https://sputnik.tj/20220420/mo-haros-nadorem-shibhinizomiyon-1047803671.html
"Мо аз чизе ҳарос надорем". Шибҳинизомиёни захмӣ аз нерӯҳои миллӣ мегӯянд
"Мо аз чизе ҳарос надорем". Шибҳинизомиёни захмӣ аз нерӯҳои миллӣ мегӯянд
Sputnik Тоҷикистон
Задухӯрд идома дорад. Беморони низомию мулкиро бо осебҳо ва захмҳои ҷиддӣ ба Маркази шикастабандии Ҷумҳурии Мардумии Донестк меоранд
2022-04-20T16:36+0500
2022-04-20T16:36+0500
2023-10-02T17:11+0500
ҷанг
захмӣ
донетск
беморхона
ҷароҳат
сарбоз
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0e/1046784076_0:142:3079:1873_1920x0_80_0_0_c96d483a156bb26f14745c88ff5ba25d.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik, Мария Марикян. Нафароне, ки захм бардоштаанд, фурсати кам доранд ва ба пизишкони ҷабҳа муҳтоҷанд. Дар ин бора дар гузориши РИА “Новости” бихонед.“Аҳд кардам, ки зинда бимонам”Ҳамшираи шафқат дар даромадгоҳи утоқи беморон бо садои паст ҳушдор медиҳад: "На ҳама суҳбат кардан мехоҳанд. Мефаҳмед, онҳо бештар на барои худ, балки барои наздиконашон ғам мехӯранд".— Ман аз чунин қисми низомие ҳастам, ки эҳтимол дар зимни суҳбат ҷони дигар бачаҳоро дар хатар гузорам.- Ман дар Мариупол будам, намехоҳам намоён шавам, волидонам дар онҷо ҳастанд.- Ман чизе барои пинҳон кардан надорам.Максим Фуклев аз соли 2015 ба ин сӯ мубориза мебарад. Ӯ ду сол пеш бо духтаре шинос шуд, тасмим гирифт, ки корашро тарк кунад. Дар сохтмон ба кор даромад, оҳиста-оҳиста ба ҳаёти осоишта одат кард. Аммо дар моҳи феврал ӯ боз баргашт ва мустақим ба Мариупол рафт.Ӯ дар бораи баталонҳои миллӣ сухан ронда, таъкид мекунад, ки онҳоро набояд кам шумурд: онҳо сахт зарба мезананд, хуб мусаллаҳанд. "Онҳо ҳатто дар хандакҳо интернет доштанд", - меафзояд вай.Ба гуфтаи ӯ, миллатгароён бо мардуми маҳаллӣ ваҳшиёна рафтор кардаанд. "Аҳолии осоишта ба сӯи об мераванд ва снайперҳо" онҳоро тирборон мекунанд. Мардум дар таҳхонаҳои сард гурусна нишаста буданд. Мо бо онҳо хӯрок мехӯрдем", - идома медиҳад марди маҷруҳ.Ба ӯ аппарати “Илизаров” гузошта, рагҳои рӯдааш бахия шуданд. Дар рӯзҳои наздик боз ҷарроҳӣ хоҳад шуд. Аммо Фуклев хушбин аст: "Ҳама чиз мутобиқи барнома иҷро мешавад"."Худиҳоро танҳо намегузорем"Дмитрий Троян соли 2018 ба милиса, ба Бригадаи тирандози савора пайваст. Аввалин захмашро ду сол пеш гирифта буд: тактирандоз ба ронаш зад. Тир раги хунгарди пояшро исобат кард, ки ба раванди гардиши хун дар пойяш таъсири манфӣ расонд.Ва ҳамин баҳор дар ҷанги назди Маринка, ду метр дуртар аз вай норинҷак таркид. Ҳар ду чашмонашон осеб дидаанд. Як чашмаш аз тариқи дору табобат мешавад, чашми чапашро ҷарроҳӣ кардан лозим аст. Ҳеҷ кафолате нест, ки биноияш ҳифз мешавад. Агар аҳволаш бад шавад, ӯро ба Маскав мефиристанд."