Ҳушдори роҳбари пешини Комиссияи Аврупо аз авоқиби таҳримҳои нав алайҳи Русия

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкРомано Проди в XII Евразийский экономический форум в Вероне
Романо Проди в XII Евразийский экономический форум в Вероне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Роҳбари пешини Иттиҳодияи Аврупо бо изҳори нигаронӣ аз вазъи иқтисодии Аврупо ба кишварҳои Ғарб дар бораи оқибатҳои манфии таҳримҳои зиддирусӣ ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Таҳримҳои наве, ки Ғарб ният дорад, алайҳи Русия дар бахши энержӣ эъмол кунад, барои он кишварҳое, ки ин таҳримҳоро татбиқ мекунанд, пайомадҳои манфии ҷиддӣ хоҳад дошт, гуфт Романо Проди, нахуствазири пешини Итолиё, раиси пешини Комиссия Аврупо.
Сиёсатмадори маъруф дар мусоҳибаи ахири худ, ки нашрияи "Quotidiano Nazionale" онро нашр кардааст, гуфт: "Таҳримҳо барои кишварҳое, ки онҳоро эъмол мекунанд, пайомадҳои манфӣ доранд ва дар мавриди иқтисоди Итолиё ин паёмадҳо ҷиддӣ хоҳанд буд ва ман воситаҳои мувозинатиро дархост мекунам".
Бо пуштибонӣ аз раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо аз рафти ҷорӣ кардани таҳримҳои нави зидди Русия Проди қайд кард, ки оқибатҳои онҳо барои кишварҳои мухталифи Аврупо гуногун хоҳанд буд.

“Ин таҳримҳо боиси тағйироти ҷиддӣ дар ҷаҳон хоҳанд шуд”, - гуфт ӯ.

Вай илова кард, ки тафовути бузурги нархҳои энержӣ равобити иқтисодии миёни ИМА-ву ИА ва бархе аз кишварҳои мухталифи Аврупоиро ба таври назаррас халалдор мекунад.
Газопровод высокого давления от Елабуги до Нижнекамска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Иқтисодшиноси фаронсавӣ бар асари таҳримҳо алайҳи Русия “ошӯбҳо”-ро дар Аврупо пешгӯӣ кард
Сиёсатмадори ботаҷрибаи Итолиё бо андешаи нахуствазир Марио Драгӣ, ки қаблан гуфта буд, барои татбиқи чораҳои таҳримӣ алайҳи бахши энержии Русия Итолиё бояд қурбонӣ диҳад, бахусус сокинон дар фасли тобистон аз дастгоҳи сардкунӣ ва дар фасли зимистон аз гармидиҳӣ камтар истифода намоянд, мувофиқ аст.
Ба гуфтаи оқои Проди, мушкилоти аслӣ дар ин замина на аз истеъмолкунандагон, балки аз тавлидкунандагон ба миён хоҳад омад, зеро "пӯлод гудохта намешавад ва ё сафолро дар ҳарорати камтар сӯзондан ғайриимкон аст".
Дар арзёбии талошҳои Ҳукумати Итолиё барои дарёфти таъминкунандагони нави гази табиӣ Продӣ гуфт: "Барои иваз кардани тамоми гази Русия вақт лозим аст. Ягона роҳи боэътимод ин худкифоягӣ аст, аммо мо ҳанӯз аз ин хеле дур ҳастем".
Раиси собиқи Комиссияи Аврупо зимни суханронӣ дар бораи дурнамои рушди Иттиҳоди Аврупо қайд кард, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, ки ба ақидаи ӯ, бояд дар интихоботи раёсатҷумҳурии кунунӣ пирӯз шавад, бояд раҳбари нави Аврупо дар соҳаи сиёсати хориҷӣ шавад. Дар ин робита Проди таъкид кард, ки "танҳо Фаронса дорои силоҳи ҳастаӣ ва ҳуқуқи вето дар Шӯрои амнияти СММ аст".
Добыча нефти в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Новак гуфт, Аврупо наметавонад дар панҷ соли оянда нафту гази Русияро иваз кунад
Кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти вижаи Русия дар Украина алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ кардаанд. Шуморе аз ширкатҳои хориҷӣ эълон карданд, ки бозори Русияро тарк ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии худ дар ин кишварро қатъ мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ширкатҳое, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, ин корро зери фишори шадид анҷом доданд, аммо Русия ҳама мушкилотро, ки Ғарб барои иқтисод эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки сиёсати боздорӣ ва заиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ хоҳанд зад. Ба фикри ӯ, мақсади асосии Ғарб бадтар кардани зиндагонии миллионҳо инсон мебошад. Вай афзуд, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо воқеан уҳдадориҳои худ дар назди Русияро иҷро накарданд ва захираҳои асъори кишварро мунҷамид карданд.
Лентаи хабарҳо
0