҷанубу шарқиии Ӯзбекистон ва навоҳии ҷанубу ғарбии Қирғизистон эҳсос намоянд. Пойгоҳи хабарии "Volcano Discovery" мегӯяд, заминҷунбӣ нисбатан бештар метавонист дар Рашт, ки дар 22-километрии маркази офати табиӣ ҷой дорад, эҳсос шавад. Инчунин сокинони Роғун, ки дар 64-километрии маркази заминҷунбӣ ҷой дорад, Навобод дар фосилаи 39 километр аз марказ ва Обигарм дар масофаи 80-километрӣ аз маркази зилзила қарор дорад, метавонистанд онро эҳсос кунанд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар барои пайомадҳои ин заминларза ва ё хисороте хабар надодаанд. Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, зилзилаҳо дар минтақаҳои осебпазир аз ин офати табиӣ, нисбатан бештар дар фасли баҳор ба қайд гирифта мешаванд.Маврид ба зикр аст, чунин як заминҷунбӣ, ки сокинони қисматҳои ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистонро такон дода буд, 19 март дар наздикии марз бо Афғонистон сабт шуда буд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ қайд карда буд, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар феҳрасти минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ нисбатан ноором дохил мебошанд.
https://sputnik.tj/20220329/osebdidagon-sel-tojikiston-zamin-1047152767.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102439/83/1024398311_123:0:2747:1968_1920x0_80_0_0_b8c6116df5b325602d05801164c0d578.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
заминларза, сабт, шарқ, тоҷикистон
заминларза, сабт, шарқ, тоҷикистон
Тоҷикистонро заминларзаи қавӣ такон дод
10:08 20.04.2022 (Навсозишуда: 12:33 20.04.2022) Дар Тоҷикистон заминларзаи 5,1-дараҷаӣ сабт шудааст, ки қавӣ арзёбӣ мегардад. Зилзилашиносон мегӯянд, он дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос шуд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Заминларза дар шарқи Тоҷикистон тақрибан соати 03:44 дақиқа бо вақти маҳаллӣ сабт гардидааст.
Дар ин бора Маркази зилзилашиносии Аврупо ва баҳри Миёназамин хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминҷунбӣ дар маҳаллаи Сангвори минтақаи Рашти Тоҷикистон будааст, ки дар 170-километрии шимолу шарқи Душанбе ва 172-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад.
Таъкид шудааст, ки такони ин офати табииро дар баробари сокинони минтақаи Рашт метавонистанд инчунин сокинони қисмати марказии Тоҷикистон, шимоли Афғонистон, ҷанубу шарқиии Ӯзбекистон ва навоҳии ҷанубу ғарбии Қирғизистон эҳсос намоянд.
Пойгоҳи хабарии "Volcano Discovery" мегӯяд, заминҷунбӣ нисбатан бештар метавонист дар Рашт, ки дар 22-километрии маркази офати табиӣ ҷой дорад, эҳсос шавад.
Инчунин сокинони Роғун, ки дар 64-километрии маркази заминҷунбӣ ҷой дорад, Навобод дар фосилаи 39 километр аз марказ ва Обигарм дар масофаи 80-километрӣ аз маркази зилзила қарор дорад, метавонистанд онро эҳсос кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар барои пайомадҳои ин заминларза ва ё хисороте хабар надодаанд.
Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, зилзилаҳо дар минтақаҳои осебпазир аз ин офати табиӣ, нисбатан бештар дар фасли баҳор ба қайд гирифта мешаванд.
Маврид ба зикр аст, чунин як заминҷунбӣ, ки сокинони қисматҳои ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистонро такон дода буд, 19 март дар наздикии марз бо Афғонистон сабт шуда буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ қайд карда буд, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар феҳрасти минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ нисбатан ноором дохил мебошанд.