Мо бо Гвардияи миллӣ, қувваҳои мусаллаҳи Украина ва баталони миллии “Айдар” дучор омадем.. Дар самти мо армияи 17-уми танкӣ амал мекард. Дар Волноваха ва дар наздикии Маринка вазъи вазнинтарин ҳукмфаро буд. Дар натиҷа мо то омадани қувваҳои асосӣ тоб овардем. Мо маҷбур шудем, ки ба мардум кӯмак кунем ва дар як вақт мубориза барем. Ҳеҷ мушкиле нест, муҳим зинда мондем",-мегӯяд Дмитрий.Дар Волноваха ҷанговарони артиш ҶМД-ро бо чашмони пур аз ашк пешвоз гирифта, шикоят мекарданд: "Ин солҳо дар куҷо будед? Дар таҳхонаҳо аз намӣ кӯдакон бемор шуданд. Сокинони маҳаллӣ аз украиниҳо дору талаб карданд, аммо надоданд. Баръакс ҳама чизро ғорат карданд, аз ҷумла дорухонаҳоро низ", - меафзояд Троян.- Ва Дима барин бачаҳо дар ин ҷо бо мо, бо мардуми осоишта дар утоқи 8 хобидаанд..., - ба ғазаб меояд ҳамсояи ӯ ва меафзояд, - ин одамон арзиши тилоро доранд, бояд онҳоро рӯйи даст бардорӣ.Ҷанговар даст меафшонад: “Дар ин ҷо бо ин гуна захмҳо ба моро ба по хезонда наметавонанд”.Сергей Буткоро бо азобе наҷот доданд. Вай аз 29 март ба ин сӯ дар бахши эҳёст. Ӯ дар наздикии Маринка захмдор шуд: пораҳои муттааддиди тир ҳарду пойяшро захмӣ, дасташро пора карданд."Мо пеш мерафтем. Ман фурсат наёфтам, вориди хандақ шавам. Аз мусалсал мустақим оташ кушоданд. Ба чизе фурсат наёфтам, дидам, ки дастам нест. Аз хатти ҷангӣ берунам кашиданд ва дастамро бастанд. Тирпаронӣ қатъ нашуд, танҳо баъди ду соат аз майдони ҷанг бароварда шудем”, - гуфт ӯ.Сергей барои оянда нақшае надорад. Дар замони осоишта дар сохтмон кор мекард. Ӯ ятим буд, падараш барвақт вафот кардааст, модараш дар айёми наврасии ӯ аз ҳуқуқи падарумодарӣ мањрум шуд."Мисли ҳама ман ҳам рафиқу шинос дорам. Аммо ман аслан ба онҳо такя намекунам. Фақат ба худам", - эътироф мекунад ин мубориз.Ротаи пизишкӣДухтурони ҷабҳа ба ярадорон ёрии аввалин мерасонанд. Нуқтаи эвакуатсия набояд аз хатти алоқа на камтар аз шаш километр дур бошад. Аммо дастаи Элла аз Донетск ҳамагӣ як километр дур аст. Онҳо одамонро аз Верхнеторетск мебаранд.Ин деҳаи наздикии Горловка дар охири моҳи март озод карда шуд, аммо он ҷо то ҳол бехатар нест: қувваҳои мусаллаҳи Украина мунтазам аз тариқи град тирборон мекунанд.Ҷароҳатҳо хеле вазнинанд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳаҷми хуни дар гардишро муътадил созем, ба ин хотир онҳо ба беморхона меорем”, - шарҳ медиҳад Элла.Вай дар деҳаи Рибинское, ноҳияи Волноваха кор мекард. Масъулияти ин тақрибан ҳамон тавре ки дар Верхнеторетский буд, ҳамон тавр аст. Онҳо ярадорону мурдаҳоро аз тариқи маёдини минакоришуда аз майдони ҷанг берун меоранд."Бо шарофати фармондеҳии ҳирфаӣ дар байни табибон талафот нест. Пеш аз фиристодани қисм шумо бояд маҳалро омӯзед, нақшаи эвакуатсияро муайян кунед. Роҳро ман ва сардори хадамот месанҷем", - мегӯяд Денис, ронанда ва командири шуъбаи иқтисодӣ.Мушкил ин аст, ки набардҳо на муҳофизатӣ, балки таҳоҷумӣ ҳастанд. "Мо одатан дар мошинҳои зиреҳпӯши эвакуатсия кор мекунем. Аммо дар зери оташи шадид наздик шудан ба захмиён ҳанӯз мушкил аст", - шарҳ медиҳад ӯ.