Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ба Зеленский пешниҳод карданд, ки худро бо ҷангҷӯёни "Азовстал" иваз кунад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Вакили Думаи давлатии Русия ба президенти Украина пешниҳод кард, ки худро ба ҷангҷӯёни "Азовстал" иваз кунад
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ аз минтақаи Қрим Михаил Шеремет, пешниҳод кард, ки Владимир Зеленский худро ба ҷангҷӯёне, ки дар корхонаи "Азовстал"-и Мариупол маскан гирифтаанд, иваз кунад.
Вай дар посух ба видеои нашркардаи нерӯҳои Украина, ки дар он раҳбари боздоштшудаи мухолифон Виктор Медведчук хостааст, бо миллатгароён табодул шавад, чунин гуфт.

"Зеленский метавонад худро бо фашистони украинӣ ва ҷангҷӯёне, ки дар "Азовстал" сукунат доранд, иваз кунад. Ин эҳтимол бори аввал хоҳад буд, ки ӯ мисли мард ва рафтори бошараф мекунад", - гуфт Шеремет дар суҳбат бо РИА "Новости".

Ба гуфтаи ӯ, раисҷумҳури Украина ҳодисаҳои рухдодаро ҳамчун филм қабул карда, писарону падарони мардумро ба доми марг мефиристад ва фаромӯш мекунад, ки касе дубли дуюмро ба навор нахоҳад гирифт.
"Вай оилаашро дар хориҷа пинҳон кардааст. Ва танҳо аз он сабаб нигарони "Мариупол Азовстал" аст, ки дар он ҷо зархаридону инструкторони хориҷӣ буданд, ки ҷони онҳо барои Зеленский аз сарбозони украинӣ дида, арзишмандтар аст", - мегӯяд депутат.
Мариупольский металлургический комбинат им. Ильича - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия гуфт, чаро Киев иҷоза намедиҳад, ки ҷангиён таслим шаванд
Вай иқрор шуд, ки муроҷиати Медведчук эҳтимол бо фармони хадамоти вижаи Украина навишта шудааст.
"Миллатгароён, аз афташ, ӯро маҷбур мекунанд, ки ибораҳои муайян бигӯяд. Ман як сония ҳам дар ин шубҳа надорам", - хулоса кард Шеремет.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Вазорати дифои Русия аввалин гурезаҳоро аз Изюми вилояти Харков берун овард
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0