Дастури роҳбари толибҳо барои роҳ надодан ба табъизи қавмӣ, забонӣ ва мазҳабӣ

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПредставители политического совета движения "Талибан"
Представители политического совета движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Роҳбари толибҳо бо нашри дастуроти ҷадид аз тобеин хостааст, таъйиноту пешрафти хидматӣ дар давлат на аз рӯи мансубияти қавмию забонӣ сурат бигирад
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари толибҳо дастур додааст, ки аз табъизи қавмӣ, забонӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ шавад.
Бар асоси дастуроти Охундзода, ки расонаҳои Афғонистон нашр кардаанд, таъкид шудааст, ки толибҳо бояд нияташонро аз барои ризои Худо пок созанд.
"Ҳама кор аз рӯи виҷдону адолат сурат бигирад. Аз зулму хиёнат бояд канорагирӣ кард", - таъкид намудаст Охундзода.
Ӯ афзуд, ки набояд ба табъиз аз рӯи мансубияти қавмӣ, забонӣ ва мазҳабию маҳал роҳ дод.

"Таъйинот ва пешрафти хидматӣ бояд бар асоси шоистагӣ ва росткорию сидқ сурат бигирад", - таъкид намуд роҳбари толибҳо ва афзуд, ки бояд фазои бародарию эътимод эҷод шавад.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Афғонистон мегӯянд, қаблан низ чунин як дастуроти Охундзода нашр шуда буд, аммо дар амал таъсираш мушоҳида нагардид.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Вазири хориҷаи Эрон: Шиносоии толибон вобаста ба ташкили давлати фарогир аст
Ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама қавму миллатҳо, фароҳам кардани озодиҳои занон ва таълими онон дар зумраи шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ назди ин гурӯҳ аст, ки то кунун иҷро нашудаанд.
Аммо то кунун бинобар иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи ин гурӯҳ ҳукумати он ба расмият шинохта нашудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ қаблан дар як ҳамоиш дар мавриди Афғонистон гуфт, то ҳол ташкили ҳукумати ҳамашумул бо ҳузури ҳамаи қавму гурӯҳҳои сиёсӣ аз сӯйи толибҳо амалӣ нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0