Баназдикӣ мошини ёрии таъҷилии ғасбшудаамонро аз Бригадаи 25-уми десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бозпас гирифтем.Ӯ аз соли 2014 дар хонаи пиронсолон ба сар мебарад. Табибон ҳамаро қабул мекунанд, ҳам худиҳо ва бегонагонро. "Бо кадом роҳе украиниҳоро низ оварданд, зери таъсири маводи мухаддир буданд онҳо. Мо аз анборҳо барои беморони онкологӣ доруҳои пуртаъсир пайдо кардем. Ман як "расм"-е доштам, ки осеби бози сар аккосӣ шуда буд", - ба ёд меорад ӯ.Чизи аз ҳама арзишманд барои Элла ва Денис шифоёбии беморони онҳост. "Аввал талаб мекунӣ, ки тоқат кунанд. Баъд худашон туро меёбанд ва ташаккур мегӯянд... Ин хуб аст," - табассум мекунад табиб. Ва моторро ба кор медарорад — вақти хидмат расид, ярадоронро аз майдони ҷанг берун кашидан лозим аст.
https://sputnik.tj/20220323/hasht-sol-tahkhona-taqdir-jabrdida-jang-1047015494.html
https://sputnik.tj/20220419/mo-az-duzakh-ozod-shudem-1047777101.html
донетск
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0e/1046784076_65:0:2796:2048_1920x0_80_0_0_edffe772a47fc64c1310b56e4e505a7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷанг задухӯрд бемористон захмӣ донетск украина табиб пизишк
ҷанг задухӯрд бемористон захмӣ донетск украина табиб пизишк
"Мо аз чизе ҳарос надорем". Шибҳинизомиёни захмӣ аз нерӯҳои миллӣ мегӯянд
16:36 20.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Задухӯрд идома дорад. Беморони низомию мулкиро бо осебҳо ва захмҳои ҷиддӣ ба Маркази шикастабандии Ҷумҳурии Мардумии Донестк меоранд
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik, Мария Марикян. Нафароне, ки захм бардоштаанд, фурсати кам доранд ва ба пизишкони ҷабҳа муҳтоҷанд. Дар ин бора дар гузориши РИА “Новости” бихонед.
“Аҳд кардам, ки зинда бимонам”
Ҳамшираи шафқат дар даромадгоҳи утоқи беморон бо садои паст ҳушдор медиҳад: "На ҳама суҳбат кардан мехоҳанд. Мефаҳмед, онҳо бештар на барои худ, балки барои наздиконашон ғам мехӯранд".
— Ман аз чунин қисми низомие ҳастам, ки эҳтимол дар зимни суҳбат ҷони дигар бачаҳоро дар хатар гузорам.
- Ман дар Мариупол будам, намехоҳам намоён шавам, волидонам дар онҷо ҳастанд.
- Ман чизе барои пинҳон кардан надорам.
Максим Фуклев аз соли 2015 ба ин сӯ мубориза мебарад. Ӯ ду сол пеш бо духтаре шинос шуд, тасмим гирифт, ки корашро тарк кунад. Дар сохтмон ба кор даромад, оҳиста-оҳиста ба ҳаёти осоишта одат кард. Аммо дар моҳи феврал ӯ боз баргашт ва мустақим ба Мариупол рафт.
"Рӯзи 26 март ман аз ронам захмӣ шудам. Ман дар мошини ҷангии пиёдагард будам. Гумон кардам, ки бо мушак заданд, аммо мина будааст. Тупчӣ афтид, аммо зинда монд. Ман пои худро шикастам. Вай бо бакоргирӣ аз тамоми ирода аз мошин фаромадам. Дар акси ҳол месӯхтам. Кӯмак зуд расид,", - ба ёд меорад ӯ.
