https://sputnik.tj/20220420/dushanbe-sardi-peshguii-havo-tojikiston-1047790771.html
Борону барф меборад: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Борону барф меборад: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон дар бархе аз навоҳии ҷумҳурӣ борони шадидро пешгӯӣ карда, изҳор доштааст, ки қисматҳои алоҳидаи шарқӣ барфрезӣ дар назар аст
2022-04-20T10:55+0500
2022-04-20T10:55+0500
2022-04-20T12:35+0500
дар тоҷикистон
пешгӯӣ
ҳаво
барф
борон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040498795_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_5858ac38e9b107c079168eeefde59328.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон қисман абрнок шуда, дар бархе минтақаҳо борони шадид ва жола меборад, хабар додааст Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби вилоят борон меборад. Дар минтақаҳои алоҳидаи шарқии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ. Манбаъ афзуд, ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.Таъкид шудаст, ки дар Суғд дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ борони бошиддат ва раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм пешгӯӣ шудаст. Борони бошиддат ва раъду барқ ҳамчунин бархе навоҳии Хатлонро фаро гирифта, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Раъду барқ ва борони шадид дар шаҳру навоҳии тобеӣ марказ низ дар назар буда, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20220201/chand-foiz-peshgui-havoshinoson-tojik-durust-1045388399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040498795_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_83457739185988b016b66bccc5979d57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барф, жола, борон, барф, тоҷикистон
барф, жола, борон, барф, тоҷикистон
Борону барф меборад: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
10:55 20.04.2022 (Навсозишуда: 12:35 20.04.2022) Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон дар бархе аз навоҳии ҷумҳурӣ борони шадидро пешгӯӣ карда, изҳор доштааст, ки дар қисматҳои алоҳидаи шарқӣ барфрезӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон қисман абрнок шуда, дар бархе минтақаҳо борони шадид ва жола меборад, хабар додааст Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби вилоят борон меборад. Дар минтақаҳои алоҳидаи шарқии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Таъкид шудаст, ки дар Суғд дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ борони бошиддат ва раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм пешгӯӣ шудаст.
Борони бошиддат ва раъду барқ ҳамчунин бархе навоҳии Хатлонро фаро гирифта, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Раъду барқ ва борони шадид дар шаҳру навоҳии тобеӣ марказ низ дар назар буда, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.