https://sputnik.tj/20220419/mo-az-duzakh-ozod-shudem-1047777101.html
"Мо аз дузах озод шудем" - он чӣ афроди раҳоёфта аз Мариупол мегӯянд
"Мо аз дузах озод шудем" - он чӣ афроди раҳоёфта аз Мариупол мегӯянд
Sputnik Тоҷикистон
Хориҷ кардани аҳолӣ аз Мариупол давом дорад. Бисёриҳо беҷову макон шудаанд. Дар деҳаи Безименное Вазорати ҳолатҳои изтирории ҶМД хаймаҳоеро бунёд кардааст
2022-04-19T17:55+0500
2022-04-19T17:55+0500
2023-10-02T17:11+0500
мариупол
паноҳанда
ҷанг
донбасс
ҷмд
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0a/1046666991_0:0:3015:1697_1920x0_80_0_0_dd0de6240e87ffc670cc820b6b8cf1bf.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik, Мария Марикян. Дар бораи зиндагии паноҳандҳо дар ин хаймаҳо РИА “Новости” гузоришеро омодааст, ки мо низ онро мунташир мекунем."Ҳеҷ кас инро интизор набуд"Колоннаи мошинҳо як километр тӯл мекашад. Ҳар як нафаре, ки берун оварда шудааст, бояд тасфия шавад: ҳама бодиққат тафтиш карда мешаванд, то нерӯе аз артиши Украина зери ниқоби ғайринизомиён ба ин сӯ нагузарад.Баъди тамом шудани мароҳили расмӣ баъзеҳо ба вилоятҳои Русия, дигарон ба назди хешу таборашон ва дигар шаҳрҳои ҶМД мераванд.Сергей Штарк, сардори шуъбаи 12-уми оташнишонӣ ва наҷоти Хадамоти давлатии ҳолатҳои изтирории Макеевкии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ҶМД мегӯяд:Дар хаймаҳо шумо метавонед телефонҳои худро бо нерӯ пур кунед, бо хешовандон тамос гиред, ба интернет пайваст шавед. Наталя ва кӯдакаш тақрибан як моҳ аст, ки дар ин ҷо ҳастанд. Ҷои баргаштан надоранд, бинои бисёрошёнае, ки онҳо дар он зиндагӣ мекарданд, комилан хароб шудааст."Шаби 1 ба 2-юми март буд. Мо хоб рафтанӣ будем. Ногаҳон мӯшак партоб карданд. Мо ҳамон ҷо, дар таҳхона будем. Чӣ даҳшатнок буд, бо сухан ифода карда намешавад. Украинҳо дар байни биноҳои истиқоматӣ таҷҳизот гузошта, оташ кушоданд. Вақте ки онҳо барои иҷрои вазифаҳои дигар рафтанд, биноҳои баландошёнаро задаанд, ҳарчанд медонистанд, ки зери онҳо инсон аст. Вазъ каме ором шуд, мардон давида, чизе барои хӯрдан оварданд, об пайдо карданд. 16 март моро бачаҳо, ҷангиёни ҶМД ёфтанд, ҳоли моро дида, шокӣ шуданд".Наталя дар Мариупол хеш дорад, маълум нест, ки бо онҳо чӣ шудааст, ҳеҷ иртиботе вуҷуд надорад. Мунтазири иҷозат барои ворид шудан аст. Ҳоло ӯ дар хайма мехобад. Ҳар кадомаш то 15 нафарро қабул карда метавонанд, барои гармидиҳӣ бӯхорӣ гузошта шудааст, аммо ҳанӯз бинобар шамол хайма сард аст.1 март вай аз садои хумпора ба ларза афтод, зеро дар назди хонааш хумпора таркид. Вай дар бахши хусусӣ зиндагӣ мекард, дар он ҷо мондан бениҳоят хатарнок буд. "Азовчиён" ба назди хамсояҳо шитофтанд, пирамардҳоро аз дар берун бароварда, хумпораандозро дар ҳавлӣ овехтанд."Мо ин қадар солҳо бо ин аъзои "Азов" паҳлу ба паҳлу зиндагӣ мекардем, онҳоро ҳимоятгар медонистем. Инро касе интизор набуд. Вақте ки онҳо ҳамроҳи шавҳарам ба таҳхона мефаромаданд, Худоро шукр мегуфт, ки аз он раҳо шудааст. 