Ӯ дар бораи баталонҳои миллӣ сухан ронда, таъкид мекунад, ки онҳоро набояд кам шумурд: онҳо сахт зарба мезананд, хуб мусаллаҳанд. "Онҳо ҳатто дар хандакҳо интернет доштанд", - меафзояд вай.
Ба гуфтаи ӯ, миллатгароён бо мардуми маҳаллӣ ваҳшиёна рафтор кардаанд. "Аҳолии осоишта ба сӯи об мераванд ва снайперҳо" онҳоро тирборон мекунанд. Мардум дар таҳхонаҳои сард гурусна нишаста буданд. Мо бо онҳо хӯрок мехӯрдем", - идома медиҳад марди маҷруҳ.
Ба ӯ аппарати “Илизаров” гузошта, рагҳои рӯдааш бахия шуданд. Дар рӯзҳои наздик боз ҷарроҳӣ хоҳад шуд. Аммо Фуклев хушбин аст: "Ҳама чиз мутобиқи барнома иҷро мешавад".
"Худиҳоро танҳо намегузорем"
Дмитрий Троян соли 2018 ба милиса, ба Бригадаи тирандози савора пайваст. Аввалин захмашро ду сол пеш гирифта буд: тактирандоз ба ронаш зад. Тир раги хунгарди пояшро исобат кард, ки ба раванди гардиши хун дар пойяш таъсири манфӣ расонд.
Ва ҳамин баҳор дар ҷанги назди Маринка, ду метр дуртар аз вай норинҷак таркид. Ҳар ду чашмонашон осеб дидаанд. Як чашмаш аз тариқи дору табобат мешавад, чашми чапашро ҷарроҳӣ кардан лозим аст. Ҳеҷ кафолате нест, ки биноияш ҳифз мешавад. Агар аҳволаш бад шавад, ӯро ба Маскав мефиристанд.
"Мо бо Гвардияи миллӣ, қувваҳои мусаллаҳи Украина ва баталони миллии “Айдар” дучор омадем.. Дар самти мо армияи 17-уми танкӣ амал мекард. Дар Волноваха ва дар наздикии Маринка вазъи вазнинтарин ҳукмфаро буд. Дар натиҷа мо то омадани қувваҳои асосӣ тоб овардем. Мо маҷбур шудем, ки ба мардум кӯмак кунем ва дар як вақт мубориза барем. Ҳеҷ мушкиле нест, муҳим зинда мондем",-мегӯяд Дмитрий.
Дар Волноваха ҷанговарони артиш ҶМД-ро бо чашмони пур аз ашк пешвоз гирифта, шикоят мекарданд: "Ин солҳо дар куҷо будед? Дар таҳхонаҳо аз намӣ кӯдакон бемор шуданд. Сокинони маҳаллӣ аз украиниҳо дору талаб карданд, аммо надоданд. Баръакс ҳама чизро ғорат карданд, аз ҷумла дорухонаҳоро низ", - меафзояд Троян.
- Ва Дима барин бачаҳо дар ин ҷо бо мо, бо мардуми осоишта дар утоқи 8 хобидаанд..., - ба ғазаб меояд ҳамсояи ӯ ва меафзояд, - ин одамон арзиши тилоро доранд, бояд онҳоро рӯйи даст бардорӣ.
Ҷанговар даст меафшонад: “Дар ин ҷо бо ин гуна захмҳо ба моро ба по хезонда наметавонанд”.
Сергей Буткоро бо азобе наҷот доданд. Вай аз 29 март ба ин сӯ дар бахши эҳёст. Ӯ дар наздикии Маринка захмдор шуд: пораҳои муттааддиди тир ҳарду пойяшро захмӣ, дасташро пора карданд.
