Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Шарҳи Кремл дар бораи раванди музокирот бо Киев

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкЗаместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Маскав мегӯяд, ҷониби Украина майле барои тезондани суръати музокирот нишон надода истодааст ва иқдомаш баёнгари таъхир ё барҳам задани музокирот аст
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Русия ба ҷониби Украина лоиҳаи санад дар мавриди эътидоли вазъро пешниҳод кард, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури ФР.
Ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, Киев дар ироаи посух ва вокуниш шитоб накарда истодааст.
Намояндаи Кремл таъкид намуд, ки ҷониби Украина пайваста аз созишҳои қаблан ҳосилшуда ақибнишинӣ мекунад, онҳоро тағйир медиҳад, ки дар навбати худ ба самаранокии музокирот таъсири манфӣ мерасонад.

"Ба Украина аз ҷониби мо лоиҳаи санад дода шудааст, ки дар он мафҳумҳо мушаххас карда шудаанд. Тӯб дар майдони онҳост. Посухро интизорем", - илова намуд Песков.

Вай хотиррасон намуд, ки Маскав борҳо ба майл надоштани Киев ба вусъати музокироту пайдо кардани роҳи ҳал ишора карда буд.
"Ҳоло ҳам майли бузурге барои суръат бахшидани раванди музокирот ҷониби Украина нишон надода истодааст", - гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия.
Маврид ба зикр аст, ки Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия 7 апрел хабар дод, ки ҷониби Украина лоиҳаи созишномаи худро пешниҳод кардааст, ки дар он канорагирӣ аз бандҳои муҳим аён аст.
Аз ҷумла зикр мешавад, ки Киев бархе мафҳумҳои чандманзураро ворид кардааст, дар ҳоле ки қаблан банди мушаххаси рабт надоштани кафолати амниятӣ ба Қрим ва Севастопол зикр шуда буд. Ба гуфтаи Лавров, Киев майлаш ба таъхир ва ё барҳам задани раванди музокиротро нишон дод.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ба Зеленский пешниҳод карданд, ки худро бо ҷангҷӯёни "Азовстал" иваз кунад
Музокироти Русия ва Украина рӯзи 28 феврал оғоз шуда, ҳам ба шакли ҳузурӣ ва ҳам аз тариқи видеоконфронс сурат мегиранд. Даври навбатии музокирот охири март дар шаҳри Истанбул баргузор шуда буд.
Гуфтушунидҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0