25 март шаҳрро аз мо тахлия карданд, аммо шавҳарам наомад. Ӯ капитан аст, дар Флоти Балтика хидмат кардааст. Ӯ гуфт, киштиро танҳо намегузорад ва маро мунтазир мешавад", - мегӯяд ӯ бо чашмони пур аз ашк."Ҳама хешовандон дар он ҷо монданд"Оксана ва шавҳараш аз ноҳияи Приморски Мариупол мебошанд. Хонаи онҳо дар натиҷаи таркиш осеб дидаасту онҳо ба назди хешовандони худ, ба канори деҳаи Моряков кӯчиданд. Аммо тирборони он ҷо ҳам шуруъ шудааст.— Рӯзи 12 март моро ба мактаби 33 об оварданд. Аз таҳхонаҳо одамон баромаданд. Ва ба сӯи онҳо оташ кушоданд... Мо фикр мекардем, ки маҳаллаи Черемушки оромтар аст, ба он ҷо рафтем. Вақте ба ин маҳалла расидем, боз тирпаронӣ шуд. Ба хонаи кӣ даромадем, намедонам, зеро дари он боз буд. Дар ин лаҳза мардум аз бемористон мегурехтанд. Модар бо кӯдакаш баромад ва ҳадафи як тир шуд, тифл ба ӯ такя карда, бо овози баланд фарёд мекард”, — гиря мекунад Оксана ва меафзояд, - мо аз дӯзах раҳо шудем.Рӯзи 20 март ӯ ва шавҳараш таҳхонаро тарк карданд, хона ба хона ҳаракат карда, бо ҷангиёни ҶМД вохӯрданд. “Пас аз бозҷӯӣ шудан дар Старобешево, мо ба Безименное расидем. Мо дар ин ҷо интизорем, мо бояд ба шаҳр баргардем, ҳама хешовандон дар он ҷо ҳастанд", - меафзояд ӯ.Аммо Татяна бо писару шавҳараш ба вилояти Курск барои аёдати хешовандон меравад. "Мо шаҳрамонро хеле дӯст медорем, аммо бо хокистар ояндаро сохтан ғайриимкон аст. Писари ман дар синфи 9 мехонад, бояд мактабро тамом мекард", - шарҳ медиҳад ин зан.Онҳо беш аз як моҳ дар таҳхона буданд, дар тӯли ин муддат ҳамагӣ ду бор аз ихтиёриён кумаки башардӯстона дарёфт карданд."Мо ба низомиёни украинӣ муроҷиат кардем. Онҳо гуфтанд, агар ба шумо чизе лозим бошад, онро аз мағозаҳои вайрона гиред, касе ба шумо чизе намеорад", - дастонашро боло мекунад Татяна."Мо омодаем, тоқат кунем"Дар урдӯгоҳ барои хӯроки нисфирӯзӣ боз як навбат меистад. Дар рӯзҳои охир ба ин ҷо одамонро аз деҳаи Мирний, аз канори Мариупол, воқеъ дар шафати Комбинати металлургии ба номи Илич меоранд."Мушкил ин аст, ки баъзе бачаҳоро рост дар кӯча боздошт карданд. Онҳо солим ҳастанд, аммо тасаввури ақориби эшонро дар бораи онҳо эҳсос кардан даҳшатнок аст", - дахолат мекунад зане, ки дар паси Григорий буд. Вай дарҳол ҷавоб медиҳад: "Зиндаем, дар гармием, дар гуруснагӣ нестем, ҳич гап не, интизор мешаванд".Ӯ дар коргоҳи “Илич" кор мекард: "Дар замони шӯравӣ дар ёд дорам, умқи таҳхонаҳо 30 метр буд. Шаҳр - дохили шаҳр. Аз он ҷо ба берун кашидан ин афроди "Азов" кори осон нест".Ӯ тоза 66-сола шудааст, шими фарсуда, свитери дарида ва як боронии чармии сиёҳ он чизи боқимонда буд. Вай дар бораи хонаи вайроншуда ва таркишҳое, ки аз сар гузаронидааст, нақл мекунад. Саг ба ёдаш омад, овоз ларзид: "Ҳангоме ки ман ба таҳхона мефаромадам, вай ҳаракат не, посбонӣ мекард".Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқуллода омодаанд, ки дар ҳар лаҳза кумаки маънавӣ расонанд. "Ҳама дар ҳолати стресс, изтироби умумӣ, воҳима қарор доранд. Кӯдакон ва пиронсолон вазъи сангинтар доранд. Онҳо таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор доранд", - мегӯяд Анна Чумак, мудири бахши дастгирии психологии Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ҶМД.Хаймаҳо дар Безименний танҳо як пункти транзитист. Онҳое, ки комилан ҷои рафтан надоранд, метавонанд ба нуқтаи искони муваққат муроҷиат кунанд. Зиёда аз 9,5 ҳазор нафар он ҷост. Тибқи иттилои Маркази миллии идораи дифоъ, дар ҷараёни амалиёти вижа 830 ҳазор нафар аз Украина, ҶМД ва ҶМЛ ба Русия бурда шудаанд.
https://sputnik.tj/20220310/rusiya-panohanda-donbass-ukraina-qabul-1046667964.html
https://sputnik.tj/20220413/nabardi-sarnavishtsoz-donbass-1047609921.html
https://sputnik.tj/20220413/hatto-khorijiho-ham-asir-meshavand-1047614293.html
мариупол
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0a/1046666991_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_cc78d890fc8c3db38005a47a0e8d5a25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина наҷот донбасс мариупол паноҳанда ҷанг тарс
украина наҷот донбасс мариупол паноҳанда ҷанг тарс
"Мо аз дузах озод шудем" - он чӣ афроди раҳоёфта аз Мариупол мегӯянд
17:55 19.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Хориҷ кардани аҳолӣ аз Мариупол давом дорад. Бисёриҳо беҷову макон шудаанд. Дар деҳаи Безименное Вазорати ҳолатҳои изтирории ҶМД хаймаҳоеро бунёд кардааст
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik, Мария Марикян. Дар бораи зиндагии паноҳандҳо дар ин хаймаҳо РИА “Новости” гузоришеро омодааст, ки мо низ онро мунташир мекунем.
"Ҳеҷ кас инро интизор набуд"
Колоннаи мошинҳо як километр тӯл мекашад. Ҳар як нафаре, ки берун оварда шудааст, бояд тасфия шавад: ҳама бодиққат тафтиш карда мешаванд, то нерӯе аз артиши Украина зери ниқоби ғайринизомиён ба ин сӯ нагузарад.
Баъди тамом шудани мароҳили расмӣ баъзеҳо ба вилоятҳои Русия, дигарон ба назди хешу таборашон ва дигар шаҳрҳои ҶМД мераванд.
Сергей Штарк, сардори шуъбаи 12-уми оташнишонӣ ва наҷоти Хадамоти давлатии ҳолатҳои изтирории Макеевкии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ҶМД мегӯяд:
"Ҳангоме ки мардон барои муоина дар навбат ҳастанд, занони кӯдакдор метавонанд дар лагер бимонанд. Вазифаи мо ин аст, ки одамонро қабул, онҳоро бо бистар таъмин кунем ва ғизо диҳем. Ин урдӯгоҳ барои 450 кас пешбинӣ шудааст”.
Дар хаймаҳо шумо метавонед телефонҳои худро бо нерӯ пур кунед, бо хешовандон тамос гиред, ба интернет пайваст шавед. Наталя ва кӯдакаш тақрибан як моҳ аст, ки дар ин ҷо ҳастанд. Ҷои баргаштан надоранд, бинои бисёрошёнае, ки онҳо дар он зиндагӣ мекарданд, комилан хароб шудааст.
