https://sputnik.tj/20220419/peshnihod-rusiya-taslim-jangiyon-azovstal-1047772638.html
Пешниҳоди Русия барои таслими ҷангиён дар "Азовстал"
Пешниҳоди Русия барои таслими ҷангиён дар "Азовстал"
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Русия дигарбора ба ҷангиёни муҳосирашуда дар Мариупол пешниҳод кард, ки ихтиёран таслим шаванд ва тартиби онро тавзеҳ дод
2022-04-19T14:32+0500
2022-04-19T14:32+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
мариупол
мавқеъ
таслим
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/13/1047769250_0:159:3079:1890_1920x0_80_0_0_914d9a97f51d2753ca00ab2cc1f01491.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ба ҷангҷӯёни украинӣ ва зархаридони хориҷӣ, ки дар ҳудуди корхонаи "Азовстал"-и шаҳри Мариупол қарор доранд, пешниҳод шуд, ки то нисфирӯзии вақти Маскав таслим шаванд. Дар ин бора сардори Ситоди байниидоравии Русия дар масоили гуманитарӣ, генерал-полковник Михаил Мизинтсев хабар дод. Ба гуфтаи вай, далели пешниҳоди чунин созиш вазъияти фалокатборе мебошад, ки дар корхона ба вуҷуд омадааст. "Қувваҳои мусаллаҳи Русия бори дигар ба ҷангиёни воҳидҳои миллатгаро ва зархаридони хориҷӣ пешниҳод карданд, ки аз соати 12:00 -и 19 апрели соли 2022 бо вақти Маскав ҳама гуна амалиёти ҷангиро қатъ кунанд ва силоҳҳояшонро ба замин гузоранд", - гуфт ӯ. Мизинтсев инчунин шеваи таслимшавиро тавзеҳ дод, ки бар асоси он, аз соати 13:00 ба вақти Маскав барои табодули иттилоот миёни Русия ва Украина иртибот барқарор мешавад ва пас аз ним соат дар тамоми корхона низоми хомӯшӣ оғоз мешавад."Оғози воқеии режими оташбас аз ҷониби ҳар ду тараф бо баланд шудани парчами сурх аз ҷониби Русия ва сафед аз ҷониби Украина дар ҳудуди "Азовстал" нишон дода мешавад", - гуфт генерал-полковник. Пас аз тасдиқи омодагӣ ба ҷорӣ кардани низоми хомӯшӣ тамоми воҳидҳои Украина ҳамроҳ бо зархаридони хориҷӣ бояд бидуни силоҳу муҳимот берун шаванд. Вазорати дифои Русия мегӯяд, тамоми раванд ду соат - аз 14:00 то 16:00 ба вақти Маскавро дар бар мегирад. Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Вазорати мудофиаи Русия ба ҷангҷӯёне, ки дар корхонаи "Азовстал" мавқеъ гирифтаанд, пешниҳоди кард, таслим шаванд, аммо онҳо аз он ҷо берун нашуданд. Маврид ба зикр аст, ки воҳидҳои Русия ва нерӯҳои Донбасс рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нерӯҳои украинӣ тоза карда мешавад. Феълан тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шуда, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома доранд. Дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгароёни "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
https://sputnik.tj/20220417/rusiya-jangiyon-khorij-ukraina-1047721313.html
мариупол
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/13/1047769250_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_c4e81d25b2301ddf946fadcefd77f201.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, шева, таслим, ҷангиён, азовстал, шарҳ
русия, шева, таслим, ҷангиён, азовстал, шарҳ
Пешниҳоди Русия барои таслими ҷангиён дар "Азовстал"
14:32 19.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Вазорати мудофиаи Русия дигарбора ба ҷангиёни муҳосирашуда дар Мариупол пешниҳод кард, ки ихтиёран таслим шаванд ва тартиби онро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ба ҷангҷӯёни украинӣ ва зархаридони хориҷӣ, ки дар ҳудуди корхонаи "Азовстал"-и шаҳри Мариупол қарор доранд, пешниҳод шуд, ки то нисфирӯзии вақти Маскав таслим шаванд.
Дар ин бора сардори Ситоди байниидоравии Русия дар масоили гуманитарӣ, генерал-полковник Михаил Мизинтсев хабар дод.
Ба гуфтаи вай, далели пешниҳоди чунин созиш вазъияти фалокатборе мебошад, ки дар корхона ба вуҷуд омадааст.
"Қувваҳои мусаллаҳи Русия бори дигар ба ҷангиёни воҳидҳои миллатгаро ва зархаридони хориҷӣ пешниҳод карданд, ки аз соати 12:00 -и 19 апрели соли 2022 бо вақти Маскав ҳама гуна амалиёти ҷангиро қатъ кунанд ва силоҳҳояшонро ба замин гузоранд", - гуфт ӯ.
Мизинтсев инчунин шеваи таслимшавиро тавзеҳ дод, ки бар асоси он, аз соати 13:00 ба вақти Маскав барои табодули иттилоот миёни Русия ва Украина иртибот барқарор мешавад ва пас аз ним соат дар тамоми корхона низоми хомӯшӣ оғоз мешавад.
"Оғози воқеии режими оташбас аз ҷониби ҳар ду тараф бо баланд шудани парчами сурх аз ҷониби Русия ва сафед аз ҷониби Украина дар ҳудуди "Азовстал" нишон дода мешавад", - гуфт генерал-полковник.
Пас аз тасдиқи омодагӣ ба ҷорӣ кардани низоми хомӯшӣ тамоми воҳидҳои Украина ҳамроҳ бо зархаридони хориҷӣ бояд бидуни силоҳу муҳимот берун шаванд.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, тамоми раванд ду соат - аз 14:00 то 16:00 ба вақти Маскавро дар бар мегирад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Вазорати мудофиаи Русия ба ҷангҷӯёне, ки дар корхонаи "Азовстал" мавқеъ гирифтаанд, пешниҳоди кард, таслим шаванд, аммо онҳо аз он ҷо берун нашуданд.
Маврид ба зикр аст, ки воҳидҳои Русия ва нерӯҳои Донбасс рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нерӯҳои украинӣ тоза карда мешавад.
Феълан тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шуда, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома доранд. Дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгароёни "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.