https://sputnik.tj/20220221/tojikiston-basta-nav-vaksina-astrazeneka-1046112229.html
Ҷопон ба Тоҷикистон бастаи нави ваксина фиристод: кадом навъ ва чӣ миқдор?
Ҷопон ба Тоҷикистон бастаи нави ваксина фиристод: кадом навъ ва чӣ миқдор?
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар доираи фаъолияти механизми COVAX бастаи нави ваксинаи алайҳи коронавирус дарёфт кард
2022-02-21T17:45+0500
2022-02-21T17:45+0500
2022-02-21T20:41+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
тандурустӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046110669_0:50:960:590_1920x0_80_0_0_adcc13c8383dd8edab975129e19cf240.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Тоҷикистон шаби 21 феврал аз ҷониби Ҷопон дар чорчӯби механизми COVAX 501 ҳазору 200 воя ваксинаи "АстраЗенека" дарёфт кард.Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки ин баста ба маблағи беш аз ду миллион доллари амрикоӣ ҳамчун кумаки башардӯстона ворид гардидааст.Гуфта мешавад, ки маросими расмии қабули вояҳои ваксинаи мазкур рӯзи 21 феврал дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика баргузор гардидааст.Дар ин маросим муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аики, муовини намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Зайнаб лаззавӣ ва дигар масъулин ширкат кардаанд.Манбаъ афзуда, ки вазири тандурустии Тоҷикистон аз номи ҳукумат ба Ҳукумати Ҷопон дар самти дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла дастрас намудани вояҳои ваксинаи зидди коронавирус изҳори миннатдорӣ намуда, ин иқдомро идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.Манбаъ афзуда, ки дар идома меҳмонон аз анбори махсуси вазорат, ки ваксинаҳои зидди сирояти нави COVID-19 дар он нигаҳдорӣ мешаванд, дидан намудаанд.Ахиран зимни нишасти матбуотӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, то ба имрӯз ба ҷумҳурӣ тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башарӣ 11 269 920 вояи ваксинаҳои “АстраЗенека”, “КоронаВак”, “Модерна”, “Спутник V” ва “Файзер” ворид карда шудааст.Ҳамзамон вай зимни нишасти матбуотӣ гуфт, то имрӯз дар Тоҷикистон, хушбахтона, вояи якумро 85 фоиз, вояи дуюмро 72 фисади аҳолӣ ва вояи сеюмро зиёда аз 80 ҳазор нафар аз шаҳрвандон гирифтаанд.Дар Тоҷикистон табибон вояи сеюми ваксина алайҳи COVID мегиранд - видеоЁдовар мешавем, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли 20221 дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола ҳатмӣ гардид.Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон дар чорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона беш аз 9 миллион ваксинаи зидди COVID-19 ворид шудааст.Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.
https://sputnik.tj/20220118/vazorat-tabibon-voya-seum-vaksina-1044903851.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046110669_54:0:907:640_1920x0_80_0_0_1a709d85de0cb123fea81a206c6cdcac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вакисна, моякӯбӣ
тоҷикистон, вакисна, моякӯбӣ
Ҷопон ба Тоҷикистон бастаи нави ваксина фиристод: кадом навъ ва чӣ миқдор?
17:45 21.02.2022 (Навсозишуда: 20:41 21.02.2022) Тоҷикистон дар доираи фаъолияти механизми COVAX бастаи нави ваксинаи алайҳи коронавирус дарёфт кард
ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Тоҷикистон шаби 21 феврал аз ҷониби Ҷопон дар чорчӯби механизми COVAX 501 ҳазору 200 воя ваксинаи "АстраЗенека" дарёфт кард.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки ин баста ба маблағи беш аз ду миллион доллари амрикоӣ ҳамчун кумаки башардӯстона ворид гардидааст.
Гуфта мешавад, ки маросими расмии қабули вояҳои ваксинаи мазкур рӯзи 21 феврал дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика баргузор гардидааст.
Дар ин маросим муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аики, муовини намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Зайнаб лаззавӣ ва дигар масъулин ширкат кардаанд.
Манбаъ афзуда, ки вазири тандурустии Тоҷикистон аз номи ҳукумат ба Ҳукумати Ҷопон дар самти дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла дастрас намудани вояҳои ваксинаи зидди коронавирус изҳори миннатдорӣ намуда, ин иқдомро идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.
Манбаъ афзуда, ки дар идома меҳмонон аз анбори махсуси вазорат, ки ваксинаҳои зидди сирояти нави COVID-19 дар он нигаҳдорӣ мешаванд, дидан намудаанд.
Ахиран зимни нишасти матбуотӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, то ба имрӯз ба ҷумҳурӣ тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башарӣ 11 269 920 вояи ваксинаҳои “АстраЗенека”, “КоронаВак”, “Модерна”, “Спутник V” ва “Файзер” ворид карда шудааст.
Ҳамзамон вай зимни нишасти матбуотӣ гуфт, то имрӯз дар Тоҷикистон, хушбахтона, вояи якумро 85 фоиз, вояи дуюмро 72 фисади аҳолӣ ва вояи сеюмро зиёда аз 80 ҳазор нафар аз шаҳрвандон гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли 20221 дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола ҳатмӣ гардид.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон дар чорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона беш аз 9 миллион ваксинаи зидди COVID-19 ворид шудааст.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.