"Мо пеш мерафтем. Ман фурсат наёфтам, вориди хандақ шавам. Аз мусалсал мустақим оташ кушоданд. Ба чизе фурсат наёфтам, дидам, ки дастам нест. Аз хатти ҷангӣ берунам кашиданд ва дастамро бастанд. Тирпаронӣ қатъ нашуд, танҳо баъди ду соат аз майдони ҷанг бароварда шудем”, - гуфт ӯ.
Сергей барои оянда нақшае надорад. Дар замони осоишта дар сохтмон кор мекард. Ӯ ятим буд, падараш барвақт вафот кардааст, модараш дар айёми наврасии ӯ аз ҳуқуқи падарумодарӣ мањрум шуд.
"Мисли ҳама ман ҳам рафиқу шинос дорам. Аммо ман аслан ба онҳо такя намекунам. Фақат ба худам", - эътироф мекунад ин мубориз.
Духтурони ҷабҳа ба ярадорон ёрии аввалин мерасонанд. Нуқтаи эвакуатсия набояд аз хатти алоқа на камтар аз шаш километр дур бошад. Аммо дастаи Элла аз Донетск ҳамагӣ як километр дур аст. Онҳо одамонро аз Верхнеторетск мебаранд.
Ин деҳаи наздикии Горловка дар охири моҳи март озод карда шуд, аммо он ҷо то ҳол бехатар нест: қувваҳои мусаллаҳи Украина мунтазам аз тариқи град тирборон мекунанд.
Ҷароҳатҳо хеле вазнинанд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳаҷми хуни дар гардишро муътадил созем, ба ин хотир онҳо ба беморхона меорем”, - шарҳ медиҳад Элла.
Вай дар деҳаи Рибинское, ноҳияи Волноваха кор мекард. Масъулияти ин тақрибан ҳамон тавре ки дар Верхнеторетский буд, ҳамон тавр аст. Онҳо ярадорону мурдаҳоро аз тариқи маёдини минакоришуда аз майдони ҷанг берун меоранд.
"Бо шарофати фармондеҳии ҳирфаӣ дар байни табибон талафот нест. Пеш аз фиристодани қисм шумо бояд маҳалро омӯзед, нақшаи эвакуатсияро муайян кунед. Роҳро ман ва сардори хадамот месанҷем", - мегӯяд Денис, ронанда ва командири шуъбаи иқтисодӣ.
Мушкил ин аст, ки набардҳо на муҳофизатӣ, балки таҳоҷумӣ ҳастанд. "Мо одатан дар мошинҳои зиреҳпӯши эвакуатсия кор мекунем. Аммо дар зери оташи шадид наздик шудан ба захмиён ҳанӯз мушкил аст", - шарҳ медиҳад ӯ.
Баназдикӣ мошини ёрии таъҷилии ғасбшудаамонро аз Бригадаи 25-уми десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бозпас гирифтем.
"Онҳоро дар набарди назди Верхнеторетский бурда буданд. Мо зуд вокуниш нишон додем, дору ва таҷҳизоти онҳоро гирифтем. Қариб ҳамааш аз НАТО ҳастанд. Ҳатто тирдонҳои онҳо амрикоиянд", — Денис аксеро бо мавқеъҳои партофташудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина нишон медиҳад.
Ӯ аз соли 2014 дар хонаи пиронсолон ба сар мебарад. Табибон ҳамаро қабул мекунанд, ҳам худиҳо ва бегонагонро. "Бо кадом роҳе украиниҳоро низ оварданд, зери таъсири маводи мухаддир буданд онҳо. Мо аз анборҳо барои беморони онкологӣ доруҳои пуртаъсир пайдо кардем. Ман як "расм"-е доштам, ки осеби бози сар аккосӣ шуда буд", - ба ёд меорад ӯ.
Чизи аз ҳама арзишманд барои Элла ва Денис шифоёбии беморони онҳост. "Аввал талаб мекунӣ, ки тоқат кунанд. Баъд худашон туро меёбанд ва ташаккур мегӯянд... Ин хуб аст," - табассум мекунад табиб. Ва моторро ба кор медарорад — вақти хидмат расид, ярадоронро аз майдони ҷанг берун кашидан лозим аст.