"Шаби 1 ба 2-юми март буд. Мо хоб рафтанӣ будем. Ногаҳон мӯшак партоб карданд. Мо ҳамон ҷо, дар таҳхона будем. Чӣ даҳшатнок буд, бо сухан ифода карда намешавад. Украинҳо дар байни биноҳои истиқоматӣ таҷҳизот гузошта, оташ кушоданд. Вақте ки онҳо барои иҷрои вазифаҳои дигар рафтанд, биноҳои баландошёнаро задаанд, ҳарчанд медонистанд, ки зери онҳо инсон аст. Вазъ каме ором шуд, мардон давида, чизе барои хӯрдан оварданд, об пайдо карданд. 16 март моро бачаҳо, ҷангиёни ҶМД ёфтанд, ҳоли моро дида, шокӣ шуданд".
Наталя дар Мариупол хеш дорад, маълум нест, ки бо онҳо чӣ шудааст, ҳеҷ иртиботе вуҷуд надорад. Мунтазири иҷозат барои ворид шудан аст. Ҳоло ӯ дар хайма мехобад. Ҳар кадомаш то 15 нафарро қабул карда метавонанд, барои гармидиҳӣ бӯхорӣ гузошта шудааст, аммо ҳанӯз бинобар шамол хайма сард аст.
— Мо шикоят намекунем, баръакс, хеле миннатдорем, моро гарму ҷӯшон кабул карданд. Муҳим он аст, ки ба хона баргардем, — оҳи сабук кашида мегӯяд, нафакахӯр Наталя Федоровна.
1 март вай аз садои хумпора ба ларза афтод, зеро дар назди хонааш хумпора таркид. Вай дар бахши хусусӣ зиндагӣ мекард, дар он ҷо мондан бениҳоят хатарнок буд. "Азовчиён" ба назди хамсояҳо шитофтанд, пирамардҳоро аз дар берун бароварда, хумпораандозро дар ҳавлӣ овехтанд.
"Мо ин қадар солҳо бо ин аъзои "Азов" паҳлу ба паҳлу зиндагӣ мекардем, онҳоро ҳимоятгар медонистем. Инро касе интизор набуд. Вақте ки онҳо ҳамроҳи шавҳарам ба таҳхона мефаромаданд, Худоро шукр мегуфт, ки аз он раҳо шудааст. 25 март шаҳрро аз мо тахлия карданд, аммо шавҳарам наомад. Ӯ капитан аст, дар Флоти Балтика хидмат кардааст. Ӯ гуфт, киштиро танҳо намегузорад ва маро мунтазир мешавад", - мегӯяд ӯ бо чашмони пур аз ашк.
"Ҳама хешовандон дар он ҷо монданд"
Оксана ва шавҳараш аз ноҳияи Приморски Мариупол мебошанд. Хонаи онҳо дар натиҷаи таркиш осеб дидаасту онҳо ба назди хешовандони худ, ба канори деҳаи Моряков кӯчиданд. Аммо тирборони он ҷо ҳам шуруъ шудааст.
— Рӯзи 12 март моро ба мактаби 33 об оварданд. Аз таҳхонаҳо одамон баромаданд. Ва ба сӯи онҳо оташ кушоданд... Мо фикр мекардем, ки маҳаллаи Черемушки оромтар аст, ба он ҷо рафтем. Вақте ба ин маҳалла расидем, боз тирпаронӣ шуд. Ба хонаи кӣ даромадем, намедонам, зеро дари он боз буд. Дар ин лаҳза мардум аз бемористон мегурехтанд. Модар бо кӯдакаш баромад ва ҳадафи як тир шуд, тифл ба ӯ такя карда, бо овози баланд фарёд мекард”, — гиря мекунад Оксана ва меафзояд, - мо аз дӯзах раҳо шудем.
