https://sputnik.tj/20220420/avtobus-qazoqiston-rusiya-1047798782.html
Хатсайри автобусҳо миёни Қазоқистон ва Русия аз сар гирифта мешавад
Хатсайри автобусҳо миёни Қазоқистон ва Русия аз сар гирифта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъияти саҳҳомии "Омскоблавтотранс" хидматрасонии хатсайрҳои байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистонро аз сар гирифт. Автобусҳо аз 22 апрел ба ҳаракат медароянд
2022-04-20T14:50+0500
2022-04-20T14:50+0500
2022-04-20T16:51+0500
нақлиёт
қазоқистон
дар русия
омск
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047797812_0:142:1348:900_1920x0_80_0_0_4278144c3a3f5540e2f607992e9ef276.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Ширкати нақлиётии "Омскоблавтотранс"-и Русия аз 22 апрел ба далели лағви маҳдудиятҳои убури марзи давлатии Қазоқистон дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия хидматрасонӣ дар як қатор хатсайрҳои байналмилалиро аз сар гирифт. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки ҳаракати автобусҳои байналмилалӣ дар хатсайрҳои Омск - Павлодар, Омск - Кокшетау ва Омск - Петропавловск аз сар гирифта мешавад. Роҳкиро аз шаҳри Омск то шаҳри Павлодар 1400 рубл хоҳад буд. Нархи роҳкиро аз шаҳри Омск то шаҳри Кокшетау 953 рубл хоҳад буд. Нархи роҳкиро аз шаҳри Омск то шаҳри Петропавловск 550 рубл қимат дорад. Оғози ҳаркати байналмилалиро президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва губернатори вилояти Омск Александр Бурков баррасӣ карданд.Сафорат гуфт, киҳо аз Тоҷикистон метавонанд аз роҳи заминӣ вориди Русия шавандБурков гуфт, ба парвозҳои мустақими Омск - НурСултон талабот зиёд аст, бинобар ин дар нақша аст, ки парвозҳои ҳаррӯза ташкил шаванд. Дар ҳоли ҳозир музокирот дар бораи парвозҳои мустақим ба Алмаато, Павлодар, Петропавловск, Чимкент ва Актау идома дорад.Ин дар ҳолест, Тоҷикистону Қазоқистон азм доранд, ки то тобистони соли равон теъдоди парвозҳои ҳавопаймо байни ду кишварро дар як ҳафта ба 6 адад расонанд.
https://sputnik.tj/20220420/tedod-parvoz-tojikiston-qazoqiston-afzoish-1047792732.html
қазоқистон
омск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047797812_74:0:1274:900_1920x0_80_0_0_94c13b49a45525b49b5017f675af8c78.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, қазоқистон, ҳаракати нақлиёт,
русия, қазоқистон, ҳаракати нақлиёт,
Хатсайри автобусҳо миёни Қазоқистон ва Русия аз сар гирифта мешавад
14:50 20.04.2022 (Навсозишуда: 16:51 20.04.2022) Ҷамъияти саҳҳомии "Омскоблавтотранс" хидматрасонии хатсайрҳои байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистонро аз сар гирифт. Автобусҳо аз 22 апрел ба ҳаракат медароянд
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Ширкати нақлиётии "Омскоблавтотранс"-и Русия аз 22 апрел ба далели лағви маҳдудиятҳои убури марзи давлатии Қазоқистон дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия хидматрасонӣ дар як қатор хатсайрҳои байналмилалиро аз сар гирифт.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳаракати автобусҳои байналмилалӣ дар хатсайрҳои Омск - Павлодар, Омск - Кокшетау ва Омск - Петропавловск аз сар гирифта мешавад.
Автобуси хатсайри Омск — Павлодар аз автовокзали Омск аз 22 апрел ҳар рӯз, соати 15.00 ба Қазоқистон меравад.
Роҳкиро аз шаҳри Омск то шаҳри Павлодар 1400 рубл хоҳад буд.
Автобуси хатсайри Омск — Кокшетау аз 23 апрел оғоз шуда, як рӯз баъд аз автовокзали Омск ҳаракат мекунад. Вақти оғоз сафар соати 12:00.
Нархи роҳкиро аз шаҳри Омск то шаҳри Кокшетау 953 рубл хоҳад буд.
Автобуси Омск — Петропавловск аз автовокзали Омск аз 22 апрел, ҳар рӯз, соати 08-05 ҳаракат мекунад.
Нархи роҳкиро аз шаҳри Омск то шаҳри Петропавловск 550 рубл қимат дорад.
Оғози ҳаркати байналмилалиро президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва губернатори вилояти Омск Александр Бурков баррасӣ карданд.
Бурков гуфт, ба парвозҳои мустақими Омск - НурСултон талабот зиёд аст, бинобар ин дар нақша аст, ки парвозҳои ҳаррӯза ташкил шаванд.
Дар ҳоли ҳозир музокирот дар бораи парвозҳои мустақим ба Алмаато, Павлодар, Петропавловск, Чимкент ва Актау идома дорад.
Ин дар ҳолест, Тоҷикистону Қазоқистон азм доранд, ки то тобистони соли равон теъдоди парвозҳои ҳавопаймо байни ду кишварро дар як ҳафта ба 6 адад расонанд.