Рӯзи 20 март ӯ ва шавҳараш таҳхонаро тарк карданд, хона ба хона ҳаракат карда, бо ҷангиёни ҶМД вохӯрданд. “Пас аз бозҷӯӣ шудан дар Старобешево, мо ба Безименное расидем. Мо дар ин ҷо интизорем, мо бояд ба шаҳр баргардем, ҳама хешовандон дар он ҷо ҳастанд", - меафзояд ӯ.
Аммо Татяна бо писару шавҳараш ба вилояти Курск барои аёдати хешовандон меравад. "Мо шаҳрамонро хеле дӯст медорем, аммо бо хокистар ояндаро сохтан ғайриимкон аст. Писари ман дар синфи 9 мехонад, бояд мактабро тамом мекард", - шарҳ медиҳад ин зан.
Онҳо беш аз як моҳ дар таҳхона буданд, дар тӯли ин муддат ҳамагӣ ду бор аз ихтиёриён кумаки башардӯстона дарёфт карданд.
"Мо ба низомиёни украинӣ муроҷиат кардем. Онҳо гуфтанд, агар ба шумо чизе лозим бошад, онро аз мағозаҳои вайрона гиред, касе ба шумо чизе намеорад", - дастонашро боло мекунад Татяна.
"Мо омодаем, тоқат кунем"
Дар урдӯгоҳ барои хӯроки нисфирӯзӣ боз як навбат меистад. Дар рӯзҳои охир ба ин ҷо одамонро аз деҳаи Мирний, аз канори Мариупол, воқеъ дар шафати Комбинати металлургии ба номи Илич меоранд.
"Фашистҳо либоси ғайринизомӣ пӯшида, кӯшиш мекунанд, ки дар байни дароянд. Аз ин рӯ мардон зери назорати махсус ҳастанд. Мо омодаем, ки сабр кунем ва намехоҳем ба кори бачаҳои худ дахолат кунем", - мегӯяд Григорий Ситников.
"Мушкил ин аст, ки баъзе бачаҳоро рост дар кӯча боздошт карданд. Онҳо солим ҳастанд, аммо тасаввури ақориби эшонро дар бораи онҳо эҳсос кардан даҳшатнок аст", - дахолат мекунад зане, ки дар паси Григорий буд. Вай дарҳол ҷавоб медиҳад: "Зиндаем, дар гармием, дар гуруснагӣ нестем, ҳич гап не, интизор мешаванд".
Ӯ дар коргоҳи “Илич" кор мекард: "Дар замони шӯравӣ дар ёд дорам, умқи таҳхонаҳо 30 метр буд. Шаҳр - дохили шаҳр. Аз он ҷо ба берун кашидан ин афроди "Азов" кори осон нест".
Ӯ тоза 66-сола шудааст, шими фарсуда, свитери дарида ва як боронии чармии сиёҳ он чизи боқимонда буд. Вай дар бораи хонаи вайроншуда ва таркишҳое, ки аз сар гузаронидааст, нақл мекунад. Саг ба ёдаш омад, овоз ларзид: "Ҳангоме ки ман ба таҳхона мефаромадам, вай ҳаракат не, посбонӣ мекард".
Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқуллода омодаанд, ки дар ҳар лаҳза кумаки маънавӣ расонанд. "Ҳама дар ҳолати стресс, изтироби умумӣ, воҳима қарор доранд. Кӯдакон ва пиронсолон вазъи сангинтар доранд. Онҳо таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор доранд", - мегӯяд Анна Чумак, мудири бахши дастгирии психологии Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ҶМД.
Хаймаҳо дар Безименний танҳо як пункти транзитист. Онҳое, ки комилан ҷои рафтан надоранд, метавонанд ба нуқтаи искони муваққат муроҷиат кунанд. Зиёда аз 9,5 ҳазор нафар он ҷост. Тибқи иттилои Маркази миллии идораи дифоъ, дар ҷараёни амалиёти вижа 830 ҳазор нафар аз Украина, ҶМД ва ҶМЛ ба Русия бурда шудаанд.